Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон ва 15 дастаи дигар дар Ҷоми Осиё-2025 (U-17)


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

16 дастае, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни тимҳои мунтахаби футболи наврасони то 17-сола иштирок мекунанд, муайян гардид.

Бар асоси натиҷагирии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо - Кореяи Шимолӣ (“А”), Афғонистон (“В”), Кореяи Ҷанубӣ (С”), Тайланд (“D”), Узбекистон (“Е”), Ҷопон “F”), Австралия (“G”), Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (“H”), Яман (“I”) ва Тоҷикистон (“J”) - ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфтанд.

Инчунин панҷ тими нишондодҳояшон беҳтари ҷойҳои дуюм-- Чин, Ветнам, Индонезия, Эрон ва Уммон - ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мушарраф шуданд. Тими мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ бошад, ба ҳайси мизбон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 ширкат меварзад.

Қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола рӯзи 23-юми январи соли оянда дар Арабистони Саудӣ доир мегардад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 тими Гуамро бо ҳисоби рекордии 33:0, дастаи мизбон - Сингапурро бо ҳисоби 3:1 ва мунтахаби Умонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, дар гурӯҳи «J» бо 9 имтиёз ғолиб шуд ва ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасони то 17-сола, ки аз 3-юм то 20-уми апрели соли оянда дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, роҳхат гирифт.

Мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17):

Гурӯҳи «J»

Даври якум

Тоҷикистон – Гуам – 33:0

23-юми октябр. Сингапур. Варзишгоҳи «Бишан». 82 тамошобин.

Умон – Сингапур – 5:0

Даври дуюм

Гуам – Умон – 0:18

Сингапур Тоҷикистон – 1:3

Голҳо: Ҳайдаршо Худойдодов, 5 (0:1). Назрулло Ашурализода, 62 (0:2). Шафрел Ариел, 82 (1:2). Назрулло Ашурализода, 86 (1:3).

25-уми октябр. Сингапур. Варзишгоҳи «Бишан». 650 тамошобин.

Даври сеюм

Тоҷикистон – Умон – 2:0

Голҳо: Муҳаммад Назриев, 71 (1:0), Муҳаммад Назриев, 81 (2:0).

27-уми октябр. Сингапур. Варзишгоҳи «Бишан». 150 тамошобин.

Сингапур – Гуам – 14:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «J»:

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

3

3

0

0

38-1

9

2

Умон

3

2

0

1

23-2

6

3

Сингапур

3

1

0

2

15-8

3

4

Гуам

3

0

0

3

0-65

0

XS
SM
MD
LG