Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Нерӯи нарм”-и Маскав дар Тоҷикистон заиф мешавад?


Донишҷӯе суханронии Си Ҷинпинро ёддошт мегирад. Акс аз як муассисаи таълимии Чин, соли 2019
Донишҷӯе суханронии Си Ҷинпинро ёддошт мегирад. Акс аз як муассисаи таълимии Чин, соли 2019

Низоми омӯзиши Русия муддатҳо боз абзори қавии нерӯи нарми Маскав дар Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Аммо  дар солҳои ахир ин арса бо пешниҳодҳои ҷаззоби кишварҳои дигар пур шудааст, дар ҳоле, ки мадраки таҳсилии русӣ ба далели инзивои фазоянда аз нуфузи гузашта бархурдор нест.

“Ман донишҷӯи Донишкадаи маъдани куҳии Тоҷикистонам ва ду сол аст, ки забони чинӣ меомӯзам. Барои давом додани таҳсилотам мехоҳам ба Чин равам”, - мегӯяд Рустам Назаров ба забони чинӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ.

Ӯ мисли даҳо донишҷӯи дигар аз Тоҷикистон ба умеди пайдо кардани шуғл бо даромади бештар дар ширкатҳои Чин, ки дар Тоҷикистон рӯ ба афзоишанд, забони чинӣ меомӯзад.

Чин дар ҷойи дуюм

Агар 25 сол қабл тақрибан 20 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Чин таҳсил мекарданд, ҳоло ин омор, тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, ба ҳазорҳо донишҷӯ расидааст, ки дар бештар аз сад донишгоҳи Чин машғули таҳсиланд. Ин ниҳоди давлатӣ мегӯяд талабот ба бурсияҳои Муассисаи Конфутсий бештар аст.

Бо вуҷуди ин, Русия масири аслии донишҷӯёни тоҷикистонӣ боқӣ мемонад. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, соли 2024 аз Тоҷикистон 41,2 ҳазор донишҷӯ дар хориҷа бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин теъдод 33 ҳазору 178 нафар дар Русия, 2,900 нафар дар Чин, 970 - дар Қазоқистон, 900 - дар Туркия ва ғайра таҳсил мекунанд. Дар ин феҳрист ҳамчунин кишварҳои пасошӯравӣ, Аврупои шарқӣ ва ғарбӣ ва Осиёи ҷанубу шарқӣ дохил мешаванд.

Чаро майли ҷавонони тоҷик ба омӯхтани забони чинӣ зиёд шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:17 0:00

Раванд тағйир меёбад?

Муслим Исломзода, номзади илмҳои таърих бар ин назар аст, ки бо идомаи раванди феълӣ, ки Русия ба далели таҳримҳо бештар аз ҷаҳони хориҷ мунзавӣ мешавад, мадраки таҳсилии Русия ҷаззобияти худро ҳатто барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ аз даст хоҳад дод.

«Ин масъала то ҳадде ба сатҳи амният дар Русия ва рушди эҳсосоти миллигароӣ дар ин кишвар рабт дорад. Илова бар ин, донишҷӯёне, ки таҳсилоти худро дар Русия ба поён расондаанд, имкони идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои ғарбиро аз даст додаанд, зеро аз соли 2022 ин кишварҳо тамоми равобити худро бо донишгоҳҳои Русия қатъ кардаанд. Инзиво ба таври куллӣ таъсири манфӣ бар илми Русия низ дорад, ки амалан аз дунёи пешрафта ҷудо шудааст», - мегӯяд Исломзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин шароит дар Тоҷикистон теъдоди намояндагиҳои марказҳои Конфутсий ва утоқҳои амрикоӣ бештар мешавад ва алоқа ба ёдгирии забонҳои хориҷӣ рушд кардааст, ки нишондиҳандаи тағйири вазъият бар зарари низоми омӯзиши русӣ аст.

Арзёбии дигар

Дар Русия табиатан ба чунин дидгоҳ бовар надоранд. Қаблан Андрей Патрушев, роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, ки маҳбубияти низоми омӯзишии Русия дар миёни довталабони тоҷик коҳиш наёфтааст. Дар соли 2025 Русия ба Тоҷикистон 1000 бурсияи таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишварро фароҳам кард.

