Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳҳои гуногуни Амрикову Аврупо дар бораи Украина ба СММ рафтааст


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупову Украина ду қатъномаи дигаргунаро ба муносибати севвумин солгарди таҷовузи Русия ба хоки Украина пешниҳод кардаанд.

Дар тарҳи пешниҳодии Амрико дар муқоисаи ба тарҳи Иттиҳоди Аврупо ва Украина танқид аз амалкарди Русия камтар аст. Рӯзи 24-уми феврал аз ин ҷанг се соли расо мегузарад ва қарор аст, дар Маҷмааи Умумии Созмони Милал барои қабули ин қатънома раъйгирӣ баргузор шавад.

Дар тарҳи Амрико, ки рӯзи 21-уми феврал пешниҳод шуд, аз “талафоти фоҷиаобор дар муноқишаи Русия ва Украина” изҳори таассуф карда ва хостори поёни фаврии ҷанг ва сулҳи пойдор шудаанд. Аммо дар он ҳеч ишорае ба қаламравҳои ишғолии Украина накардаанд ва Русияро ҳам гунаҳкори ҷанг наномидаанд.

Марк Рубио, вазири умури хориҷии Амрико тарҳи қатъномаро “содда ва таърихӣ” номид ва аз кишварҳои узви Созмони Миллал хост, барои “сохтани роҳ ба самти сулҳ” аз он ҳимоят кунанд.

Ӯ дар як баёния гуфт: “Ин қатънома мутобиқ ба дидгоҳи президент Трамп аст, ки Созмони Милал бояд ба ҳадафҳое аслиаш, ки дар Ойинномаи Созмони Милал зикр шудааст, баргардад. Ҳадафи он нигаҳдории сулҳ ва амният аз роҳи ҳалли сулҳомези муноқишаҳост.”

Баръакси тарҳи Амрико дар пешнависи қатъномаи Иттиҳоди Аврупо ва Украина ба “таҷовузи Федератсияи Русия ба Украина” ишора шуда, аз Маскав хостаанд, ки нерӯҳояшро фавран ва бе ҳеч шарте аз хоки Украина берун кунад.

Дар ин пешнавис ба дучанд кардани талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ҷанг дар ҳамин сол таъкид шудааст. Русияро ҳам гунаҳкори таҷовуз номида ва ба тамомияти арзии Украина таъкид кардаанд. Муаллифони тарҳнома ҳамчунин хостаанд, тамоми қатъномаҳои пешини Созмони Милал дар робита ба таҷовуз ба хоки Украинаро иҷро кунанд.

Пешниҳоди тарҳҳо дар байни аъзои Созмони Милал дар замонест, ки байни Амрикову Аврупо дар бораи музокирот ва поён додан ба ҷанги Украина ихтилоф ба вуҷуд омадааст.

Ҳампаймонии деринаи Амрикову Аврупо баъди он халалдор шуд, ки намояндагони ҳукумати Доналд Трамп ҳафтаи гузашта бо дипломатҳои Русия дар Арабистони Саудӣ паси мизи гуфтугу нишаста ва бе ҳузури намояндагони Аврупо ва Украина дар бораи поён додан ба ҷанг сӯҳбат карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG