Аҳмади Иброҳим, сардабири "Пайк", ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон, моҳи августи соли 2024 бо гумони "додани пора ба корманди КДАМ" боздошт шуд. Додгоҳи шаҳри Кӯлоб 10-уми январи имсол ӯро ба "пешниҳоди пора", "тамаҷӯъӣ" ва "ифротгароӣ" гунаҳкор ва ба мӯҳлати 10 сол равонаи зиндон кард. Худаш дар нома ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ айбҳои эълоншуда алайҳашро тӯҳмат ва бофта дониста буд.
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) рӯзи 24-уми январ дар номаи боз ба раиси Додгоҳи Олӣ ва Додситони кул навиштааст, ки "бинобар ошкор ва расонаӣ шудани ҳолатҳои нав дар қазияи ҷиноятии Аҳмади Иброҳим – сармуҳаррири нашрияи “Пайк” парвандаи ӯ мавриди бознигарӣ қарор бигирад."
Дар ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон раиси Додгоҳи Олӣ ва Додситони куллро дигар кард.
Дар номаи АМВАОМТ бо имзои Нуриддин Қаршибоев, раҳбари ин созмони ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон гуфта шудааст, ки "муроҷиати Аҳмади Иброҳим ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ ва силсилаи маводи Радиои Озодӣ ва вокуниши созмонҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи журналистон водор мекунад, ки парвандаи ӯ аз нав дида шавад."
Нуриддин Қаршибоев бо истинод ба гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон навиштааст, ки "мутаассифона, баъзе судяҳо дар вақти баррасии парвандаҳо беаҳамиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд ва ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд."
Ӯ хоҳиш кардааст, ки парвандаи Аҳмади Иброҳим "бо риояи усули эҳтимолияти бегуноҳӣ волоияти қонун ва адолати судӣ нисбат ба шаҳрванд ва журналист татбиқ карда шавад."
Аҳмади Иброҳим аз зиндон дар ду номае ба Рустами Эмомалӣ навишта буд, ки ӯро бо ҳадафи бадном кардани ҳукумат ва нишон додани онки Тоҷикистон сиёсати саркубгарона нисбат ба рӯзноманигоронро пеш гирифтааст, боздошт кардаанд. Ӯ гуфтааст, ки умре аз президенти кишвар тарафдорӣ кардааст ва ҳеч кори хилофи қонун анҷом надодааст.
Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. Дар соли 2012 нашрияи мустақили “Пайк”-ро дар Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар ӯҳда дошт.
Гуфтугӯ