Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Порис 14 варзишгар намояндагӣ мекунад


Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи имсол дар пойтахти Фаронса – Порис - баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Дар ин бозиҳо иштироки 14 варзишгари тоҷик (11 нафар бо роҳхати олимпӣ ва 3 кас аз рӯи квота) дар назар аст.

Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) 23-юми июн дар сомонаи расмии худ феҳристи варзишгаронро дар радабандии олимпӣ нашр кард, ки бар асоси он ҳафт паҳлавони тоҷик меъёри муқарраршударо ҷиҳати иштирок дар Олимипадаи Порис-2024 иҷро кардаанд.

Эмомалӣ Нуралӣ, ки дар феҳристи олимпӣ дар байни варзишгарони вазнашон то 66 кило бо 4463 имтиёз мақоми ҳафтумро касб намудааст, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ гардид.

Дар ин вазн Обид Ҷебов ҳам меъёри муқарраршударо ба ҷо оварда, бо 3283 имтиёз дар ҷойи 19-ум қарор гирифтааст, аммо тибқи муқаррарот дар Бозиҳои олимпӣ дар риштаи ҷудо як кишварро дар як вазн танҳо як варзишгар метавонад намояндагӣ кунад. Аз ин рӯ, роҳхати олимпӣ насиби Эмомалӣ Нуралӣ гардид, ки нисбат ба Ҷебов имтиёзи гирифтааш бештар аст.

Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар феҳристи олимпӣ дар байни варзишгарони вазнашон то 73 кило бо 3945 имтиёз дар зинаи ёздаҳум ҷойгир шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ гардид.

Дар вазни то 81 кило дар Олимпиадаи Порис-2024 Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков муаррифӣ хоҳад кард. Ӯ дар феҳристи олимпӣ бо 4240 имтиёз мақоми ёздаҳумро касб намудааст.

Дар вазни то 90 кило дар Бозиҳои олимпӣ дар пойтахти Фаронса Тоҷикистонро Комроншоҳ Устопириён намояндагӣ мекунад. Ӯ дар феҳристи олимпӣ бо 2746 имтиёз мақоми бистумро ишғол намудааст.

Дар вазни +100 кило Темур Раҳимов соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Вай дар феҳристи олимпӣ бо 6220 имтиёз дар мақоми севум аст.

Инчунин Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило бо 2034 имтиёз, ки ҷойи 31-умро азони худ кардааст, аз рӯи меъёри қитъавӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи соли 2024 мушарраф гардид.

Ба ин тартиб, шаш варзишгари тоҷик дар риштаи ҷудо соҳиби роҳхати олимпӣ шуд ва дар таърихи ҷудои кишвар ин шумораи рекордист. Тоҷикистон дар Олимпиадаи Порис-2024 танҳо дар як вазн – то 100 кило – намоянда надорад.

Қаблан варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 панҷ роҳхат гирифта буданд, ки сетоаш ба риштаи бокс, яктоӣ ба таеквондо ва гуштии озод марбут аст.

Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтаанд.

Роҳхати сеюмро Баҳодур Усмонов дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки моҳи марти имсол дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, дар вазни то 63,5 кило ба даст овард.

Мунира Абдусаломова дар мусобиқаи имсолаи интихобии олимпӣ дар риштаи таеквондо дар қораи Осиё, ки моҳи март дар шаҳри Тайани Чин баргузор шуд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 гардид.

Ин чаҳорумин роҳхати варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 ба шумор меравад. Мунира дар рақобатҳо дар вазни беш аз 67 кило муқобили намояндагони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қазоқистон пирӯз гашта, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.

Роҳхати панҷумро ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Пориси Фаронса Виктор Рассадин дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи гуштии озод,, ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Истанбули Туркия доир гардид, дар вазни то 74 кило ба даст овард.

Боз дар ду намуд – шиноварӣ (ду нафар – як марду як зан) ва варзиши сабук (як нафар) аз рӯи квота Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Порис-2024 намояндагӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи Токио-2020 ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик - Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳарсе дар риштаи бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҳарчор дар риштаи ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишонов (ҳарду дар шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) ноком шуда, бе медал монданд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чаҳор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Ягона медали тиллои Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ дар замони истиқлолият дар ҳайати мунтахаби кишвар ба гурзандоз Дилшод Назаров мутааллиқ аст. Ӯ соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст.

Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 84 кило сазовори медали нуқра гаштааст.

Дар Олимпаиадаи Пекин-2008 Расул Боқиев дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст.

Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар риштаи бокс миёни занон дар вазни то 60 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG