Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон фасодзада нест." Вокуниши Душанбе ба як арзёбии байнулмилалӣ


Оҷонси мубориза бо фасод бо арзёбии Шаффофияти Байнулмилал ё Transparency International, ки дар радабандии охири худ аз миёни 180 кишвар Тоҷикистонро дар зинаи 164-ум қарор дод, розӣ набудааст.

Нигора Муқимӣ, сардори Раёсати муқовимат бо коррупсия дар ин Оҷонсӣ, рӯзи 14-уми феврал гуфт, “ин ба он маъно нест, ки Тоҷикистон фасодзада бошад. Худи ташкилоти Transparency International қайд кардааст, ки давлатҳо аз нигоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг ва урфу одатҳо таҳлил карда мешаванд.”

Ба назари Муқимӣ, созмони Шаффофияти Байнулмилал дар бораи Тоҷикистон маълумоти кам дорад, бино бар ин, арзёбиҳояш қобили эътироф нест.

Нигора Муқимӣ
Нигора Муқимӣ

“Аз Қирғизистон 7 манбаъ, Узбекистон ва Қазоқистон 9 манбаъ таҳлил карда шудааст, аммо Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон аз се манбаъ маълумот гирифтаанд. Яъне манбаъҳо низ таъсир мерасонанд. Агар манбаъ нест, маълумот камтар аст,” - шарҳ дод Нигора Муқимӣ.

Шаффофияти Байнулмилал дар кишварҳо аз ташкилот ё созмоне маълумот дастрас мекунанд ва чунин манбаъ аз Тоҷикистон кам будааст.

Дар пайи вокуниш ба арзёбии Шаффофияти Байнулмилал, хабарнигорон аз намояндагони Оҷонсӣ пурсиданд, ки сатҳи фасод дар кишвар дар кадом зина аст, вале посухи дақиқ нагирифтанд. Мақомот гуфтанд, барои фаҳмидани афкори ҷомеа моҳи декабри соли 2024 пурсишеро сар кардаанд, ки эҳтимол дар моҳи апрели имсол анҷом ёбад. Ин пурсиш, ба гуфтаи онҳо, 10 ҳазор касро дар бар хоҳад гирифт.

Ҷомеашинос Музаффар Олимов мегӯяд, пурсишҳои сотсиологӣ вақте метавонанд вазъро маълум кунад, ки қишрҳои гуногуни ҷомеаро фаро гиранд.

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

“Он чизе, ки имрӯз хондам, ба назарам, мисли солҳои пештара қариб тағйироте нест. Фақат баъзе ташкилоти давлатӣ гуфтаанд, ки сатҳи фасод гуё то як андоза кам ва ё андаке зиёд шудааст. Ҳар сол пурсиш мегузаронанд. Ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки вазъ ба таври куллӣ тағйир наёфтааст,” - шарҳ дод Музаффар Олимов.

Вуҷуди фасод дар идораҳои Тоҷикистон дар гузашта борҳо мавриди танқид қарор гирифтааст. Дар Оҷонси коррупсия гуфтанд, барои баланд бардоштани мавқеи кишвар дар радабандиҳое мисли Шаффофияти Байнулмилал талош хоҳанд кард.

Тибқи иттилои расмӣ, ин Оҷонсӣ дар соли 2024 бештар аз 2 ҳазор ҷинояти коррупсиониро ошкор намудааст. Зарари расида бештар аз 420 миллион сомонӣ гуфта шуд.

Оё ришвахориву фасод дар Тоҷикистон кам шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

XS
SM
MD
LG