Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 моҳи ноябр бо ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Абдулмаҷид Кудиев, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии озод дар вазнҳои ғайриолимпӣ, ки рӯзҳои 29-31-уми октябр дар шаҳри Тиранаи Албания доир гардид, медали биринҷӣ ба даст овард.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар як маросими пуршукӯҳ, ки 29-уми октябр дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул доир шуд, беҳтаринҳои мавсими соли 2024-ро бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд.
Дастаи мунтахаби ҷавонзанони то 20-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар бозии дуюми дӯстона бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Родри, нимҳимоятгари 28-солаи бошгоҳи “Манчестер Сити”-и Англия ва тими миллии Испания, ҷоизаи нашрияи фаронсавии France Football “Беҳтарин футболбози ҷаҳон”-ро ба даст овард.
16 дастае, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни тимҳои мунтахаби футболи наврасони то 17-сола иштирок мекунанд, муайян гардид.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон-собиқадорон, ки рӯзҳои 25-27-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, 41 медал (11 тилло, 10 нуқра ва 20 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонзанони то 20-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар бозии дӯстона бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, бар ҳамсолони худ аз Умон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфт.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар бозии дуюмаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 тими Сингапурро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни навҷавонони 17-18-сола, ки 23-юми октябр дар шаҳри Будваи Черногория оғоз ёфт, иштирок доранд.
Ёфтҳои бештар