Тими “Истиқлол”-и Душанбе зери раҳбарии Никола Лазаревич, мутахассиси сербиягӣ, дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии қаҳрамони Тоҷикистон дар Минск дар бозии санҷишӣ аз тими ОКМК (корхонаи металлургияи кӯҳии Олмалиқ), ки дар Суперлигаи Узбекистон ҳунарнамоӣ мекунад, бо ҳисоби бузурги 0:6 шикаст хӯрд.
Футболбозони узбек дар нимаи аввали дидор ду гол ва дар қисми дувуми бозӣ чаҳор гол ба самар расониданд.
Бояд гуфт, ки сармураббии тими футболи ОКМК собиқ футболбози машҳури Узбекистон Мирҷалол Қосимов мебошад. Ин даста ду бор (солҳои 2020, 2021) барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии Узбекистон гардида, соли 2018 Ҷоми миллии ин кишварро соҳиб шудааст.
Дар бозии дигари санҷишӣ дастаи Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев аз тими мизбон – “Нефтчӣ”-и Фарғона - бо ҳисоби 0:2 мағлуб гашт. Ҳарду голро мизбонон дар нимаи аввали бозӣ ба дарвозаи меҳмонон заданд.
Дарвоқеъ, вазифаи сармураббии “Нефтчӣ”-ро мутахассиси тоҷикистонӣ Виталий Левченко аз соли 2022 ба зимма дорад. “Нефтчӣ” қаҳрамони 5-карата ва барандаи дукаратаи Ҷоми Узбекистон мебошад. Зери раҳбарии Левченко “Нефтчӣ” соли 2022 дар Суперлигаи Узбекистон ҷои 9-ум ва порсол ҷои 5-умро ишғол кардааст.
Намояндаи дигари Лигаи олии футболи Тоҷикистон - “Ҳосилот”-и Фархор - дар бозии санҷишӣ дар меҳмонӣ аз тими “Сурхон”-и Тирмиз, ки ба Суперлигаи Узбекистон шомил аст, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд. Як гол дар нимаи аввали дидор ва се голи дигар дар қисми дувуми бозӣ зада шуд.
Сергей Арслонов, мутахассиси тоҷик, аз соли 2023 сармураббии дастаи “Сурхон” мебошад. Натиҷаи беҳтарини ин бошгоҳ дар Суперлигаи Узбекистон ҷои 11-ум аст (соли 2022).
Инчунин дастаи лигаи аввали Тоҷикитон – “Парвоз”-и Фурудгоҳи Хуҷанд - дар майдони худ аз тими Про-лигаи Узбекистон – “Дӯстлик”-и Тошканд - бо ҳисоби 2:3 мағлуб гардид.
Ин бозиҳои санҷишӣ бо мақсади омодагии дастаҳо ба марҳилаи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҳарду кишвар ва озмоиши бозигарони нав баргузор шуданд.