Усмон Тошев, сардори шуъбаи дастаҳои мунтахаби Ассотсиатсияи футболи Узбекистон, сармураббии тими миллии Афғонистон таъйин шудааст. Ин кишвар беш аз се сол боз зери итоати “Толибон” аст. Дар ин бора “Тулуъ Нюз” хабар дод.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври сеюми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 бо тими «Ал-Ваҳдат»-и шаҳри Уммони Урдун рақобат мекунад. Ин бозии гурӯҳи “С” 22-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) омодагиро ба даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оғоз кард.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Малайзия 21-уми октябр барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 ба Сингапур сафар кард.
Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори ҳафтум Ҷоми миллиро соҳиб шуд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни навҷавонони 17-18-сола, ки аз 23-юми октябр то 3-юми ноябр дар шаҳри Будваи Черногория баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар даври сеюми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 бо тими «Трактор»-и Эрон рақобат мекунад. Ин бозии гурӯҳи “С” рӯзи чоршанбеи 23-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд рӯзи якшанбеи 20-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мешавад.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 бо тими «Ал-Ваҳдат»-и шаҳри Уммони Урдун рақобат мекунад.
Бозиҳои даври чаҳоруми марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар қораи Осиё 15-уми октябр баргузор шуданд. Мусобиқот бо иштироки 18 дастаи мунтахаб дар се гурӯҳ ҷараён дорад.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Малайзия бозии санҷишӣ анҷом дод.
50-умин мусобиқаи байнулмилалии “King’s Cup 2024” бо пирӯзии тими миллии футболи Тайланд хотима ёфт. Мизбонон дар бозии ниҳоӣ мунтахаби Сурияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, барандаи Ҷоми шоҳи Тайланд гардиданд.
Ёфтҳои бештар