Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабаби бастани “Ҷумъабозор” дар минтақаи Кӯлобро шарҳ доданд


Бозори "Ҳулбук" дар ноҳияи Всоеъ, ки бо номи "Ҷумъабозор" маъруф аст
Бозори "Ҳулбук" дар ноҳияи Всоеъ, ки бо номи "Ҷумъабозор" маъруф аст

Мақомот сабаби баста шудани бозори “Ҳулбук”, яке аз калонтарин фурӯшгоҳҳои минтақаи Кӯлобро шарҳ доданд.

Ин бозор дар канори роҳи оҳан ва шоҳроҳи байнулмиллӣ ва ҳудуди ноҳияи Восеъ ҷойгир аст. Ин бозор ҳафтае як бор, рӯзҳои ҷумъа фаъол буд ва садҳо нафар аз навоҳии атроф барои хариду фурӯш ба он меомаданд. Аз ин рӯ, ин бозор бештар бо номи “Ҷумъабозор” маъруф аст.

Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ гуфт, “Ҳулбук” ба талаботи як бозор ҷавобгӯ набуд, аз ин рӯ, онро бастанд. Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳое, ки ин бозор фаъол буд, ҳаракат дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе мушкил мешуд. Ӯ тоза набудани бозорро ҳам як далели бастани он хонд.

“Мо муҳлат додем, ки ба талаботҳои санитарӣ, гигиенӣ ва экологӣ, талабот ба ҳуқуқӣ фурушанда, истеҳсолкунанда, истеъмолкунанда ҷавобгӯ бошад, лекин ҷавобгӯ нашуд. Ахир дар ҷаласаи раиси вилоят, ки дар Кӯлоб шуд, қатъиян супориш дод, ки бозорро манъ кунанд,”—гуфт раиси Восеъ.

Видеоро инҷо бинед:

Шаҳрдори Восеъ гуфт, ки чаро бозори Ҳулбукро бастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Ин бозор дар канори шоҳроҳи байналмилалӣ ҷойгир аст ва аз ноҳияи Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Восеъ, Кӯлоб ва Шамсиддин Шоҳин тоҷирону харидорон онҷо ҷамъ мешуданд. Дар миёни сокинон сару садо аст, ки раиси Восеъ бо ин роҳ мехоҳад, бозорро аз дасти соҳиби аслиаш бигирад. Ҷамшед Шарифзода ин фарзияро рад накард.

“Бигзор ба дигар кас дода шавад, ҳамон ҷоро обод кунад, тоза кунад, боз шавад, мо зид нестем, лекин имрӯз ба талабот ҷавобгӯ нест. На ба роҳ, на ба санитарӣ. Ба тартиб дарояд, ҳамакаса меравем, иҷозат медиҳем кор кунанд,”—гуфт раиси ноҳия.

Маҳмадкарим Мӯъминов, раиси бозори “Ҳулбук” гуфт, камбудиҳоро ислоҳ кардаанд ва ҳеч далеле барои бастани бозор нест. Ӯ гуфт, дастури баста шудани бозорро раиси вилояти Хатлон додааст.

“Раиси вилоят вақте меояд ва дар назди бозор дар тамбашавӣ мемонад, дастур медиҳад, ки бозор баста шавад. Дар бозор дигар камбудиҳо набуд, мо камбудиҳоро баъди эродҳо ислоҳ кардем. Ҳозир иҷозаи мақомотро нигоҳ дорем, то дубора дарҳои бозоро боз кунем, чун ягона бозорӣ арзон ва калонтарин дар минтақа аст,”—гуфт ӯ.

Дар ин бозор беш аз 400 тоҷир молу маҳсулоти худро ба харидорон пешкаш мекарданд. Сокинон минтақа ба ин бовар буданд, ки молу маҳсулот дар бозори “Ҳулбук” дар қиёс ба дигар бозорҳо арзонтар буд.

Дар се соли ахир ин бозор бори сеюм аст, ки баста мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG