Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар марҳилаи баъдии ҷанг дар Украина нуфузи фавқулода зиёде хоҳад дошт, аммо ин нуфузашро чӣ гуна истифода мекунад, ҳоло возеҳ нест.
Ӯ зимни суханронӣ дар маросими адои савганд дар рӯзи 20-уми январ гуфт, мехоҳад, раисҷумҳури "сулҳофар" бошад. Дар маъракаи интихоботиаш ваъда дод, ки ба ҷанг дар Украина зуд поён медиҳад. Украина барои ин ҷанг миллиардҳо доллар кумаки низомии Амрикоро дарёфт мекунад.
Равиши муомилотии Трамп ба дипломатия бими онро барангехтааст, ки ӯ метавонад, пушти сари Украина бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба созиш бирасад.
Марӣ Думолин, дипломати собиқи Фаронса дар Шӯрои Аврупоии Равобити Хориҷӣ, мегӯяд: “Ҳоло ҳам ин нигаронӣ ҳаст, ки Трамп бо Путин ба мувофиқа мерасад ва сипас ба Украина мегӯяд, ки онро бипазирад, дар акси ҳол ёриҳои Амрико қатъ мешаванд.”
Стратегияи Доналд Трамп барои поён додан ба ҷанг ҳанӯз дар ҳоли шаклгирист, вале ба қавли таҳлилгарон ӯ ду роҳи васеъе дар пеш дорад.
Аввалин роҳ бо қатъи ёриҳои зарурӣ маҷбур кардани Украина ба музокирот ва пазируфтани сулҳи номуносиб барои Украина аст. Сенарияе, ки ҳукумати Украина ва кишварҳои ғарбӣ бадтарин роҳ меҳисобанд.
Роҳи дигар, бо эъмоли таҳримоти нав ба зидди Русия ва афзудани кӯмакҳои низомӣ ба Украинаву зери фишор қарор додани Русия. Дар ин ҳолат, ба гуфтаи Марӣ Думолин, “интихобҳо зиёданд.”
Оё Трамп бо Путин ба тавофуқ мерасад?
Ҳам Путин ва ҳам Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, аломат додаанд, ки омодаи музокироти сулҳ ҳастанд, вале возеҳ нест, ки ду тараф майле барои гузашт доранд, ё не.
Владимир Путин дар аввал мехост, Киевро ишғол карда, ҳукумати дастнишондае таъйин кунад. Русия ҳамчунин аз талаби нигаҳ доштани минтақаҳои ишғолкардааш дар Украина ва маҳдуд кардани ҳаҷми артиши ин кишвар даст накашидааст.
Киев инро аслан намехоҳад ва гуфтааст, ки бояд тамоми нерӯҳои Русия аз Украина берун шаванду қаламравҳои кишварро баргардонанд. Айни замон Владимир Зеленский гуфтааст, ки омодаи гуфтугӯ дар бораи қатъи ҷанг дар ҷабҳаҳои мавҷуд аст, ба ин шарт, ки роҳи Украинаро барои узвият дар НАТО боз кунанд.
Доналд Трамп ҳамчунин дар пайи истифода аз муносибатҳояш бо Путин аст, ки ӯро дар гузашта ба унвони стратеги “сахте” ситоиш карда, гуфтааст, ки ният дорад, бо ӯ рӯбарӯ гап занад.
Майк Волтз, мушовири амнияти миллӣ дар маъмурияти Трамп, рӯзи 12-уми январ дар як мусоҳиба гуфт: “Аз назари Доналд Трамп агар шумо бо касе робита ва муколама надошта бошед, ба тавофуқ намерасед. Дар моҳҳои наздик мо қатъан аз ҳамин роҳ ҳаракат мекунем.”
Трамп рӯзи 20-уми январ ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон дар Кохи Сафед дигарбора робитаи шахсии худ бо Путинро дар миён кашид ва гуфт, ки “ман бо ӯ хуб ҳастам. Умедворам, ӯ мехоҳад, ба созиш бирасем.”
