Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо номи дигарон хона мегиранд." Дороии мансабдорон эълон мешавад?


Илёс Идрисзода рӯзи 21-уми январ раиси Оҷонси хидмати давлатӣ таъйин шуд
Илёс Идрисзода рӯзи 21-уми январ раиси Оҷонси хидмати давлатӣ таъйин шуд

Баъд аз чанд соли баҳс, Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон тасмим дорад, ки эъломияи дороии мансабдоронро барои ҷомеа пешниҳод кунад. Хабарро раиси навтаъйини ин ниҳод Илёс Идрисзода дар нишасти хабарии рӯзи 28-уми январ эълон кард.

Маоши кам, вале сарвату дороии баъзе аз мансабдорон шубҳаро дар бораи шаффофияти кори онҳо ба миён гузошта, на ҳама бовар доранд, ки дороии воқеии мансабдорон пешниҳод карда мешавад.

Илёс Идрисзода, раиси Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон, мегӯяд, пешниҳоди дороии мансабдорон дар сатҳи вазорату идораҳо дар баррасӣ қарор дорад, аммо нагуфт кай ниҳоӣ хоҳад шуд.

“Тавре бо мавод шинос шудам, кор дар мавриди ошкор кардани эъломия идома дорад. Санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бо вазорату идораҳо мувофиқа карда мешаванд. Баъд аз он ки хулоса муайян шуд, ба таври иловагӣ хабар медиҳем,” – афзуд ӯ.

Мансабдорони тоҷик ё хидматчиёни давлатӣ ҳар сол дар бораи дороиҳои худ ба Оҷонси хидмати давлатӣ эъломия пешниҳод мекунанд. Ин маълумот расонаӣ намешавад ва ҷомеа дар бораи дороиҳои мансабдорон чизе намедонад.

Назари сокинон ҳам яксон нест. Ёқуб Қобилов, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 28-уми январ гуфт, “бисёриҳо бо номи дигарон мошин мегиранд, хона мегиранд. Тиҷораташонро ҳам ошкор намекунанд.”

Яке аз роҳгузарон дар кӯчаҳои Душанбе посух дод, ки “ҳама дороиҳояшонро пешниҳод намекунанд. Агар донам, ягон кас ба ман ягон чиз медиҳад? Надонам чӣ? Надонистан беҳтар аст, ки хубтар хоб мекунам."

Мусоҳиби дигари мо афзуд, пешниҳоди дороии мансабдорон ба ҷомеа барои сокинон аҳамият дорад ва ин кор бояд иҷро шавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Нашри эъломияи моликияти мансабдорон лозим аст ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Мавзӯи ифшои дороии мансабдорон дар соли 2019 ва замоне доғ шуд, ки раиси пешини Оҷонси хидмати давлатӣ Ҷумъа Давлат гуфта буд, "ҷомеаи Тоҷикистон ба қабули он омода нест".

Дар Тоҷикистон наздик ба 19 ҳазор хидматчии давлатӣ кор мекунанд, ки ба иттилои расмӣ маоши миёнаи онҳо 1940 сомонӣ, камтар аз 200 доллари амрикоист. Дороии онҳо бештар аз даромадашон ҳадс зада мешавад.

XS
SM
MD
LG