Маросими ифтитоҳи ин чорабинии бузурги варзишӣ бо ҳузури зиёда аз 8000 тамошобин дар Маркази байнулмилалии варзиш ва намоишгоҳи Ҳарбин доир гардид. Дар маросим меҳмонони олиқадр, аз ҷумла президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах, ширкат доштанд.
Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ дар Чин то рӯзи 14-уми феврал таҳти шиори "Орзуи зимистон, ишқ дар Осиё" баргузор шудааст. Ин боз як чорабинии бузурги байнулмилалии варзишии зимистона аст, ки Чин пас аз Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 баргузор мекунад.
Дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ зиёда аз 1200 варзишгар аз 34 кишвар аз рӯи 11 намуди варзиш барои 64 маҷмуи ҷоизаҳо мубориза мебаранд.
Ҷадвали мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои IX зимистонаи Осиёӣ:
Биатлон (11-13 феврал)
Лижаронии кӯҳӣ (8-9 феврал)
Кёрлинг (4-14 феврал)
Конкитозӣ (8-11 феврал)
Лижаронӣ, пойга (8-12 феврал)
Лижаронии озод (8-13 феврал)
Лижаронии кӯҳӣ (9-12 феврал)
Рақси рӯи ях (11-13 феврал)
Сноуборд (8-13 феврал)
Ҳоккей (3-14 феврал)
Шорт-трек (7-9 феврал)
Дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ Тоҷикистонро чаҳор варзишгар - Икромиддин Абдуллозода, Маҳмадраҷаб Холиқов, Саидашраф Эшонов ва Маъруфҷони Миралӣ - намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони тоҷик дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слалом ва слаломи бузург байни мардон ширкат меварзанд.
Бояд зикр намуд, шумораи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои IX зимистонаи осиёӣ дар Чин нисбат ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хеле кам аст. Ба ҳайати мунтахаби Қазоқистон 137 варзишгар дар 10 намуд, Қирғизистон – 53 варзишгар дар 5 намуд, Узбекистон – 26 варзишгар дар 6 намуд ва Туркманистон – 25 варзишгар дар се намуд дохиланд.
Дарвоқеъ, дар Тоҷикистон танҳо як намуд - лижаронии кӯҳӣ – роҳандозӣ шудааст, ки ба барномаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва Бозиҳои зимистонаи осиёӣ шомил аст.
Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ, ки моҳи феврали соли 2017 дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳирои
Ҷопон баргузор шуданд, беш аз 1200 варзишгар аз 29 кишвар ширкат дошт.
Тоҷикистонро чаҳор варзишгар – Баракатулло Зокиров, Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов - дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъҳои слалом ва слаломи бузург миёни мардон намояндагӣ карданд, аммо натавонистанд медал бигиранд.
Дар Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 74 медал, ки 27-тоаш нишони тило буд, ҷойи аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 50 медал, минҷумла 16 нишони тило, дар ҷойи дуюм ва Чин бо касби 35 медал, аз он ҷумла 12 нишони тило дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Гуфтугӯ