Айни замон ӯ Путинро танқид кард ва ин танқид аломате аз он дониста мешавад, ки Трамп метавонад, барои расидан ба созиш бо Маскав ҳам аз подош ва ҳам аз танбеҳ истифода кунад. “Ба назари ман, ӯ бо тавофуқ накардан, Русияро вайрон мекунад. Ба андешаи ман, Русия ба мушкили бузурге гирифтор мешавад,” – гуфт Трамп.
Александр Мотсюк, сафири собиқи Украина дар Амрико, ба Радиои Озодӣ гуфт, Киев бояд ба қавле барои ҳуҷуми дипломатӣ омода бошад, то аз тамосҳои байни Маскаву Вашингтон ғофил намонад.
“Дар марҳилаи аввал Украина бояд бо Амрико гап бизанад ва сипас Русия бо Амрико гуфтугӯ кунад. Пас аз ин Амрико бо назардошти мавзеъгирии ду кишвар, метавонад, пешниҳодҳое ироа кунад.”
Трамп чӣ абзорҳое дар даст дорад?
Бо вуҷуди суръат гирифтани шитоб барои гуфтугӯҳо, мумкин аст, Доналд Трамп Русияро ба осонӣ ба сари мизи музокирот оварда натавонад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, бо вуҷуди талафоти сахти артиши Русия дар майдонҳои ҷанг, Владимир Путин бовар дорад, ки Русия ҷангро мебарад ва аз ин рӯ ангезаи зиёде барои тағйири мавқеъ надорад.
Дар ин сурат, мумкин аст, Доналд Трамп аз абзори фишор истифода кунад, яъне бо эъмоли таҳримоти сахттар иқтисоди Русияро ҳадаф бигирад. Пеш аз анҷоми маъмурият, ҳукумати Ҷо Байден, раисҷумҳури собиқи Амрико, таҳримҳои бисёр зараровар барои ширкатҳои нафти Русияро ҷорӣ кард, ки дигар кишварҳои ғарбӣ накардаанд. Мумкин аст, Доналд Трамп ба ин навъи таҳримот биафзояд.
Скот Бессент, номзади пешниҳодии Трамп ба мақоми вазири молия рӯзи 16-уми январ гуфт, агар Доналд Трамп дархост кунад, ӯ “100 дар сад” тарафдори тақвияти таҳримот ба зидди ширкатҳои нафтии Русия аст, то Маскавро “ба сари мизи музокирот” биёранд.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, ҳам гуфт, дар сурати музокирот барои хатми ҷанги тақрибан сесола, ҳам эъмоли таҳримот ва ҳам бардоштани онҳо дар назар гирифта хоҳанд шуд. Марко Рубио афзуд, барои расидан ба созиши сулҳ, ҳам Русия ва ҳам Украина бояд барои “гузашт” омода бошанд ва “барои расидан ба созиш таҳримот ҳам метавонанд, як бахши гуфтугӯ бошанд.
Трамп ҳамчунин метавонад, ба Путин фишор биёрад, ки кумакҳои низомиро ба Украина меафзояд, то вазъ дар ҷабҳаҳои ҷанг ба нафъи ин кишвар тағйир ёбад.
Маълум нест, ки раиси ҷумҳури нави Амрико кадом роҳеро интихоб мекунад, бахусус бо назардошти онки ваъда додааст, кумакҳои низомӣ ба Украинаро коҳиш медиҳад. Айни замон ҳукумати Байденро танқид кардааст, ки “барои ҳимояти марзҳои бегонагон пулҳои бемаҳдудияте” додааст.
Ба қавли Марӣ Думолин, дипломати собиқи фаронсавӣ “Русия ҳеч гоҳ аломате аз омодагӣ ба гузашт нишон надодааст, аз ин рӯ ба қавли ӯ, “интихоби ягона барои Трамп ин мемонад, ки ё шартҳои Маскавро бипазирад ва ё роҳҳои тағйири онро пайдо кунад.”