Интихоби шахсият
Ҳадаф аз ин иқдом қадрдонӣ аз варзишгаронест, ки бо вуҷуди дучор шудан бо монеаҳои гуногун, аз ҷумла анъанаҳо, табу ё мамнӯъиятҳои фарҳангӣ ва саддҳои иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои фавқулода ноил шудаанд.
Чунин шахсиятҳо метавонанд на танҳо қаҳрамонҳои эътирофшудаи ҷаҳон ё олимпӣ ё паралимпӣ бошанд, балки ҳамчунин варзишгар дар як деҳа мумкин аст ба душвориҳо ва танқиду хусуматҳои фарҳангӣ ё монеаҳои девонсолорӣ тоб оварда, ба қуллаҳо орзуи худ расида бошад.
Ин шахсият метавонад як мураббии варзиш бошад, ки гуруҳи калони ҷавононро аз рафтори зиддиҷамъиятии қаблӣ ба варзишгарон ва некон табдил додааст. Ин метавонад варзишгаре бошад, ки ба рағми синну соли худ варзишро идома додаву пирӯз гаштааст ё бонуе бошад, ки аз монеаҳо гузашта ба орзуи худ дар риштаи варзиш расидааст. Чунин шахсияти варзишӣ бояд намунаи иродаи устувор ва худсозӣ барои беҳбуди ҷомеа бошад.
Даврҳои озмун
Даври 1. Шореҳони варзиш ва корбарони пойгоҳҳои Радиои Озодӣ номзадҳоро барои ширкат дар озмуни "Шахсияти варзиш – пирӯзӣ бар монеаҳо" пешбарӣ мекунанд.
Ин раванд ҳамзамон дар Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷараён мегирад. Онҳо дар бораи номзадҳое, ки мехоҳанд, ғолиби озмун шаванд, ба мо менависанд. Дар бораи беҳтарин ва арзандатарин номзадҳое, ки монеаҳои зиёдеро гузаштаву ба орзуи худ расидаанд, хабарнигорони бахшҳои Осиёи Марказии Радиои Озодӣ гузориш ва мустанадҳо таҳия ва пахш мекунанд. Корбарон дар бораи онҳо изҳори назар мекунанд.
Даври 2. Номзадҳои асосӣ муайян ва феҳрист шуда, хабарнигорони варзишӣ бо 50 дарсади рой ва аудиторияҳо бо 50 дарсади дигар ба номзадҳо овоз медиҳанд. Дар натиҷа, 5 нафар (якнафарӣ аз ҳар кишвари Осиёи Марказӣ) ғолиби озмун дониста мешаванд. Ҳамаи бахшҳои Осиёи Марказии Радиои Озодӣ дар бораи ҳар кадоме аз 5 барандаи озмун ба панҷ забон мавод мунташир менамоянд.
Ҷашнвораи тақдими ҷоизаҳо
Даври 3 ва ниҳоӣ. Ҳамаи панҷ ғолиби озмуни "Шахсияти варзиш – пирӯзӣ бар монеаҳо" ба маросими идонаи тақдими ҷоизаҳо ҷамъ меоянд. Дар ин ҷашнвора раҳбарони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, чеҳраҳои маъруфи варзиш ширкат намуда, рафти он ба таври зинда дар ҳамаи пойгоҳҳои ин расона пахш мешавад. Ба барандагони озмун ҷоизаҳои хотиравии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тақдим мегардад. Ҷашнвора, дар назар аст, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, баргузор шавад.
Мо бовар дорем, ки ин озмун на танҳо дастовардҳои олии варзишгарони Осиёи Марказиро ба намоиш хоҳад гузошт, балки дигаронро ҳам барои пирӯзӣ бар монеаҳо илҳом хоҳад бахшид.