Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши хабарнигорони варзишӣ дар Душанбе


Акс аз нишаст
Акс аз нишаст

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши журналистони соҳа доир гардид.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши журналистони соҳа доир гардид. Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ бо ибтикори Анҷумани байналмилалии матбуоти варзишӣ (AIPS) аз соли 1995 дар рӯзи 2 июл таҷлил мегардад.

AIPS ҳамчун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2-юми июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст ва имрӯз 100-сола шуд. Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии беш аз 150 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон аъзои AIPS мебошанд.

Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), ки 25-уми январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфтааст, моҳи марти соли 2011 дар Конгресси 74-уми AIPS дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ба узвияти Анҷумани байналмилалии матбуоти варзишӣ пазируфта шудааст.

Нарзулло Латипов
Нарзулло Латипов

Дар ин ҳамоиш раиси Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) Нарзулло Латипов хабарнигоронро бо иди касбиашон табрик карда, гуфт, «аҳдофи аслии созмони мо рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад».

Ҳамоиши хабарнигорони риштаи варзиш дар ҳоле баргузор шуд, ки ин журналистон ва камкасбони дигари онҳо дар ҷаҳон ба пӯшиши хабарии бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж омодагӣ мебинанд.

Муҳаммадшо Абдуллозода
Муҳаммадшо Абдуллозода

Муҳаммадшо Абдуллозода, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ гуфт, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи имсол дар пойтахти Фаронса баргузор мешавад, бо шумули 14 нафар иштирок хоҳанд кард.

Шаш нафари онҳо - Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов дар риштаи ҷудо ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2024 мушарраф гардиданд.”

Ӯ афзуд: «Қаблан варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Париж панҷ роҳхат гирифта буданд, ки сетоаш ба риштаи бокс, яктоӣ ба таеквондо ва гуштини озод марбут аст.

Давлат Болтаев, Миҷгона Самадова ва Баҳодур Усмонов дар риштаи бокс, Мунира Абдусаломова дар риштаи таеквондо, Виктор Рассадин дар риштаи гуштии озод роҳхатҳои олимпӣ ба даст овардаанд”, - гуфт Муҳаммадшо Абдуллозода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Вай иброз дошт, ки инчунин ба Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота ихтисос дода мешавад.

Дар ҷараёни мулоқот хабарнигорон ба суолҳои худ дар робита ба омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ посухҳои дақиқ гирифтанд.

Акс аз нишаст
Акс аз нишаст

XS
SM
MD
LG