Ҳайати тими мунтахаби рамзии Қаҳрамонии Аврупо-2024 эълон шуд
Дастаҳои касбии футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба марҳилаи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар бо тимҳои ҳирфаии Узбекистон бозиҳои санҷишӣ анҷом дода, ба шикаст мувоҷеҳ шуданд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии юнонию румӣ миёни наврасону навҷавонон, ки дар шаҳри Шрирачаи Тайланд ҷараён дорад, чаҳор медал ба даст оварданд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии санҷишӣ аз тими “Неман”-и Гродно, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Беларус, бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.
Темур Раҳимов парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Париж (Порис)-и Фаронса баргузор мешавад, интихоб гардид.
Тими миллии футболи Аргентина, ки дар бозии ниҳоӣ мунтахаби Колумбияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бори шонздаҳум барандаи Ҷоми Амрико гардид.
Тими миллии Испания, ки дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон мунтахаби Англияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори чаҳорум ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гардид.
Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки рӯзҳои 5-12-уми июл дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон доир шуд, бо пирӯзии тими мунтахаби ҷавонони Эрон (U-20) хотима ёфт.
Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар мусобиқаи кишварҳои иштироккунандаи Намоишгоҳи байнулмилалии саноатӣ “Иннопром-2024”, ки 11-уми июл дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба поён расид, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.
Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми август дар пойтахти Фаронса – шаҳри Порис - баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.
Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Аргентина ва Колумбия ба финали Ҷоми Амрико-2024, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд.
Дастаи мунтахаби Англия, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон тими миллии Нидерландро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ба финал баромад.
Ёфтҳои бештар