Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Раиси "Тоҷик Эйр" аз поёни баҳси даҳсола бо ширкати литвонӣ хабар дод

Парвиз Шодмонзода.
Парвиз Шодмонзода.

Раиси ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, баҳси даҳсола бо ширкати литвонии “Скайроуд лизинг” тамом шуд.

Парвиз Шодмонзода рӯзи 29-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси қарори додгоҳ, қарзи онҳо дар назди “Скайроуд лизинг” ба 36,6 миллион доллар расида буд, ва бар асоси созиш ҳамагӣ 2 миллион доллар пардохт мекунаду бас.

Назари ширкати литвонӣ дар ин бора ҳанӯз дастрас нест.

Мудири “Тоҷик Эйр" мегӯяд, аллакай 500 ҳазор долларро ба ҳисоби "Скайроуд лизинг" гузарондаанд ва қарор аст 1,5 миллион доллари дигарро пардохт кунанд.

Баъди пардохти ин маблағ, ба гуфтаи Парвиз Шодмонзода, ду ҳавопаймои ширкати “Скайроуд лизинг”, ки дар фурудгоҳи Душанбе ҳастанд, моли “Тоҷик Эйр” хоҳанд шуд. Ҳарчанд мудири “Тоҷик Эйр” мегӯяд, ҳарду ин ҳавопаймо аз кор мондаанд ва бояд таъмир шаванд.

Баҳси "Тоҷик Эйр" ва ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2013 идома дорад. "Скайроуд Лизинг" даъво дорад, ки коршарики тоҷикаш бояд 20 миллион доллар бипардозад. Масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" ин даъворо қабул надоштанд.

Пештар Додгоҳи арбитражии шаҳри Вилнюс "Тоҷик Эйр"-ро ба пардохти ин миқдор маблағ вазифадор карда буд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе аввал даъворо рад кард, аммо дертар Додгоҳи олии иқтисодӣ қарори Додгоҳи ҳаками Вилнюсро пазируфт.

Дар пайи баҳс бо "Скайроуд лизинг", як ҳавопаймои "Тоҷик Эйр"-ро дар фурудгоҳи Внуковои Маскав ҳабс карданд. Мудири "Тоҷик Эйр" рӯзи 29-уми январ гуфт, баъди созиш бо "Скайроуд лизинг" ҳавопаймои худро аз фурудгоҳи Внуково оварда, барои таъмир ба Узбекистон мефиристанд.

Парвиз Шодмонзода афзуд, ба ҷуз ширкати литвонӣ, "Тоҷик Эйр" аз дигар ширкатҳо низ қарздор аст, аммо "он қадар бисёр нест." Шодмонзода афзуд, баҳс бо ширкати литвонӣ яке аз мушкилиҳои асосии "Тоҷик Эйр" буд.

Ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" аз соли 2019 парвоз намекунанд. Ин ширкат аз тирамоҳи соли 2024 парвозҳои маҳаллиро аз Душанбе ба Хоруғ, Панҷакент ва Кӯлоб оғоз кард.

Мудири "Тоҷик Эйр" афзуд талош доранд, парвозҳои байнулмилалиро низ аз сар гиранд, аммо замони дақиқро ба забон наовард.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Як зан бори аввал дар таърихи Ҷопон дар остонаи нахуствазирӣ қарор гирифт

Санаэ Такаити, раҳбари нави Ҳизби ҳокими либерал -демократи Ҷопон.
Санаэ Такаити, раҳбари нави Ҳизби ҳокими либерал -демократи Ҷопон.

Ҳизби ҳокими Ҷопон бо интихоби Санаэ Такаити ба унвони раҳбари худ, ӯро дар масир қарор гирифтан дар ҷойгоҳи нахустин сарвазири зан дар ин кишвар қарор дод.

Ҳизби либерал демократи Ҷопон, ки тақрибан пас аз поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ Ҷопонро идора кардааст, Санаэ Такаитии 64-соларо бо ҳадафи бозгардондани боварии умумӣ мардум, ки аз боло рафтани нархҳо хашмгинанд, рӯзи 4 октябр раҳбари худ интихоб карданд.

Сарнавишти ниҳоии мақоми сарвазирии Ҷопон дар раъйгирӣ дар порлумон рӯзи 15 октябр, маълум хоҳад шуд.

Раҳбари ҳизби ҳокими кунунии Ҷопон танҳо дар сурате мумкин аст ба нахуствазирӣ нарасад, ки ҳизбҳои мухолиф муттаҳид шаванд ва бар рӯи як номзади дигар ба созиш бирасанд. Иттиҳоде, ки расонаҳои ҷараёни аслӣ шакли гирифтани онро номумкин медонанд.

Санаэ Такаити, ки пештар вазири амнияти иқтисодӣ ва умури дохилӣ будааст ва барномаи молии тавсеаталабонае барои чаҳорумин иқтисоди бузурги ҷаҳон дорад, раҳбарии ин ҳизбро дар шароити буҳронӣ ба дӯш мегирад.

Трамп хостори "таваққуфи фаврӣ"-и ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза шуд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз Исроил хостааст, ки ба таври фаврӣ ба бомбаборони Ғазза поин диҳад.

Трамп шаби гузашта дар паёме дар шабакаи Social Truth навишт, "Исроил бояд фавран бомбаборони Ғазза бас кунад, то битавонем афродеро, ки назди "Ҳамос" гаравгон ҳастанд, раҳо кунем".

Гурӯҳи "Ҳамос" дервақти ҷумъа бахшҳое аз тарҳи пешниҳодшудаи сулҳ аз сӯи Амрикоро пазируфт, аммо дар бораи ин, ки силоҳҳои худро ба замин бигузорад, чизе нагуфт.

Трамп дар идомаи паёми худ навиштааст, ки дар бораи ҷузъиёти ин тарҳ баҳс мешавад, аммо ин тарҳ фақат хос ба Ғазза нест, балки барномаи фарогир барои сулҳ дар Ховари Миёна аст, ки "муддати тӯлонӣ дар талоши расидан ба он будем".

Нуқтаҳои асосии ин тарҳи пешниҳодшуда аз сӯи Амрико, ин раҳоии ҳамаи гаравгонҳо аз сӯи "Ҳамос", аслиҳаи худро ба замин гузоштани ин гурӯҳ, вогузории қудрат дар Ғазза ба технократҳо мебошад.

Дар иваз, Исроил бояд ҳамлаҳои худро ба Ғазза қатъ кунад, нерӯҳои низомиашро аз Ғазза берун созад ва талош барои бозсозии Ғаззаро оғоз кунад.

Чанд соат қабл аз ин, раисҷумҳури Амрико ҳушдор дода буд, ки агар "Ҳамос" то бегоҳи якшанбе ба ин тарҳ посух надиҳад, бо паёмадҳои ногувор рӯбарӯ хоҳад шуд.

Трамп ҳафтаи гузашта дар Кохи Сафед бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мулоқот кард ва тарҳи пешниҳодии сулҳ низ пас аз ҳамин дидор матраҳ шуд.

Аз сӯи дигар, хабаргузории "Рейтерз" гузориш додааст, ки пас аз нашри паёми нави Трамп, ҳанӯз Исроил ба ҳамлаҳояш дар Ғазза идома додааст. Бар асоси гузоришҳо, дастикам 70 тан рӯзи ҷумъа дар ҳамлаҳои Исроил кушта шуданд.

Ҷанги навбатӣ миёни фаластиниҳо ва Исроил рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин рӯз "Ҳамос" 1200 исроилиро кушт ва беш аз 250 тани дигарро ба гарав бурд.

Дар пайи ҳамлаҳои наздик ба ду соли Исроил ба Ғазза беш аз 66 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Ошкор шудани "фоҳишахонаи хориҷӣ" дар Душанбе

Акс аз сафҳаи фейсбукии пулиси Душанбе.
Акс аз сафҳаи фейсбукии пулиси Душанбе.

Дар шаҳри Душанбе як марди хориҷиро ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 3 октябр бо нашри як навори видеоӣ гуфт, ки ин фард дар охирҳои моҳи апрели соли равон бо ҳадафи соҳибкорӣ ба пойтахти Тоҷикистон омада, зери ниқоби тарабхона дар асл фоҳишахона ташкил кардааст.

Пулис дар шарҳи мавзуъ гуфтааст, ки гумонбар дар дохили як таҳхона, ки ба иҷора гирифта буд, 14 ҳуҷра бо шароитҳои махсус омода намуда, 15 ҷавондухтарро аз кишварҳои хориҷӣ барои хизматрасониҳои ҷинсӣ, ҷалб намудааст.

Бо вуҷуди он, ки дар видео чеҳраи ин мард нишон дода мешавад, аммо гуфта нашудааст, ки ӯ шаҳрванди кадом кишвар аст. Ҳамчунин маълум нест, ки ин ҷавондухтарони боздоштшуда, шаҳрвандони кадом кишвар(ҳо) ҳастанд.

Айни замон пулис фаъолияти ин марказро қатъ карда, нисбати боздоштшуда бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парванда оғоз гардидааст. Ин банди Кодекс барои "ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона", ҷарима ва ё маҳрум намудан аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Ҳамзамон, ба гуфтаи пулис, нисбати ин занони хориҷӣ бо моддаи 130-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Тоҷикистон протоколҳо тартиб дода шуда, аз қаламрави кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Маълум нест, ки оё фарди дастгиршуда ва занони муттаҳам ба сабукпойӣ, бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ва ба ин иттиҳом чӣ назар доранд.