Президенти Русия Владимир Путин дар дидор бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2024 гуфт, ки бештарин теъдоди бурсияҳои таҳсил ба Тоҷикистон ихтисос дода шуда ва Русия омода аст онҳоро афзоиш диҳад.

Дар ҳамин ҳол, моҳи феврали соли 2023 раиси ҷумҳури Русия пешниҳод кард, ки ин кишвар аз созишномаи таҳсил аз рӯи "Низоми Болоня" берун шавад. Як сол пеш аз он, вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фальков низ баёнияи мушобеҳ дода буд.

Суҳбат сари канор гузоштани низоми омӯзишии думарҳилаӣ дар донишгоҳҳо аст (4 соли бакалавриат ва 2 соли магистратура) ва бозгашт ба системаи тахассусӣ (омӯзиши 5-6 сола) аст. Гуфта мешавад, ин тағйир мустақиман бар имкони табодули донишҷӯён ва ба расмият шинохтани мадорики таҳсилӣ таъсир хоҳад гузошт. Дар Тоҷикистон мақомоти расмӣ то кунун ба ин тағйироти эҳтимолӣ вокуниш нишон надодаанд.

Ҳузури Чин пойдор аст?

Муҳаммадҷон Кабиров, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки ҳеч кишвари аз назари сатҳи таомул ва теъдоди парвозҳо ба Тоҷикистон наметавонад бо Русия рақобат кунад, ки ин худ баёнгари равобити густурда аст. Бо ин ҳол, ба гуфтаи ӯ, мушорикати сармоягузории Маскав дар Тоҷикистон ҳамчунон заиф боқӣ мондааст.

Ӯ мегӯяд: «Барои тақвияти қудрати нарм, илова бар тасаллут бар ҳавзаи иттилоот ва таомули фарҳангӣ ва омӯзишӣ, доштани ҳузури иқтисодии пойдор зарурӣ аст. Ба ин маънӣ, ки нерӯҳои инсонӣ тарбиятшуда тавассути Русия ҳадди аққал дар ҳадде дар ширкатҳои Русия воқеъ дар Тоҷикистон ба кор гирифта шаванд. Ин амр метавонад ҷойгоҳи Русияро тақвият кунад", - мегӯяд Кабиров. Ба гуфтаи ӯ, бар хилофи Русия, тарҳҳои сармоягузории Чин дар Тоҷикистон чунин фурсатҳоеро фароҳам карда ва Пекин ба хубӣ аз ин имконот баҳрабардорӣ мекунад.

Ҳаҷми кулли сармоягузориҳои Чин дар иқтисоди Тоҷикистон тайи 10 соли гузашта ба 2,6 миллиард доллар расидааст, ки 57 дарсади онро сармогузориҳои мустақим ташкил медиҳанд. Русия бо 1,6 миллиард доллар аз Чин ақибтар аст.

Илова бар ҳамкорӣ дар ҳавзаи омӯзиш, забони русӣ, ки ба унвони забони иртибототи байналмилалӣ шинохта мешавад ва маҳбубияти бештари мактабҳои русӣ дар пойтахт нисбат ба мактабҳои тоҷикӣ, ҳамчунон аз омилҳои муҳими тақвияти «нерӯи нарм»-Русия дар Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин телевизионҳои Русия дар фазои иттилоотӣ муштарии зиёде доранд ва бисёре аз хонаводаҳои тоҷик ба пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ дар Русия вобаста ҳастанд, ки бештар аз 40 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Амрико низ рақиби ҷиддӣ маҳсуб мешавад ва тамаркузи худро бар тарҳҳои башардӯстона, ислоҳоти демократӣ ва ҳимоят аз ҷомеаи маданӣ қарор додааст. Ҳазорон донишомӯз ва донишҷӯи тоҷик дар барномаҳои монанди Fulbright ва Openworld иштирок ва шонси омӯзиши амрикоиро дарёфт мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG