Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Гватемала 20-уми июл дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и шаҳри Тошканд доир гардид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футзалбозони тоҷик, ки бо ҳисоби 1:0 пешсаф буданд, натавонистанд ин натиҷаро нигоҳ доранд ва дар ниҳоят аз рақиб бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 19-уми июл дар даври аввали ин мусобиқаи байналмилалӣ аз тими мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда буд.
Дар ду бозии дигари мусобиқа дар Тошканд тими миллии Қирғизистон мунтахаби Гватемаларо бо ҳисоби 4:3 шикаст дода, аз дастаи Узбекистон бо ҳисоби 1:3 ноком шуд.
Баъди натиҷагирии ду даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа Узбекистон бо шаш имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Дастаҳои мунтахаби Гватемала ва Қирғизистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷрйгир шудааст.
Дар даври севуми мусобиқаи гурӯҳӣ 22-юми июл мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Қирғизистон ва дастаи Узбекистон бо мунтахаби Гватемала рақобат мекунанд.
Дар ин мусобиқа, ки то 24-уми июл идома меёбад, дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Гватемала дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давра бозӣ мекунанд. Баъдан ду дастаи пешсаф ба финал роҳ меёбад, тимҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойҳои 3-4-умро мегиранд, барои медали биринҷӣ мубориза мебаранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов 15 нафар – 4 дарвозабон ва 11 бозигари майдонӣ дохиланд.
Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Мираброр Усмонов барои тимҳои миллии кишварҳои иштироккунанда як марҳилаи омодагии дастаҳо ба Ҷоми ҷаҳон-2024 мебошад, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон барпо мегардад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои яккачини Марокаш (16-уми сентябр), Португалия (19-уми сентябр) ва Панама (22-юми сентябр) бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё, ки моҳи апрели имсол дар Бангкоки Тайланд доир гардид, мақоми чаҳорумро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2024 роҳ ёфт.
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифт. Аз қораи Осиё ба ҷуз аз тими миллии Узбекистон (ба ҳайси мизбон), тимҳои мунтахаби Эрон, Тайланд, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ пайдо карданд.
Дарвоқеъ, тими миллии Афғонистон, ки бори аввал дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат кард, то ба даври чорякниҳоӣ расид ва нахустин маротиба ба Ҷоми ҷаҳонии футзал роҳ ёфт.
Мусобиқаи байналмилалии футзал ба хотираи Мираброр Усмонов дар Тошканд
Иштироккунандагон:
Узбекистон
Тоҷикистон
Гватемала
Қирғизистон
Даври 1-ум
19 июл (ҷумъа)
Қирғизистон – Гватемала – 4:3
Голҳо: Дониёр уулу, 10, 40, Амондик уулу, 28, Аскарбеков, 35 - Фернандо Кампаняк, 1, Джонни Диас, 22, Марвин Сандовал, 27.
Узбекистон – Тоҷикистон – 3:2
Голҳо: Самандар Ризомов, 4 (0:1). Комрон Алиев, 9 – ба дарвозаи худ (1:1). Суннат Ҷӯраев, 10 (2:1). Илҳом Ҳамроев, 33 – ба дарвозаи худ (2:2). Ихтиёр Рофиев, 34 (3:2).
Даври 2-юм
20 июл (шанбе)
Тоҷикистон – Гватемала – 1:3
Голи Тоҷикистон: Самандар Ризомов
Узбекистон – Қирғизистон – 3:1
Голҳо: Ҳусниддин Нишонов (13, 31, 39) — Муҳаммад Аскарбеков.
Даври 3-юм
22 июл (душанбе)
17:00 – Тоҷикистон - Қирғизистон
19:30 – Узбекистон – Гватемала
24 июл (чоршанбе)
17:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
19:30 – Финал
Макони баргузории мусобиқа: Тошканд, маҷмааи варзишии «Юнусобод».