Ин барои бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон хориҷиҳо ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт мешаванд.

Дар моҳи феврали соли 2019 кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як шаҳрванди Чин ва як табааи Ветнамро бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона бо ҷалби хориҷиён боздошт карда буданд.

Он замон пулис гуфт, ки як зани ветнамӣ бо як шаҳрванди Чин машварат карда, бо баҳонаи таъмини кор дар тарабхонае дар Русия се зани ветнамиро аз тариқи Қазоқистон ба Тоҷикистон оварданд.

"Муштариён ин се зан бештар шаҳрвандони Чин будаанд, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд",-омада буд он замон дар хабари ВКД.

Кушта шудани хабарнигори фаронсавӣ дар ҳамлаи паҳбодии Русия дар Украина

Антони Лалликан, хабарнигори фаро
Антони Лалликан, хабарнигори фаро

Ҳукумати Украина ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон рӯзи 3 октябр эълон карданд, ки дар ҳамлаи паҳбодии Русия дар наздики хатти пеши ҷанг, як рӯзноманигори фаронсавӣ кушта ва як наворбардори украинӣ захмӣ шуд.

Макрон дар сафҳаи худ дар шабакаи Х навишт, "ҳамватани мо, хабарнигори аксбардор Антони Лалликон, артиши Украинаро дар ҷабҳаи муқовимат ҳамроҳӣ мекард. Бо камоли таассуф аз марги ӯ дар асари ҳамали паҳбодии Русия хабардор шудам".

Вай афзуд, "ҳамдардии самимии худро ба хонавода, азизон ва ҳама ҳамкоронаш, ки бо ба хатар андохтани ҷони худ барои мо хабаррасонӣ мекунанд ва воқеияти ҷангро бозгӯ мекунанд, иброз мекунам".

Артиши Украини ҳам дар "Фейсбук" навишт, ки хабарнигори аксбардор Григорий Иванченко дар ҳамон ҳамла захмӣ шуда, вазъаш муътадил аст.

Ин баёния мегӯяд, "ҳар ду рӯзноманигор таҷҳизоти ҳифозати шахсӣ пӯшида буданд ва дар васкатҳои зидигулӯлаи онҳо навишта шуда буд: PRESS.

"Душман бори дигар ба шеваи бадбинона принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро нақз кард. Ин воқеият бори дигар бераҳмии артиши душманро тасдиқ мекунад",-омадааст дар ин баёния.

Мақомоти украинӣ эълон карданд, ки Лалликани 37-сола дар наздикии хатти пеши ҷанг дар минтақаи Донетск дар канори нерӯҳои Украина буд, ки кушта шуд.

Федератсияҳои Аврупо ва байналмилалии рӯзноманигорон ин кушторро "ҷинояти ҷангӣ" хонданд.

Ин гурӯҳҳо эълон карданд, ки Лалликон аввалин рӯзноманигоре буд, ки тавассути паҳбод дар ҷанги Украина кушта шуд, ҳарчанд ЮНЕСКО эълон кардааст, ки аз замони ҳамлаи Маскав дар феврали соли 2022, 21 рӯзноманигор ба шеваҳои дигар дар ҷанги Украина кушта шудаанд.

Гузоришгарони бидуни марз (RFS), созмони байналмилалии рӯзноманигорӣ хостори таҳқиқи сареъ шуд.

Бозӣ барои Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2025 дар Душанбе доир мешавад

Рӯзи 4-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 дар риштаи футзал баргузор мегардад.

Ба иттилои Лигаи футзали Тоҷикистон, бозӣ барои Суперҷом шоми шанбе миёни ду дастаи пойтахт - «Соро Компания» (сармураббиаш Пайрав Воҳидов) ва «Истиқлол» (сармураббиаш Владимир Чурляев) доир шуда, соати 19:00 оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи футзали “Истиқлол”-и Душанбе бори аввал барандаи Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон гардида буд. Барои Суперҷом "Истиқлол", қаҳрамони Суперлигаи кишвар, бо "Соро Компания", барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқот, мубориза бурд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Соро Компания”, ки 12-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, доир гардид, бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 4:3 хотима ёфт.

Голҳои “Истиқлол”-ро Рустам Ҳамидов, Муҳаммад Шарипов, Абдуқаюм Умаров ва Шавкат Ҳалимов ба самар расонданд. Дар ҳайати “Соро Компания” Самандар Ризомов ду гол ва Файзалӣ Сардоров як гол заданд.

