Қаюмҷон Маҳмудзода, шаҳрдори Истиқлол дар нишасти хабарие дар моҳи январ гуфт, ки бунёди корхонаи азими саноатӣ бо сармоягузории чиниҳо идома дорад. Масоҳати корхона 70 гектарро фаро гирифта ва дар сурати фаъол шудани он беш аз 200 нафар бо кор таъмин мешаванд.
Корхона асосан маъдани Ширкати Тоҷикистону Чин дар шаҳраки Зарнисорро коркард мекунад. Қаюмҷон Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол: “Дар нақша ҳаст, ки он консентратҳое, ки барои коркард ҳамчун метал мебурданд, ҳоло онҳоро ба чор қисм тақсим мекунанд. Инҳо консентрати қурғошим, синк, мис ва нуқра. Дар инҷо корхонае, ки сохта шуда истодааст, ба ғайр аз қӯрғошиму синку дигарҳо, ба истеҳсоли нуқра бо иқтидори 50 тонна дар як сол машғул хоҳад шуд. Ҳамчунин истеҳсоли аккумуляторҳо дар инҷо ба роҳ монда мешавад”.
Ин ширкат соли 2007 таъсис ёфтааст ва ба истихроҷи сурбу рӯҳу мис машғул аст. Инчунин бо технологияи чиниҳо дар шаҳри Истиқлол коргоҳҳои дигар низ имсол ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.
Қаюмҷон Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол: “Ба ғайр аз ин корхона дар паҳлӯи он ду корхонаи дигар таъсис дода шуда истодааст, ки он ба коркарди оҳаксанг машғул мешавад. Ҳамчунин оҳаки хокашударо ҳам мебароранд. Худи корхонаи хитоӣ дар як шабонарӯз 50 тонна оҳак талабот дорад ва дар оянда зиёд мешавад. Дар умум ин ду корхонае, ки таъсис дода шуда истодааст, дар умум 400 тонна оҳак дар як шабонарӯз истеҳсол мекунанд.”
Корхонаи «Оҳаки Истиқлол» ва «Тоҷоҳак» дар заминаи корхонаи металлургӣ бунёд мешавад. Дар маҷмӯъ ҳардуи ин корхона низ 200 нафарро бо ҷойи кор таъмин намуда, дар деҳаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлол ҷойгир мешаванд. Қаюмҷон Маҳмудзода ба рӯзноманигорон гуфт, ки “дар сурати фаъол шудани ин коргоҳҳо шаҳри Истиқлол аз вартаи дастнигарӣ ё субвенсионӣ берун мебарояд”.
Шаҳри Истиқлол соли 1938 аз ҷониби Маскав дар атрофи корхонаи “Заря Востока” (ҳозира “Нури Ховар”) барои истеҳсоли маводи сӯхти мушак сохта шудааст. Ин шаҳри “дарбаста” маҳсуб меёфт ва дар он умдатан мутахассисон ва коргарони рустабор кор ва зиндагӣ мекарданд. Бо вуҷуди он, ки дар ҳудуди шаҳри Истиқлол тақрибан 50 миллион тонна пасмонда ё партовҳои радиоактивро “гӯр” кардаанд, баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон аҳолии ин шаҳр аз ҳисоби дигар сокинони вилоят афзуд.
Истихроҷи маъдан як бахши асосии иқтисоди Тоҷикистон аст ва ин бахши муҳими иқтисод асосан дар дасти чиниҳост. Шурӯъ аз соли 2010 Чин ба шарики тиҷоративу сармоягузор ва қарздиҳандаи азимтарини хориҷии Тоҷикистон табдил шуд. Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки дар давоми солҳои 2007 то 2023 Чин беш аз 4 миллиард доллар сармоягузорӣ карда, феълан дар кишвар беш аз “700 ширкат бо сармояи чинӣ” фаъолият мекунад.
Вобастагии афзояндаи Тоҷикистон аз ҳамсояи азимаш торафт бештар ин нигарониҳоро эҷод мекунад, ки бо афзоиши нуфузи Чин, Душанбе тавони бозгардони қарзҳои ҳангуфташ аз ин кишварро нахоҳад дошт.
Дар Истиқлол аккумулятор истеҳсол мекунанд. Бо пули кӣ ва кай?
Дар як шаҳри вилояти Суғд, ки онро замони Шӯравии собиқ шаҳри “дарбаста” мегуфтанд, қарор аст, бо кӯмаки чиноиҳо чандин корхонаи саноатӣ боз карда шавад. Мумкин аст, ки азимтарини он бо харҷи 50 миллион доллар бунёд гардад ва ба қавли мақомот садҳо сокини шаҳри Истиқлол бо ҷойи кор таъмин шаванд.
Гуфтугӯ