Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзӣ ва шикасти муштзанҳои ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни навҷавонони 17-18-сола, ки 23-юми октябр дар шаҳри Будваи Черногория оғоз ёфт, иштирок доранд.

Ин мусобиқаи ҷаҳонӣ бо иштироки 660 муштзани ҷавон аз 88 кишвар то рӯзи 3-юми ноябр идома хоҳад кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон нӯҳ варзишгар - Муинхуҷа Муъминов (-48 кг), Меҳроҷ Суфиҷонов (-51 кг), Анӯшервон Фозилов (-54 кг), Шодмеҳр Давлатов (-57 кг), Дамир Мубайлихонов (-60 кг), Руслан Ғафуров (-63,5 кг), Муҳаммадсултон Султонов (-67 кг), Баҳромбек Ҳотамов (-71 кг), Зиёратшо Қосимов (-75 кг) – дохиланд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа се муштзани тоҷик ба рақобат пардохтанд. Меҳроҷ Суфиҷонов дар вазни то 51 кило дар даври аввал намояндаи Албания - Хихи Стивенро мағлуб карда, ба даври дуюм баромад.

Муҳаммадсултон Султонов дар вазни то 67 кило дар даври аввал ба рақибаш аз Австралия - Аден Недановский пирӯз шуд. Вале Зиёратшоҳ Қосимов (-75 кг) дар даври аввал аз Андрей Матскевич, намояндаи Булғористон, шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа Тоҷикистонро ду нафар муаррифӣ карданд. Анӯшервон Фозилов (-51 кг) дар даври аввал бар Моҳитли Реабетсое зафар ёфта, ба даври дуюм баромад. Аммо Муинхуҷа Муъминов (-48 кг) дар даври аввал аз муштзани Испания - Исмоил Мағраоуи ноком шуд.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа Меҳроҷ Суфиҷонов (-51 кг) дар даври дуюм бар намояндаи Венесуэла - Солорзано Асеведо ғолиб омада, ба даври сеюм роҳ ёфт. Муҳаммадсултон Султонов (-67 кг) дар даври дуюм Валдовинос Вейлери парагвайиро шикаст дода, ба даври сеюм роҳ пайдо кард. Руслан Ғафуров (-63,5 кг) дар даври аввал намояндаи Қазоқистон - Ахмет Уссенро мағлуб намуда, ба даври дуюм баромад.

Муштзанҳои ҷавони тоҷикро ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон мураббиҳо Владимир Луйс, Эмомалӣ Малаев, Файзулло Алиев ва Носир Азимов омода кардаанд. Инчунин дар ин мусобиқа Акмалҷон Амирзода аз Тоҷикистон ба ҳайси довар ширкат дорад.

XS
SM
MD
LG