Изҳороти мазкур шоми 7-уми феврал аз номи сафири Канада дар САҲА Вероник Пепин-Ҳалле дар саҳифаи ҳукумати Бритониё нашр шуд ва дар матн таъкид гардид, ки ин даъватро кишварҳои Исландия, Лихтенштейн, Норвегия, Швейсария ва Бритониёи Кабир ҳам дастгирӣ мекунанд.
Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон рӯзи 4-уми феврал дар изҳороте гуфт, "набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон" боис шуд, ки ин созмон аз назорати интихоботи моҳи март худдорӣ кунад. Дар шарҳи ин тасмим САҲА гуфтааст, ҳарчанд ҳайати нозирон рӯзи 22-юми январ ба Тоҷикистон рафтанд, аммо натавонистаанд ба кори худ шурӯъ кунанд.
Хилоф бо мувофиқаҳои САҲА
Дар матни изҳороти шоми ҷумъа гуфта мешавад, ки мақомот дар Тоҷикистон хилоф бо мувофиқаҳои соли 1999-и кишварҳои ширкатдори ODIHR, “нозирони интихоботии САҲА/ODIHR-ро дар фурсати дурусти замонӣ ба қайд нагирифтанд ва ҳам ба онҳо замонат надоданд, ки чунин хоҳанд кард”. Дар натиҷа, ҳайати нозирон ҳузурашро бекор кард ва “мардуми Тоҷикистон аз имкони дастёбӣ ба арзёбиҳои бетараф ва мустақили натиҷаҳои интихобот бенасиб монданд”.
Муаллифони изҳорот аз Тоҷикистон даъват кардаанд, ки “бар пояи машваратҳои қаблӣ бо ODIHR ва ҳам барои иҷрои рисолатҳои ин созмон дар амри мутобиқат ба ӯҳдадориҳои САҲА ба хотири тақвияти демократия ва ҳуқуқи башар, аз ҷумла интихоботи озоду одилона ва воқеӣ ҳамкории созанда барпо кунанд”.
Қарори худдорӣ кардани нозирон аз назорати интихоботи Тоҷикистон дар таърихи истиқлолияти ин ҷумҳурӣ бори аввал қабул мешавад. ODIHR ҳамаи ҳашт интихоботи Тоҷикистонро дар давоми сӣ сол ба унвони нозир мушоҳида карда гуфтааст, ҳеҷ яке аз ин маъракаҳо мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ нагузаштааст.
Мақомот: 68 номзад ба қайд гирифта шуд
Феълан маълум нест вокуниши мақомот дар Тоҷикистон чӣ хоҳад буд, вале рӯзи 7 феврал Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ба хабаргузории расмии “Ховар” гуфт, Комиссияи марказӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз “Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ”-ро ба қайд гирифтааст.
Нозирон аз ин созмонҳои шарики Тоҷикистон ба фарқ аз САҲА, бо арзёбиҳои ситоишкоронаашон дар ҳақи интихоботҳо дар ин кишвар маъруф мебошанд.
Дар ҷаласаи дирӯзаи КМИРТ инчунин аз 70 номзад аз рӯйхатҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот 68 нафар ба қайд гирифта шудааст. Аз инҳо аксарият – 28 нафар – номзадҳои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ мебошанд. Инчунин, аз Ҳизби демократӣ - 3 номзад, Ҳизби Коммунистӣ - 5 номзад, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - 13 номзад, Ҳизби аграрӣ - 13 номзад ва Ҳизби сотсиалистӣ - 6 номзад ба қайд гирифта шудааст.
Барои нахустин бор дар таърихи интихоботҳои Тоҷикистон ин навбат ҳеҷ намояндае аз Ҳизби сотсиал-демократӣ, ки танҳо ҳизби мухолиф дониста мешуд, ба интихобот номзад пешбарӣ накардааст. Муовини аввали ин ҳизб Шокирҷон Ҳакимов, ки бо назарҳои мустақил ва интиқодиаш дар бораи таҳаввулоти Тоҷикистон маъруф аст, бо айбномаи баҳсбарангез ва шубҳаовари “талоши табаддулот” рӯзи 5 феврал ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Худи ӯ иттиҳомро бепояву асос номидааст.
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон қарор аст рӯзи 2-уми март баргузор шавад. Ҳоло аз 63 курсии парлумон аксарашро аъзои ҲХДТ дар ихтиёр доранд ва дигар ҳизбҳои узви Маҷлиси намояндагон - кишоварзӣ, коммунистӣ, сотсиалистӣ, демократӣ дар ҳама қарорҳо ҳамовози ҳукумат ва ҳизби ҳоким дониста мешаванд.
Гуфтугӯ