Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: ҳамаи гумонбарон дар парвандаи "табаддулот" аз ҳукм шикоят бурдаанд


Дар акс: Рухшона Ҳакимова, Ҳамрохон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшо Комилзода, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов ва Абдулфайз Атоӣ
Дар акс: Рухшона Ҳакимова, Ҳамрохон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Аҳмадшо Комилзода, Акбаршо Искандаров, Шокирҷон Ҳакимов ва Абдулфайз Атоӣ

Ҳамаи чеҳраҳои шинохта, ки бо иттиҳоми қасди табаддулот ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд, аз ҳукми додгоҳ ба зинаи касатсионӣ шикоят бурдаанд. Дар ин бора як манбаи муътамад аз Додгоҳи олӣ 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Пайвандони дастикам се нафар аз маҳкумшудаҳо ҳам тасдиқ карданд, ки аз ҳукм норозигӣ кардаанд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, даъвои чеҳраҳои шинохта аз қарори зинаи аввали додгоҳ, баъд аз 13-уми феврал ба зинаи касатсионии Додгоҳи олӣ супорида шудааст.

"Як қисм маҳкумшудаҳо ҳафтаи гузашта ва чанд нафари дигар 17-уми феврал шикояти худро ба Додгоҳи олӣ супориданд,"-гуфт, хешованди яке аз чеҳраҳои шинохта.

Вакили дифои рӯзноманигор ва модари ду кӯдаки хурдсол Рухшона Ҳакимова 18-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз болои қарори 8 сол ҳабси ин хабарнигор ба зинаи касатсионӣ шикоят бурдааст. Хабаргузории "Азия-Плюс" ҳам 18-уми феврал аз даъвои Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ хабар дода буд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал нуҳ нафарро бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “қасди табаддулот” аз 8 то 27 сол ба зиндон маҳкум кард.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ 27 солӣ, Ҷамшед Боев, сарҳанги пешини амният 21 сол, Аҳмадшо Комилзода, собиқ муовини раиси Ҳизби демократ 19 сол, Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ 18 солӣ, Абдулфайз Атоӣ, собиқ сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ 17 сол, Нурамин Ғанизода, сарҳанги пешини амният 18 сол ва рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова ба 8 сол зиндон маҳкум шудаанд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ иттиҳоми қасди табаддулоти давлатиро рад карда буданд.

Парвандаи кӯшиши табаддулот ва ғасби қудрат дар Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 бо боздошти раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Онҳо ба кӯшиши бо зӯр гирифтани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, қаллобӣ ва хиёнат ба давлат гунаҳкор шуданд. Ҳарчанд худашон аз оғоз иттиҳомро рад карда буданд.

Мурофиаи ин афрод паси дарҳои баста ва бидуни ҳузури пайвандони гумонбарон баргузор шуд. Бо вуҷуди вокунишҳои зиёд, намояндагони Додситонии кул ва ҳам Додгоҳи олӣ нагуфтанд, ки чеҳраҳои шинохта бо кадом далелҳо гунаҳкор дониста шуданд. Мақомот мегӯянд, ин парванда муҳри махфӣ дорад ва фош кардани ҷузъиёти он мумкин нест. Аммо ошкор нашудани ҷузъиёти парванда ва паси дарҳои баста гузаштани мурофиаи гумонзадҳои "табаддулот" шубҳаву гумонҳоро дар бораи дурустии иддаои мақомот ба вуҷуд овардааст.

Баъзе аз таҳлилгароне, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳанӯз моҳи декабри 2024 бо онҳо суҳбат карда буд, ин равандро талоши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои “тоза кардани роҳи писараш Рустами Эмомалӣ аз мунтақидон” дониста буданд.

XS
SM
MD
LG