Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси бакорат то ба додгоҳи Рӯдакӣ рафт. Бубинед, натиҷа чӣ шуд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Гузориши зер аз барномаи Салом, хоҳар аст ва ёдрас мекунем, ки сӯҳбатҳои бисёр маҳрамона дорад ва мумкин аст, барои баъзеҳо нохушоянд бошад.

Издивоҷи як ҷуфти ҷавон дар Душанбе бо ҷашну хурсандӣ оғоз шуд ва бо ҷанҷолу баҳси додгоҳӣ поён ёфт. Сӯҳроб, домоди норозӣ иддао дорад, ки арӯс “нодухтар” буд ва ба додгоҳ рафту талаб кард, ки хонаводаи арӯс пули “қалин” ва харҷи тӯйро баргардонанд. Мегӯяд, барои туй қариб 50 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст.

Сӯҳроб: “Ман гуфтам, ки хай ҳамин хел кор кӣ буд, барои чӣ ба ман нагуфтӣ. Ман туро намегирифтаму ягон каси дигарро мегирифтам. Ман дар 35 - 40 градуси хунукӣ дар Русия кор кардаму омадам, ки туй барпо кунаму духтар гирам на ин, ки ранги ту. Гуфт ман гуфтанӣ будаму имкон наёфтам.”

Аммо додгоҳ бар асоси шикояти ҷониби духтар худи домодро ба тӯҳмат ва паст задани шаъну эътибори арӯс гунаҳкор донист ва 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Оилаи духтар ба покдомонии ӯ пофишорӣ доранд, ташхиси тиббӣ ҳам кардаанд ва аз ҷавон ҷуброн талаб доранд. Ташхис ҳам нишон додааст, ки духтар бокира буда ва пеш аз Сӯҳроб бо ҳеч касе ҳамхоба нашудааст.

Падари арӯс мегӯяд, домод баъд аз як моҳи зиндагии муштарак шикоят кардааст. Духтар дар ариза ба Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст: “Манро муддати як моҳ бо хоҳиши худаш истифода бурда, сипас бо мақсади ғаразнокаш маро туҳмат намуда, шаъну шарафи маро паст зада, маро нодухтар гуфт.”

Падари арӯс дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ мо гуфт: "Ҳаминро баҳона карда, видео кардаст, ки Шумо пули маро диҳед. Баъд аз 25 рӯзи зиндагӣ. О чаро мо 8 ё 9-ум рӯз баъд ба хонаашон рафтем, нагуфт. Ин ҳамааш баҳона аст. Вай барои пул кандан аз ман ин корро мекунад, вале гап дар пул нест, инҷо гапи номус аст.”

Ба иддаои ҷавон, вай барои фишор наовардан ба арӯс ду ҳафтаи аввал мунтазир монд. Мегӯяд, дар аввал наздикони арӯс омода буданд, харҷи ӯро баргардонанд, ба шарте, ки ӯ масъала байни худашон монаду онҳо беобрӯ нашаванд. Аммо баъдан аз фикрашон гаштаанд.

Сӯҳроб: “Баъд ман маҷбур шудам, ариза кунам, ба Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ. Бо факту далелҳо. Ман хостам, ки маблағро ба даст биёрам ва дуюмбора туй кунам. Ҳамин хел маслиҳат ҳам кардем, бо падару модараш, ки духтартона шавҳар диҳед равад, пули маро диҳед, ман зан мегирам. Хулосаи охирон суде, ки гузашт гӯё ман ӯро туҳмат карда бошаму бакоратии духтарро мо гирифта бошем. Далелу санадҳое, ки пешниҳод кардем, ҳамааш гӯё дурӯғ бошад.”

Манзур аз далел гуфтани ин ҷавон, сабти наворе аст, ки дар он гӯиё духтар иқрор мекунад, ки бокира набуд ва асли қазияро нақл кардааст.

Дар ин навор, ки худи Сӯҳроб "ҳамчун далел" сабт кардааст, ӯ аз ҳамсараш мепурсад: “Ту худат медонистӣ кӣ, духтар набудӣ? (духтар бо ишораи сар не мегӯяд.) Бардор сарта гап зан, на гиря дигар пеши роҳатро мегирад не ягон сархамӣ.”

Бино ба хулосаи додгоҳ навор зери фишору таҳдид сабт шудааст. Ба нақли падар, духтараш дар мурофиа гуфтааст, иддаои ҷавон ягон асос надорад. Падари арӯс мегӯяд, рафтори домоди собиқ ба зиндагӣ ва сиҳатии духтараш зарбаи сахт задааст: “Духтар як ҳафта зиёд карахт буд, баъд ҳамаашро гап зад, ки чӣ кор шудааст."

Мутахассисон мегӯянд, ноогоҳии ҷавонон дар бораи иртиботи ҷинсӣ сабаби чунин моҷароҳои беасос ва тақдири бади бахусус духтарон мешавад.

Фуод Ризо, табиби лубнонӣ, ки дар Тоҷикистон кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Пардаи бакорат метавонад, ҳангоми варзиш ва ё дучархасаворӣ аз байн биравад ва духтар ҳам аз он бехабар монад, зеро пардаи бакорати инсонҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад. Аз баъзеҳо метавонад, бисёр тунук ё андаке сахт бошад. Аз баъзе бонувон ҳатто тунуктар аз коғази сигор мешавад ва ба осонӣ медарад ва худаш ҳам намедонад ва ҳеч хуне ҳам намеояд. Чанд шакли пардаи бакорати маъмулӣ вуҷуд дорад. Пардаи бакорати баъзе аз онҳо ҳалқашакл ва ёзанда аст ва ҳар вақте ин зан алоқаи ҷинсӣ дорад, мисли иртиботи ҷинсии шаби аввал аст. Ҳамеша ҳамон дардро дорад, вале хун ҳам намеояд. "

Ҳоло Сӯҳроб мегӯяд, аз иддаои худ даст гаштанӣ нест ва мехоҳад барои беэътибор шудани амри ҷарима ба додгоҳи болоӣ шикоят бурда, ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ талаб кунад. Маълум нест, баҳс то куҷо меравад.

Баҳси бакорат ба додгоҳ рафт, ба нафъи духтар анҷомид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00

Аммо мисли ин қазия ба марказҳои ташхиси тиббӣ судии Тоҷикистон солона даҳҳо нафар барои санҷиши бакорат муроҷиат мекунанд. Тақдири ояндаи аксари ин оилаҳои навбунёдро ҳам натиҷаи ташхис ҳал мекунад. Вале дар бисёр ҳолатҳо ҳатто натиҷаи ташхис ҳам оташи ҷангро хомӯш намекунад ва агар он ба фоидаи духтар буд, дигар ӯ ба назди шавҳар ё марде, ки обрӯяшро зери соул бурд баргаштан намехоҳад.

БАРНОМАИ "САЛОМ, ХОҲАР" ИНҶОСТ ВА ҚАБЛ АЗ ТАМОШО ЁДРАС МЕКУНЕМ, КИ БАРНОМА СӮҲБАТҲОИ БИСЁР МАҲРАМОНА ДОРАД ВА МЕТАВОНАД, БАРОИ БАЪЗЕҲО НОХУШОЯНД БОШАД.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG