Панҷ бахши Осиёи Марказии Радиои Озодӣ, бахшҳои тоҷикӣ, туркманӣ, узбекӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ, якҷоя озмуни "Шахсияти варзиш – пирӯзӣ бар монеаҳо"-ро эълон мекунанд.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бйналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 11-13-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - шаҳри Абузабӣ - баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард.
Рӯзи 10-уми октябр бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 миёни дастаҳои футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода – “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб – “Хуҷанд”-и Хуҷанд баргузор мешавад.
Бошгоҳи футболи “Моҳун Баган”-и шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон, ки аз парвоз ба Эрон барои бозӣ бо “Трактор”-и Табриз худдорӣ кард, аз Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедерасияи футболи Осиё) хориҷ шуд. Дар ин бора сомонаи AFC хабар додааст.
Мавсими нави футзал бо бозиҳо барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон оғоз меёбад.
Тими миллии Бразилия, ки дар бозии ниҳоии қаҳрамонии футзали ҷаҳон дар Узбекистон мунтахаби Аргентинаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори шашум ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.
Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон ҳайати дастаро барои ширкат дар 50-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2024» (“Ҷоми шоҳ- 2024”), ки аз 11-ум то 14-уми октябр дар шаҳри Сонгкхлаи Тайланд баргузор мешавад, эълон кард.
Комроншоҳи Устопириён, ҷудокори маъруфи тоҷик корномаи варзишиашро ба анҷом расонд. Рӯзи 5-уми октябр дар ҷараёни мусобиқаи қаҳрамонии ҷудо миёни наврасон дар Душанбе, ба Устопириён ҷомаи фахрӣ пӯшонданд. Варзишгар дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, минбаъд ҳамчун мураббии ҷудо кор мекунад.
Мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни навҷавонон, ки рӯзҳои 2-5-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар ҳисоби медалҳо бо пирӯзии дастаи мунтахаби Ҷопон ба поён расид. Ҷопониҳо 13 медал (6 тилло, 5 нуқра ва 2 биринҷӣ) гирифтанд.
Варзишгарони тоҷик дар се рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни навҷавонон, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко, фарзанди бозигари маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, сармураббии нави дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таъйин гардид.
Дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Аргентина ба даври ниҳоии қаҳрамонии футзали ҷаҳон, ки дар Узбекистон ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд.
Ёфтҳои бештар