Пулиси Ҳамос пас аз ҷанги 15 моҳа дубора дар кӯчаҳои Ғазза пайдо шуд ва гаштзанӣ анҷом медиҳанд. Аъзои ин гурӯҳи тундрав корвонҳои кӯмакҳоро посбонӣ ва мақомоти Ҳамос ҷараёни поксозиро назорат доранд.
Паёмаш ҳам ин аст, ки Ҳамос ҳанӯз дар қудрат аст ва фармонфармоӣ мекунад.
Мақомоту дипломатҳо ва таҳлилгарон мегӯянд, ба қудрат часпидани Ҳамос мумкин аст, монеи пойдор мондани оташбаси доимӣ шавад.
Баъди эълони созиш, маъмурияти таҳти назорати Ҳамос зуд даст ба кор шуд. Таъмини амниятро бар дӯш гирифтанд, ба барқарории маҳаллаҳое оғоз бахшиданд, ки нерӯҳои Исроил ба хок яксон карданд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Бенямин Нетаняҳу доир ба ояндаи Ғаззаи баъдиҷангӣ дурнамоеро эълон накардааст, ба ғайр аз ин ки Ҳамос набояд нақше дар он дошта бошад.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ба раҳбарони феълии Ташкилоти Худгардони Фаластинии таҳти ҳимояти Ғарб, ки дар бахше аз Канораи бохтарии рӯди Урдун ҳукумат мекунад, набояд бовар кард.
Исроил дар ҳафтаҳои гузашта бо ҳамлаҳои ҳавоӣ чанде аз мақомҳои сатҳи поёни Ҳамосро дар Ғазза ҳадаф гирифт, то ҳукуматдории онро заиф кунад. Вале дафтари матбуоти ҳукумати Ғазза гуфт, ки маъмурияти Ҳамос ба фаъолияти худ идома медиҳад. Ба қавли онҳо, Ҳамос барои пешгирӣ аз ҳарҷу марҷ 700 маъмури пулисро барои посбонии корвонҳои кӯмакҳои башарӣ сафарбар кардааст. Ба қавли як таҳлилгар, ин вазъ барои Исроил фақат як интихоб мегузорад, ки ҷангро дар оянда аз сар бигирад, ё ба Ҳамос, иҷоза бидиҳад, мудириятро ба дасти Ташкилоти Худгардони Фаластин бисупорад. Агарчӣ мақомоти Ҳамос аз таъсиси ҳукумати воҳид гуфтаанд, аммо раҳбарони Ташкилоти Худгардони Фаластин сокит ҳастанд.
Гуфтугӯ