Дар чаҳор кор заҳмат мекашад, то ин ки ба гуфтаи ӯ, барои собит кардани бегуноҳии шавҳараш маблағи вакили мудофеъи киронамударо пардохт кунад ва ҳам фарзандонаш аз чизе кам набошанд.
Зиндагии оромонаи Суман Сафарова, ки 12 сол боз дар Русия бо шавҳараш кору зиндагӣ дошт, баҳори соли гузашта ба ҳам хӯрд.
Дақиқан дар замоне, ки муносибат нисбат ба муҳоҷирон дар Русия бадтар шудаву боздоштҳо баъди ҳамла ба толори Крокус беш аз пеш авҷ гирифтанд. Дар баробари шиддат гирифтани бархӯрд дар қиболи муҳоҷирони тоҷик, шуморе аз онҳо бо ҷурми марбут ба маводи мухаддир дастгир шуданд. Шавҳари Суман Сафароваро низ моҳи май бо ҳамин иттиҳом боздошт кардаанд.
Худи Суман мегӯяд, писархолаи шавҳараш дар Русия бо чунин айбнома дар зиндон адои ҷазо мекард ва раҳмдилии шавҳараш боиси он шуд, ки пои ӯ низ ба ин ҷурм кашида шуд. Моҳи ноябри соли гузашта шавҳари Суман Сафароваро ба 11 ним сол зиндон маҳкум намуданд. Ҳукмеро,ки ҳамсараш ноодилона мехонад ва мегӯяд, нодонии шавҳараш сабаб шуд,ки ба ӯ ҷурми вазнинро бор карданд.
Гузашта аз ин дар ҷарёни муҳокима хилофи баъзе меъёрҳои Кодекси ҷиноии Русия амал шудааст. Радиои Озодӣ нусхаи ҳукми додгоҳро, ки воқеан дар он амали хилофи қонун ҷой дорад ба даст овардааст, вале барои халал нарсонидан ба рафти бозбинии парванда аз нашри он худдорӣ мекунем. Талошҳои ин муҳоҷирзани тоҷик барои раҳо намудани шавҳарашро дар нашри навбатии барномаи “Рӯзгори муҳоҷир” тамошо кунед.
Гуфтугӯ