Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳои футболи Осиё дар соли 2024 эълон шуданд


Акрам Афиф
Акрам Афиф

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар як маросими пуршукӯҳ, ки 29-уми октябр дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул  доир шуд, беҳтаринҳои мавсими соли 2024-ро бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд.

Ба иттилои сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё, дар маросими супурдани ҷоизаҳо (AFC Annual Awards 2024) мавсими имсолаи футбол натиҷагирӣ ва лауреатҳои соли 2024 эълон шуданд. Дар ин маросими ботантана ба ғолибони номинатсияҳо ҷоизаҳо тақдим гардид.

Ҷоизаи асосӣ барои унвони "Беҳтарин футболбози сол” ба бозигари бошгоҳи футболи «Ал-Садд» ва мунтахаби Қатар Акрам Афиф супурда шуд. Дар ибтидои сол Афиф дар ҳайати тими миллии Қатар дар Ҷоми Осиё ғолиб шуда, беҳтарин нишонзани мусобиқот гардид.

Вай дар ҳафт бозии Ҷоми Осиё ҳашт гол зада, се паси головар дод, инчунин Афиф дар ҳашт бозии мусобиҳоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 се гол ба самар расонд. Ҳамчунин ӯ дар ин мавсим дар ҳашт бозии қаҳрамонии Қатар се гол ва дар се бозии Лигаи қаҳрамонҳои AFC ду гол задааст.

Дар номинатсияи «Беҳтарин футболбози Осиё» Афиф аз Сон Юн У (Кореяи Ҷанубӣ) ва Яздан ан-Наймат (Урдун) пеш гузашт.

Кико Сейке аз Ҷопон беҳтарин футболбози Осиё миёни занон дар соли 2024 эътироф шуд. Саид Аҳмад Аббосӣ аз Эрон барандаи ҷоизаи «Беҳтарин футзалбози сол» гардид. Аббосбек Файзуллоев аз Узбекистон беҳтарин футболбози сол миёни ҷавонон ва Чэ Ун Ён аз Кореяи Шимолӣ беҳтарин футболбози сол миёни духтарон дониста шуданд.

Го Оива, сармураббии дастаи мунтахаби Ҷопон (U-23), бо ҷоизаи “Беҳтарин мураббии сол» миёни мардон ва Пак Ён Ҷон аз Ҷумҳурии Корея бо ҷоизаи «Беҳтарин мураббии сол миёни занон» сарфароз гаштанд.

Ғолибони ҳамаи номинатсияҳо:

- CAFA — «Беҳтарин Ассотсиатсияи минтақавии футболи сол»;

- «Беҳтарин мураббии сол дар футболи занона» — Пак Ён Ҷон (Ҷумҳурии Корея);

- «Беҳтарин мураббии сол» — Го Оива (сармураббии мунтахаби Ҷопон (U-23);

- «Беҳтарин футзалбози сол» — Саид Аҳмад Аббосӣ (Эрон);

- «Беҳтарин футболбоззани байналмилалии сол» — Элли Карпентер (Австралия);

- «Беҳтарин футболбози байналмилалии сол»— Сон Ҳин Мин (Ҷумҳурии Корея);

- «Беҳтарин футболбоззани ҷавони сол» — Чэ Ун Ён (Кореяи Шимолӣ);

- «Беҳтарин футболбози ҷавони сол»— Аббосбек Файзуллоев (Узбекистон);

- «Беҳтарин футболбоззани сол» — Кико Сейке (Ҷопон);

- «Беҳтарин футболбози сол» — Акрам Афиф (Қатар).

XS
SM
MD
LG