Пас аз танаффуси якмоҳа нимаи дувуми мавсими футбол бо бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 шуруъ мешавад.
Бар асоси қуръакашии мусобиқоти ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки 25-уми июл дар пойтахти Фаронса - шаҳри Порис - доир гардид, рақибони варзишгарони тоҷик муайян шуданд.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки шоми ҷумъаи 26-уми июл дар Пориси Фаронса баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов барои ҷойи севум тими миллии Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-юми июл то 11-уми август дар пойтахти Фаронса - шаҳри Порис - баргузор мешавад, кишварҳои Осиёи Марказиро 218 варзишгар намояндагӣ мекунад.
Барномаи сеҳафтаинаи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Порис рӯзи 24-уми июл бо бозии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Испания ва Узбекистон ифтитоҳ меёбад.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки бо роҳбарии ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ Дилшод Назаров барои иштирок дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ ба шаҳри Париж (Порис)-и Фаронса расид, дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебарад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври севуми мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов тими миллии Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод.
Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA, ки дар сомонаи Федератсияи байнулмилалии футбол нашр шудааст, як зина поин шуд ва бо 1212,41 имтиёз дар ҷойгоҳи 103-юм қарор дорад.
Ваҳдат Ҳанонов, ҳимоятгари 23-солаи тими миллии Тоҷикистон, ба бошгоҳи футболи "Сипоҳон", ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Эрон, гузашт.
Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи Олимпии соли 2024 ба шаҳри Пориси Фаронса сафар кард.
Лоиқ Раҷабов, варзишгари тоҷик, дар муҳорибаи навбатиаш дар ташкилоти UFC (Ultimate Fighting Championship) дар вазни сабук (70 кг) аз Трей Огдени амрикоӣ шикаст хӯрд.
Ёфтҳои бештар