Дастаи футзали «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми бози Аврупо», ки аз 21-ум то 24-уми ноябр дар шаҳри Химкии Русия доир гардид, мақоми дуюмро касб намуд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври панҷуми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 бо тими «Шарҷа»-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рақобат мекунад.
Мавсими имсолаи футбол барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ду бозии дӯстона муқобили тимҳои миллии Непал ва Афғонистон ба поён расид.
Ясмин ал-Нимр, ягона духтар аз Осиёи Марказӣ аст, ки бори сеюм дар риштаи бадансозӣ ё бодибилдинги (WBPF) ҳирфаӣ қаҳрамони ҷаҳон шудааст.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона тими Непалро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Бозӣ шоми 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Нурулло Алиев, варзишгари тоҷик рақобати дуюми худро дар ташкилоти маъруфи UFC, санаи 11-уми январи соли оянда мегузаронад. Ин хабарро чанд сомонаи варзишӣ пахш карданд ва худи варзишгар ҳам дар саҳифаи Инстаграмаш инро тасдиқ кард.
Варзишгарони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷараён дорад, дар рӯзи аввали рақобатҳо – 8-уми ноябр - бе медал монданд.
Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW - United World Wrestling) се узви дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба даҳгонаи беҳтарин гуштигирони ҷаҳон дар вазнҳои худ шомил кард. Феҳристи нав дар вебсайти ин ташкилот нашр шудааст.
Бозии дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Непалро, ки 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, ҳайати ҳакамон аз Русия доварӣ мекунад.
Ситоди мураббиёни тими миллии футболи Тоҷикистон ҳайати мунтахаби кишварро барои бозиҳои дӯстона муқобили тимҳои миллии Непал ва Афғонистон, ки дар Душанбе баргузор мешаванд, эълон кард.
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар даври чаҳоруми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 аз тими «Трактор»-и Эрон бо ҳисоби бузурги 0:7 шикаст хӯрд.
Ёфтҳои бештар