Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп аз Украина хост, миллиардҳое, ки ИМА додааст, пас гардонад


Доналд Трамп, президенти ИМА
Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 22-юми феврал гуфт, аз Украина мехоҳад, миллиардҳо долларе, ки аз Амрико барои ҳифзи ин кишвар аз таҷовузи Русия ба даст овардааст, пас гардонад.

Ӯ ин ҳарфҳоро дар ҳамоиши амалии сиёсии муҳофизакорон (CPAC) дар Вашингтон баён дошт.

“Мехоҳам, ки онҳо бар ивази маблағҳое, ки мо додем, ба мо чизе бидиҳанд. Мо металҳои нодир ва нафт хостем, чизе, ки имкони ба даст оварданаш ҳаст,”—гуфт Трамп дар ин ҳамоиш.

Ӯ таъкид кард, ки барои баргардонидани пули Амрико талош мекунад.

Президенти ИМА ин ҳарфҳоро дар ҳоле гуфт, ки Вашингтон ва Киев дар мавриди созишномаи коркарди захираҳои минералии Украина, ки дар сохтани аккумулиятор барои мошинҳои электронӣ кор меоянд, гуфтугӯ дорад.

Кит Келлог, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Украина ва Русия ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо Владимир Зеленский гуфт, имзои ин созишнома “хеле муҳим аст”. Келлог Зеленскийро барои нишон додани “мардонагӣ” тавсиф кард.

Трамп дар ин ҳамоиш гуфт, ки шояд ба зудӣ дар ин маврид бо Украина созишнома имзо кунанд.

"Мо маблағҳои худро бармегардонем, чун ин ноодилона аст. Мебинем, вале фикр дорам, ки мо ба бастани созишнома наздик шудаем,”—гуфт ӯ.

Пешниҳоди созиш барои ба даст овардани захираҳои табииӣ Украина, ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ба хотири ҷуброни маблағҳои сарфшудаи ИМА ҳаст.

Хабаргузориҳо хабар доданд, ки Зеленский аз имзои тарҳи аввали ин созишнома даст кашидааст, вале бо тарҳи такмилшудаи нав ҷиддӣ муносибат дорад.

Мақомоти украинӣ мегӯянд, дар ин тарҳ Амрико бар иваз ба Украина ваъдаи кафолати амниятӣ надодааст, аз ин рӯ, онро ба нафъи ин кишвар намедонанд.

Руслан Стефанчук, раиси порлумони Украина ба расонаҳо гуфтааст, ки баррасии ин тарҳ аз рӯзи 24-уми феврал оғоз мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Украина бо ин шарт, ки Амрико барояш кафолати амниятӣ диҳад, онро имзо мекунанд.

Суҳбати Трамп бо Путин ва оғози гуфтугӯи мақомоти рус ва амрикоӣ кишварҳои аврупоӣ ва Украинаро нигарон кардааст, ки ИМА тарҳҳоеро пиёда хоҳад кард, ки бар зиёни онҳо хоҳад буд.

Доналд Трамп пас аз суҳбати телефониаш бо Владимир Путин борҳо Зеленсикйро танқид кард ва ӯро “диктатор” номид.

Ҷанги Русия бо Украина, ки рӯзи 24-уми феврал аз он се сол пур мешавад, ба марҳилаи ҳассосе расидааст. Украина ба оҳистагӣ ақибнишинӣ дорад ва Русия минтақаҳои бештаре аз ин кишварро ишғол мекунад.

Се соли пеш Русия бе далел ба хоки Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор нафар аз ду тараф кушта ва миллионҳо украинӣ овора шуданд. Аксари кишварҳои дунё ҳамлаи Русия ба хоки Украинаро маҳкум ва зидди Русия таҳрим ҷорӣ карданд. Амрико ҳам аз ҷумлаи пуштибонҳои Украина буд, вале бо бозгашти Доналд Трамп ба қудрат зоҳиран Вашинтон дигар ба Киев кумак карданӣ нест.

Бо вуҷуди сару садо атрофи созиши сулҳ дар Украина маълум нест, ки ҷанг кай ба поён мерасад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG