Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби духтарони то 20-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон, ки 29-уми октябр дар шаҳри Ҷидда доир гардид, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро Нозия Абдуғаффорова дар замони ҷуброншуда (90+5) ба самар расонд.
Қаблан дар бозии аввали дӯстона дастаи мунтахаби ҷавонзанони то 20-солаи Тоҷикистон бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буд. Бозии аввал 25-уми октябр дар шаҳри Ҷидда баргузор шуд. Аз ҳайати дастаи Тоҷикистон голҳоро Марҷона Саидова ва Шукрона Устоева заданд.
Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона дар Ҷидда барои дастаи ҷавонзанони Тоҷикистон (U-20) як марҳилаи омодагӣ ба даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маҳсуб мешавад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занонаи то 20-сола аз 8-ум то 16-уми марти соли оянда доир мегардад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дертар муайян мегарданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Арабистони Саудӣ:
Дарвозабонҳо: Фараҳноз Холдорова («Ҳосилот»), Нозофарин Иброҳимова («Душанбе»);
Ҳимоятгарон: Ором Насруллоева («Бунҷикат»), Зарина Сафарзода, Улҷамол Элмуродова, Нозия Узоқова (ҳама аз «Бешкент»), Шарофат Ашурова («Варзоб»), Гулзира Султонова («Ситора»), Омина Қодирова («Душанбе»), Мафтуна Шанбиева, Таҳминаи Баҳром, Дилдора Имомалиева (ҳама аз «Панҷшер»);
Нимҳимоятгарон: Нозия Абдуғаффорова («Бешкент»), Марҷона Саидова, Манзура Қаюмова (ҳарду аз «Душанбе»), Фаришта Саидова («Вахш»), Шоҳсанам Ҳоҷиматова («Хуҷанд»), Хуршедахон Ҷураева («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Меҳрона Давлатова, Шукрона Устоева (ҳарду аз «Душанбе»), Чаросхон Нормуродова («Бешкент»), Уғулой Сатторова («Регар-ТадАЗ»).
Сармураббӣ – Юсуф Рабиев.