Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳар моҳе 300 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ кардаанд" ё бештар аз он?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон гуфт, ки дар соли 2024 ҳар моҳе тақрибан 300-350 тоҷикистонӣ аз Русия ихроҷ карда шудаанд.

Ҳабибулло Назарзода рӯзи 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ талош кард, нишон диҳад, ки теъдоди онҳо чандон зиёд нест. Хабарнигорон ин оморро зери шубҳа гузоштанд.

Худи ӯ дар моҳи июли соли гузашта гуфта буд, ки давоми шаш моҳи аввали соли 2024 аз фурудгоҳҳои Русия 3400 шаҳрванди Тоҷикистон “депортатсия” шудаанд.

Бо вуҷуди пойфишории хабарнигорон, раиси Оҷонси ҳавонавардӣ омори умумиро эълон накард. Ӯ танҳо гуфт, “ба ҳисоби миёна рӯзе 10-13 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ба ватан фиристода шуданд” ва ин омор назар ба соли 2023 камтар аст. Ҳарфе, ки хабарнигорон бо он розӣ нашуданд.

Назарзода сабаби ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро мутобиқат накардани ҳуҷҷатҳои онҳо номид. Соли 2024 ба дасти Радиои Озодӣ даҳҳо наворе расид, ки муҳоҷирон иддо доштанд, онҳоро бидуни асос ё бо баҳонаҳои ночиз аз фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон баргардондаанд.

Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар канори Маскав, ки мақомоти Русия асосан шаҳрвандони Тоҷикистонро ба анҷоми он гумонбар медонанд, ихроҷи муҳоҷирон аз он кишвар зиёд шуд. Дар ин ҳамла бештар аз 140 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Дар Русия бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки соли 2024 танҳо аз шаҳри Маскав тақрибан 20 ҳазор хориҷӣ ва бахусус муҳоҷирони тоҷику узбек ва қирғизро берун карданд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Омори баҳсбарангези идораи ҳавонавардии Тоҷикистон дар бораи ихроҷи муҳоҷирон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00
XS
SM
MD
LG