Бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши журналистони соҳа доир гардид.
Рӯзи якуми июл ду бозии даври 1/8-ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон доир гардид.
Хадамоти федеролии андози Русия суратҳисоби бонкии Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), қаҳрамони пешини ташкилоти UFC-ро бастааст. Расонаҳои русӣ 1-уми июл навиштанд, Нурмуҳаммадов ва ширкатҳои вобаста ба ӯ аз андоз зиёда аз 300 миллион рубл қарздор мебошанд.
Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки имсол дар пойтахти Фаронса – Порис - баргузор мешавад, дар риштаи ҷудо дар вазни то 100 кило Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.
Рӯзи якшанбеи 30-юми июн ду бозии даври 1/8-ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон доир гардид.
Рӯзи 29-уми июн ду бозии даври 1/8-ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон доир гардид. Мунтахаби Швейтсария бар тими миллии Италия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Фройлер дар дақиқаи 37-ум ва Варгас дар дақиқаи 46-ум ба самар расониданд.
Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи имсол дар пойтахти Фаронса – Порис - баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Дар ин бозиҳо иштироки 14 варзишгари тоҷик (11 нафар бо роҳхати олимпӣ ва 3 кас аз рӯи квота) дар назар аст.
26-уми июн марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон ба поён расид. Бозиҳои даври севум дар гурӯҳҳои E ва F баргузор шуданд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) иштирок мекунад.
Рӯзи 25-уми июн дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон даври севуми марҳилаи гурӯҳӣ идома ёфт. Чаҳор бозӣ дар гурӯҳҳои D ва С баргузор шуд.
Рӯзҳои 21-23-юми июн бозиҳои даври ёздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.
Рӯзи 24-уми июн дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ идома ёфт. Дар гурӯҳи «В» ду бозӣ баргузор шуд.
Ёфтҳои бештар