Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи Олимпии соли 2024 ба шаҳри Пориси Фаронса сафар кард.
Лоиқ Раҷабов, варзишгари тоҷик, дар муҳорибаи навбатиаш дар ташкилоти UFC (Ultimate Fighting Championship) дар вазни сабук (70 кг) аз Трей Огдени амрикоӣ шикаст хӯрд.
Шуҳрат Аъзамов, собиқ нимҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе, бар асари бемории тӯлонӣ 21-уми июл дар синни 72-солагӣ дар шаҳри Турсунзода даргузашт.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври дувуми мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов аз тими миллии Гватемала бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Анҷумани футболи Узбекистон Мираброр Усмонов дар шаҳри Тошканд аз тими миллии Узбекистон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.
Деҳаи олимпӣ, ки барои Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж сохта шудааст, расман ифтитоҳ ёфт. Рузи аввал дастаҳои мунтахаби Австралия ва Бразилия ба Деҳаи олимпӣ омаданд.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов 18-уми июл ба шаҳри Тошканд сафар кард.
Ҳайати тими мунтахаби рамзии Қаҳрамонии Аврупо-2024 эълон шуд
Дастаҳои касбии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба марҳилаи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар бо тимҳои ҳирфаии Узбекистон бозиҳои санҷишӣ анҷом дода, ба шикаст мувоҷеҳ шуданд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии юнонию румӣ миёни наврасону навҷавонон, ки дар шаҳри Шрирачаи Тайланд ҷараён дорад, чаҳор медал ба даст оварданд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии санҷишӣ аз тими “Неман”-и Гродно, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Беларус, бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.
Темур Раҳимов парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Париж (Порис)-и Фаронса баргузор мешавад, интихоб гардид.
Ёфтҳои бештар