Варзишгари тоҷик Фахриддин Мадкамов дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса, ки дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр миёни мардон рақобат кард, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.
Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар рақобати аввалинаш шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса пас аз натиҷагирии панҷ рӯзи мусобиқот дастаи мунтахаби Чин дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар ҷойгоҳи аввал аст.
Пас аз танаффуси якмоҳа нимаи дувуми мавсими футбол бо бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024, ки рӯзҳои 27-29-уми июл доир гардиданд, шуруъ шуд.
Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар мусобиқоти ҷудо ноком шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Варзишгари тоҷик Миҷгона Самадова дар аввалин рақобаташ дар мусобиқоти бокс миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса ба нокомӣ рӯбарӯ шуд.
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, бо шикаст додани варзишгари итолиёӣ Антонио Эспосито соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса шуд. Ӯ рӯзи 30-юми июл дар вазни то 81 кило ба майдон баромад.
Дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса пас аз натиҷагирии се рӯзи мусобиқот (27-29-уми июл) дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Фаронса ва ва Чин пешсаф мебошанд.
Рақобати Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори тоҷик бо варзишгари исроилӣ Борух Шмаилов дар Бозиҳои олимпии Порис ҷанҷолӣ шуд. Рақобати ин ду варзишгар 28-уми июл бо пирӯзии ҷудокори тоҷик анҷомид.
Паҳлавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқот аз рӯйи барномаи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар аввалин рақобаташ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.
Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот (27-28-уми июл) тибқи барномаи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дастаи мунтахаби Ҷопон аз рӯи ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо бо касби 7 медал (4 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) пешсаф шуд.
Муштзани тоҷик Давлат Болтаев, ки 28-уми июл дар мусобиқаи бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Париж (Порис)-и Фаронса дар аввалин рақобаташ пирӯз шуд, ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Ёфтҳои бештар