Дар ин мусобиқоти қитъавӣ байни наврасони то 15-сола ва навҷавонони то 20-сола, ки бо иштироки 500 гуштигир аз 20 кишвар сурат гирифтааст, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 гуштигир шомил аст.
Дар мусобиқаи гуштии юнонию румӣ намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарии мураббиён Нуриддин Алланазаров ва Шуҳрат Нортоҷев ду медали тилло, як нишони нуқра ва як биринҷӣ гирифтанд.
Маҳдӣ Баротов дар вазни 52 кило ва Амирҷон Обидов дар вазни 57 кило бо медалҳои тилло, Ғаниҷони Шероз дар вазни 75 кило бо медали нуқра ва Шоҳҷаҳон Бобоев дар вазни 62 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар мусобиқаи наврасону навҷавонон дар риштаи гуштии озод Тоҷикистонро шаш варзишгар - Билол Юнусов (45 кг), Умар Раҳимов (52 кг), Идрис Баҳромов (62 кг), Аюбҷон Бозорзода (68 кг), Муҳаммадамин Абдуллоев (74) ва Худойдод Ҳакимов (85 кг) - бо роҳбарии мураббӣ Сорбон Абдулҳаев намояндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, моҳи июни соли равон варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 23-сола, ки дар шаҳри Уммони Урдун доир гардид, як медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Мустафо Аҳмадов дар миёни ҷавонони то 23-сола дар вазни 70 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Се паҳлавони навраси тоҷик дар байни 17-солаҳо бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд: Муҳаммад Ғафуров (45 кг), Мухаммад Султонзода (80 кг), Алиризо Баҳромов (71 кг).
Бояд зикр намуд, Виктор Рассадин, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар марҳилаи охирини мусобиқаи интихобӣ дар риштаи гуштии озод, ки 11-уми май дар Туркия баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Парижи Фаронса гардид.
Рассадини 30-сола, ки аз Ёқутистони Русия мебошад, ба дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон даъват шуда, шаҳрвандии ин кишварро пазируфтааст.
Ӯ дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар шаҳри Истанбули Туркия дар вазни то 74 кило дар даври аввал ба Нурхоҷа Кайпанови қазоқ (4:1), баъдан ба Зелимхон Ҳоҷиев (6:5) аз Фаронса, сипас ба Вадим Тсуркан (2:0) аз Украина ғолиб шуда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Рассадин дар нимфинал Чермен Валиевро аз Албания бо ҳисоби 3:2 шикаст дода, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Ҳамакнун вай Тоҷикистонро дар риштаи гуштии озод дар Олимпиадаи Париж-2024 муаррифӣ мекунад.