Дастаи «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи «Талко Арена»-и шаҳри Турсунзода аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Голи ягонаро Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 22-юм ба самар расонд. Аммо аз руи натиҷаи ду бозӣ «Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт, ки дар бозии аввал дар шаҳри Душанбе “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.
Дар бозии дигари ҷавобии ниманиҳоӣ дастаи “Равшан” дар варзишгоҳи “Кӯлоб Арена”-и шаҳри Кӯлоб аз тими “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Голи Деян Тумбас дар дақиқаи 80-ум ба меҳмонон пирӯзӣ овард. Бозии аввали ниманиҳоӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:1 ба поён расида буд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ “Хуҷанд” ба финал баромад.
Ба ин тартиб, дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” рақобат мекунанд. Бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир мегардад.
Маблағи ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 60 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар финал мағлубшуда 40 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.
Дастаи «Истиқлол», ки соли гузашта дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб тими «Равшан»-ро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ – 0:0, замони изофа – 1:1) шикаст дод, бори даҳум Ҷоми миллиро соҳиб шуд.
Бояд гуфт, ки мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 33-юм сурат гирифтааст. «Истиқол» 14 маротиба ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта, аз ҳама бештар - 10 бор- Ҷоми миллиро ба даст овардааст.
Ҷоми Тоҷикистон-2024
Марҳилаи ниманиҳоӣ
Бозиҳои аввал
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» - 0:2
Голҳо: Ҷозеф Феумба, 26 (0:1). Квадво Фримпонг, 55 (0:2).
24-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
“Хуҷанд” – “Равшан” – 1:1
Голҳо: Сергей Сканян, 56 (1:0), Амирҷон Сафаров, 60 (1:1).
24-уми сентябр. Хуҷанд, варзишгоҳи “Спартак”
Бозиҳои ҷавобӣ
«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 0:1
Гол: Шервонӣ Мабатшоев, 22.
10-уми октябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1500 тамошобин.
«Равшан» – «Хуҷанд» – 0:1
Гол: Деян Тумбас, 80.
10-уми октябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена». 10 000 тамошобин
НАТОИҶИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992-2023):
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ҲИМА» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ҲИМА (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 4:2
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0
2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 5:4
2023 – «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) –– 1:1. Аз рӯи пеналти – 2:4
2024 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) –– ?