Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон, ки рӯзҳои 4-7-уми ноябр дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар даври чаҳоруми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 бо тими "Ал-Ваҳдат"-и шаҳри Уммони Урдун бозӣ мекунад.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон 48 имтиёз ба даст овардааст, барои рақибонаш дастнорас шуд ва пеш аз муҳлат ба унвони қаҳрамони кишвар даст ёфт.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 моҳи ноябр бо ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Абдулмаҷид Кудиев, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии озод дар вазнҳои ғайриолимпӣ, ки рӯзҳои 29-31-уми октябр дар шаҳри Тиранаи Албания доир гардид, медали биринҷӣ ба даст овард.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар як маросими пуршукӯҳ, ки 29-уми октябр дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул доир шуд, беҳтаринҳои мавсими соли 2024-ро бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд.
Дастаи мунтахаби ҷавонзанони то 20-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар бозии дуюми дӯстона бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Родри, нимҳимоятгари 28-солаи бошгоҳи “Манчестер Сити”-и Англия ва тими миллии Испания, ҷоизаи нашрияи фаронсавии France Football “Беҳтарин футболбози ҷаҳон”-ро ба даст овард.
16 дастае, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни тимҳои мунтахаби футболи наврасони то 17-сола иштирок мекунанд, муайян гардид.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни устодон-собиқадорон, ки рӯзҳои 25-27-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, 41 медал (11 тилло, 10 нуқра ва 20 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонзанони то 20-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев дар бозии дӯстона бар тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Ёфтҳои бештар