Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин музокироти Риёзро "бисёр мусбат" хонд


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия музокирот миёни Амрико ва Русия дар Арабистони Саудиро "бисёр муҳим" хонд ва онро "қадами нахуст" дар ростои барқарории робитаҳо бо Вашингтон донист.

Мақомоти ин ду кишвар 18 феврал дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ, дидор карданд. Ин нахустин нишасти сатҳи болои онҳо дар беш аз се соли гузашта ба шумор меравад.

Путин 19 феврал дар ҷараёни боздид аз як корхонаи тавлиди паҳбод дар шаҳри Санкт-Петербург гуфт, "дар ҷараёни ин гуфтугӯҳо қарор гирифтам. Онҳоро бисёр мусбат арзёбӣ мекунам. Натиҷаҳое ба даст омадааст".

Вай афзуд, "ба назари ман, мо қадами нахустро барои оғози ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун бардоштем".

Путин ҳамчунин изҳор дошт, ки раисҷумҳури Амрико, Доналд Трамп дар ҳоли дарёфти "маълумоти бетарафона" аст, аммо шарҳи бештаре надод. Бо ин ҳол, таъкид кард, ки барои ҳалли муноқиша, аз ҷумла, буҳрони Украина, лозим аст сатҳи боварӣ миёни ду кишвар афзоиш ёбад.

Владимир Путин ҳамчунин эълон кард, ки мехоҳад бо Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА дидор кунад. Аммо ӯ таъкид кард, ки ба ин дидор бояд аз пеш омода шуд, то битавон ба роҳҳалҳои мавриди қабули ду тараф, аз ҷумла дар мавзуи Украина, даст ёфт.

Аз замони ба сари қудрат омадани Трамп дар моҳи январ, ӯ амалан сиёсатҳои ҳукумати пешини Амрикоро дар бораи дар инзиво қарор додани Русияро канор гузоштааст.

Доналд Трамп дар як нишасти рӯзи сешанбеи ин ҳафта Киевро "ба оғози ҷанг муттаҳам кард". Ӯ ҳамчунин гуфт, ки раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз маҳбубияте зиёд бархӯрдор нест.

Дар навбати худ, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз музокирот миёни ИМА ва Русия дар Арабистони Саудӣ ибрози нигаронӣ кард ва онро талоше барои поён додан ба инзивои чандсолаи Владимир Путин донист.

Кишварҳои аврупоӣ ҳам аз таҳаввулоти ахир дар сиёсатҳои раисҷумҳур Доналд Трамп дар баробари бӯҳрони Украина, нигаронӣ кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG