“Айни ҳол, бо мақсади ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони ин иншооти муҳим ҳамкориҳо бо ҳукумати Итолиё, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ, Фонди Рушди Абудабӣ, Бонки Осиёии Рушд ва созмонҳои дигари молӣ идома доранд” - изҳор дошт Қаҳҳорзода.
Вазири молияи Тоҷикистон дақиқ нагуфт, ки барои пурра ба истифода додани “Роғун” чӣ қадар маблағ лозим аст. Танҳо изҳор дошт, ки барои сохтмони нерӯгоҳ имсол аз ҳисоби маблағҳои грантиву қарзӣ 811,7 миллион доллар (461,7 миллион маблағҳои қарзӣ ва 350 миллион маблағҳои грантӣ) пешбинӣ шудааст.
“Албатта, масъалаи харҷи асосии иншоотҳои азимро, то анҷом наёбад, мо ҳозир гуфта наметавонем, ки харҷи умумияш чӣ қадар мешавад. Шумо ҳаминро ба инобат гиред, ки ҳамасола арзиши доллар фарқиятҳои гуногун дошт ва ин иншоот иншооти хосест, ки дар кӯҳсор бунёд мешавад. Яъне, сохтмони он дар қалби кӯҳ ҷараён дорад ва баҳодиҳӣ кори осон нест”, - Қаҳҳорзода.
Иқтисоддон Камолиддин Сироҷиддинов мегӯяд, Бонки Ҷаҳонӣ бо созмонҳои дигари молӣ арзиши умумии сохтмони Роғунро муайян кардаанд. Сироҷиддинов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, харҷи умумии сохтмони “Роғун” 6,29 миллиард доллар ҳисоб шудааст.
“Аз ин 6,29 млрд 20 дарсад харҷҳои ғайричашмдошт мебошад, ки ба ягон қарордод ворид нашудааст. Он ҳамчун пули захира ҳисоб шудааст. Ҳамчунин, агар иштибоҳ накунам, 17,8 дарсади дигар барои гарон шудани нархҳо илова карда шудааст. Яъне, аллакай 40 дарсад дохил карда шудааст. Агар сохтмон то соли 2035-36-ум ҳам идома ёбад, дигар пули иловагӣ лозим намешавад. Ҳамин пулҳо мерасанд» - илова кард ҳамсӯҳбати мо.
Ҳукумати Тоҷикистон то ин вақт барои нерӯгоҳи “Роғун”, ки онро масъалаи “ҳаёту мамот” меномад, аз буҷаи кишвар садҳо миллионҳо доллар ҷудо кардааст. Моҳи июни соли гузашта Бонки Исломии Рушд барномаи ҷудо кардани 150 миллион долларро барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” тасдиқ кард. Тоҷикистон ҳамчунин соли 2017 барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба ним миллиард доллар “евробонд” фурӯхт. Ба мӯҳлати даҳ сол ва бо баҳраи солонаи беш аз 7-дарсадӣ.
Арзиши сохтмони ин нерӯгоҳ давоми 16 соли охир ду баробар зиёд шудааст. Соли 2008 ҳукумати Тоҷикистон арзиши сохтмони “Роғун”-ро 3 миллиард доллар гуфта буд.
Мақомот "беқурбшавии пул ва болоравии нархи маҳсулот"-ро сабаби гароншавии тарҳ мегӯянд, вале мухолифони сиёсии онҳо афзоиши хароҷотро ба фасоди молӣ ва набуди шаффофият дар харҷи сармояҳо бастагӣ медиҳанд. То ҳол ду чархаи неругоҳ фаъол шуда, ба гуфтаи мақомот, чархаи сеюм имсол ба кор андохта мешавад.
Гуфтугӯ