Ин хабарро шоми 24 январ раёсати Кумитаи тафтишот дар вилояти Маскав нашр кард.
Маълум нест назари худи Самадова ё ҳамсараш Рамазон Раҳимов, ки шаҳрванди Русия буда, се духтар ва чор писарро бузург мекунанд, ба ин боздошт чӣ аст ва то куҷо ин модари серфарзанд бо вакили дифоъ таъмин шудааст.
Талоши Радиои Озодӣ барои фаҳмидани назари сафорати Тоҷикистон дар Маскав бенатиҷа буд. Субҳи шанбе, 25-уми январ ба ҳеҷ як аз се шумораи телефони сафоратхона касе ҷавоб намедод.
Гузоришҳои матбуотӣ аз афзоиши мавридҳои таъкид ба миллият, боздоштҳои худсарона ва дарозмуддат, озору азият бар асоси инсонбадбинӣ ва хушунати ҳам инфиродӣ ва ҳам дар сатҳи мақомоти давлатӣ (Дар Русия) хабар медиҳанд. Мақомот нашри ақоиди зиддимуҳоҷиронро афзоиш доданд (Дидбони ҳуқуқи башар)
Дар изҳороти Кумитаи тафтишоти Русия омадааст, ки Самадоваро бо гумони қаллобӣ барои гирифтани кӯмакпулии калон (қ. 4 мод. 159.2 Кодекси ҷиноии Русия) раёсати таҳқиқи парвандаҳои махсусан муҳими ин ниҳод дар вилояти Маскав дастгир кардааст.
“Тафтишот маълум кард, ки гумонбар қонунгузории ҷориро вайрон карда ба маъмурияти шаҳри Митиши дар бораи даромади ҳамсараш маълумоти нодуруст пешкаш кардааст, чун махсус даромади ӯро чандин маротиба камтар нишон додааст. Инчунин ӯ дар бораи дар як хона зиндагӣ кардани 13 нафар маълумот пешкаш кардааст. Дар ин рӯйхат инчунин бародар ва ду фарзанди ноболиғи ӯ сабтином шудаанд, дар ҳоле, ки онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд”, омадааст дар изҳороти матбуотии Кумитаи тафтишоти Митиши.
Дар идома гуфта шудааст, ки “фаъолиятҳои ғайриқонунии гумонбар сабаби он шуд, ки барояш ба хотири гирифтани пули кӯмак дар харидани хона ҳамчун дорандаи мақоми оилаи серфарзанд ва ниёзманд 24 миллион рубл дода шуд ва ин пул бояд барои харидан ё сохтани хонае дар қаламрави вилояти Маскав масраф мешуд”.
Дар идома Кумитаи тафтишоти Митиши хабар додааст, ки дар паи кофтукоб дар хонаи Самадова гӯё “телефонҳои гарон бо нархи 140 ва 120 ҳазор рубл ошкор шуд, ки оилаи ниёзманд будани онҳоро зери суол мебарад”. Тафтиш даромади ҳамсари ӯ Рамазон Раҳимов ва ҳам қонунмандии қарори қабулкардаи маъмурияти шаҳри Митиширо ҳам мавриди санҷиш қарор хоҳад дод, омадааст дар изҳороти матбуотӣ.
Шодии хонавода дер напоид
Моҷаро 13 январ, якбора баъди нашри хабари хушҳолкунандаи раиси шаҳри Митиши Юлия Купетская сар зад. Ӯ дар изҳороташ дар шабакаи Телеграм тақдими хона ба оилаи Самадоваро як хурсандии солинавӣ номид ва гуфт, ки бар асоси Барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд дар вилояти Маскав, Самадова ва Раҳимов бо “шаҳодатномаи давлатии хариди манзил” қадрдонӣ мешаванд. Мувофиқи талаботи ин барнома, оилаи серфарзанд бояд 7 ё бештар аз он кӯдак дошта дар қаламрави вилояти Маскав на камтар аз 5 сол зиндагӣ карда бошад.
Купетская Таҳмина Самадоваро ҳамчун як модари фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии мактабу кӯдакистон ва ҳам корманди ихтиёрии фондҳои хайрияи маҳаллӣ ситоиш карда навиштааст, ки ӯ маълумоти динӣ дорад. Инчунин аз нақши мусбати ҳамсараш дар тарбияи фарзандон ситоиш кардааст.
Вале ин хабар дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоии Русия мавриди вокунишҳои манфии тарафдорони ақидаҳои миллатгароёна ва ҳам ташкилоти нажодпарасти ин кишвар гардид. Барои аксари онҳо барандаи як ҷоизаи муҳим гардидани хонаводаи тоҷиктаборе нохушоянд ва мавриди суол буд, ҳарчанд матбуоти маҳалли маълум кард, ки ҳам Таҳмина Самадова ва ҳам ҳамсараш Рамазон Раҳимов шаҳрванди Русия буда, камаш 17 сол дар хоки ин кишвар зиндагӣ мекунанд.
Акси садои “Крокус”?
Дар ҳоле, ки маълум нест ҳамакнун Таҳмина Самадоваи боздоштшударо кӣ ҳимоят мекунад ва то куҷо ин парванда одилона ва бетарафона баррасӣ мешавад, бархе шореҳон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар доранд, ки ин хонавода ҳам ба истилоҳ қурбонии саркӯбҳои баъди “Крокус” гардидааст.
Баъди ҳамла ба толори консертӣ дар вилояти Маскав моҳи марти соли 2024, ки бо гумони ташкили он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд, бархӯрди мақомоти рус ва полису дигар ниҳодҳои интизомӣ ба тоҷику тоҷикистониҳо дар Русия боз ҳам бештар бераҳмона, саркӯбгарона ва табъйизомез гардидааст.
Аз ҷумла, гузориши солонаи созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, мегӯяд, дар Русия “баъди боздошти чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба унвони гумонбар дар ҳамла ба толори консертии моҳи марти соли 2024, муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва дигар нафароне, ки чеҳраи ғайриславянӣ доштаанд, мавриди таъйиз ва ҳамлаҳои афзоянда бар пояи миллияташон гардиданд. Гузоришҳои матбуотӣ аз афзоиши мавридҳои таъкид ба миллият, боздоштҳои худсарона ва дарозмуддат, озору азият бар асоси инсонбадбинӣ ва хушунати ҳам инфиродӣ ва ҳам дар сатҳи мақомоти давлатӣ хабар медиҳанд. Мақомот нашри ақоиди зиддимуҳоҷиронро афзоиш доданд”, гуфтааст созмони ҳомии ҳуқуқи инсон.
Дар вокуниш ба чунин ҳолат бархе ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон машварат медиҳанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадди аксар талош кунанд аз сафар ва зиндагӣ дар Русия худдорӣ кунанд.
Гуфтугӯ