Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 бо тими «Ал-Ваҳдат»-и шаҳри Уммони Урдун рақобат мекунад.
Бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар қораи Осиё 15-уми октябр баргузор шуданд. Мусобиқот бо иштироки 18 дастаи мунтахаб дар се гурӯҳ ҷараён дорад.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Малайзия бозии санҷишӣ анҷом дод.
50-умин мусобиқаи байнулмилалии “King’s Cup 2024” бо пирӯзии тими миллии футболи Тайланд хотима ёфт. Мизбонон дар бозии ниҳоӣ мунтахаби Сурияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, барандаи Ҷоми шоҳи Тайланд гардиданд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии "Ҷоми шоҳи Тайланд 2024" барои ҷойи сеюм аз тими миллии Филиппин бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд ва бе ҷоиза монд. Ин шикаст норзигии мухлисони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 11-13-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - шаҳри Абузабӣ – баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дастаи футзали “Истиқлол”-и Душанбе бори аввал барандаи Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон гардид. Барои Суперҷом "Истиқлол", қаҳрамони феълии Суперлигаи кишвар, бо "Соро компания", барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқот, мубориза бурд.
Варзишгарони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2024”, ки дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - шаҳри Абузабӣ – ҷараён дорад, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “King’s Cup 2024” (“Ҷоми шоҳи Тайланд”) аз тими миллии Сурия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Рӯзи 10-уми октябр бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 баргузор шуд, ки дастаҳои иштироккунандаи бозии ниҳоиро муайян карданд.
Тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии “King’s Cup 2024” (“Ҷоми шоҳ-2024”), ки 11-уми октябр дар Тайланд баргузор мешавад, бо тими миллии Сурия рақобат мекунад.
Панҷ бахши Осиёи Марказии Радиои Озодӣ, бахшҳои тоҷикӣ, туркманӣ, узбекӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ, якҷоя озмуни "Шахсияти варзиш – пирӯзӣ бар монеаҳо"-ро эълон мекунанд.
Ёфтҳои бештар