Дар мавсими нави Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки 2-юми август шуруъ шуд, ҳашт даста иштирок дорад. Панҷ даста – «Соро Компания», «Истиқлол», КМВА (Клуби марказии варзишии артиш), «Амонатбонк» ва «Сомон» - аз шаҳри Душанбе, инчунин «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд, «Регар»-и шаҳри Турсунзода ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб мебошанд.

Бояд зикр намуд, КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб дастаҳои нави Суперлигаи футзали Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Мусобиқоти имсолаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо бо системи "хона – сафар" бо ҳамдигар рақобат мекунанд. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳила дастаҳои беҳтарин ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот мубориза хоҳанд бурд.

Марҳилаи аввали мусобиқот ба поён расид. Баъди натиҷагирии бозиҳои ҳафт даври мусобиқот дастаи “Сипар”, ки дар ҳамаи бозиҳояш пирӯз шуд, дар ҷадвали бозиҳо бо 21 имтиёз дар ҷойи аввал аст.

Дастаҳои “Соро Компания” ва “Истиқлол” бо 16-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд. Се даста – “Сомон”, “Амонатбонк” ва КМВА – 9-имтиёзӣ гирифтаанд. “Равшан” се имтиёз дорад, аммо “Регар” ҳанӯз имтиёз ба даст наовардааст.

Дар муколамаи навбатӣ оид ба Афғонистон дар Русия мақомоти Тоҷикистон ҳам ширкат мекунанд

Маскав, октябри соли 2024. Амирхон Муттақӣ ва Сергей Лавров - вазирони корҳои хориҷии Толибон ва Русия
Маскав, октябри соли 2024. Амирхон Муттақӣ ва Сергей Лавров - вазирони корҳои хориҷии Толибон ва Русия

Дар шаҳри Маскав рӯзи 7 октябр ҷаласаи навбатии муколама оид ба Афғонистон барпо мешавад ва дар кори он мақомоти Тоҷикистон ҳам иштирок хоҳанд кард. Интерфакс бо такя ба Мария Захарова, сухангӯи ВКХ Русия рӯзи 2 октябр навишт, дар ҷаласаи «Чаҳорчӯби Маскав» қарор аст инчунин намояндагони ҳукумати Толибони Афғонистон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Узбекистон ва Туркманистон иштирок кунанд.

Ҷаласаи пӯшида аз чашми матбуот қарор аст таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҷараён гирад. “Таваҷҷӯҳ ба мушкили оштии миллӣ дар Афғонистон ва тавсеаи ҳамкорҳои миёни кишварҳои минтақа бо Кобул дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, зиддитеррористӣ ва мубориза бо маводи мухаддир равона мешавад”, гуфт Захарова.

Толибонро дар ин ҷаласа Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон намояндагӣ мекунад ва як гуфтугӯи ҷудогонаи ӯ бо Лавров ҳам дар назар гирифта шудааст.

Ҳукумати Толибон, ки августи соли 2021 дар Афғонистон сари қудрат баргаштааст, то ҳол ба ҷуз Русия дигар аз ҷониби ҳеҷ давлате ба расмият шинохта нашудааст. Ҳукумат дар Тоҷикистон бо ин ки ҳамкориҳои иқтисодиро бо Толибон идома медиҳад, гуфтааст, то замони таъсиси як ҳукумати фарогир аз гурӯҳу қавмиятҳои мухталифи сиёсию миллӣ, ин ҳукуматро эътироф намекунад.

Дар сатҳи байналмилалӣ як мояи аслии интиқод аз Толибон эҷоди ҳукумати ифротгарои исломӣ ва ба шиддат маҳдуд ва поймол шудани ҳуқуқи занону духтарон барои кору таҳсил мебошад.

EBRD стратегияи панҷсолааш барои Тоҷикистонро қабул кард

Даромадгоҳи қароргоҳи EBRD дар Лондон
Даромадгоҳи қароргоҳи EBRD дар Лондон

Бонки аврупоии бозсохт ва рушд (EBRD) рӯзи 3 октябр гуфт, ки барномаи стратегии панҷсола барои Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Ҳадафҳои стратегӣ барои тақвияти рақобатпазирӣ дар соҳаи хусусӣ ва мудирият равона меҳавад. Дар миёни бартариятҳои дигар сармоягузорӣ ба энержии боэътидол, нақлиёт ва зерсохторҳои шаҳрдорӣ мебошад.

Сомонаи бонк навишт, стратегияи нав марҳилаи панҷсолаи то соли 2030-ро дар бар мегирад ва ӯҳдадориҳои ин бонкро барои дастгирии тағйирот дар иқтисоди Тоҷикистон аз роҳи дастрасии фарогир ҳамроҳ бо сармоягузории молӣ ва сиёсати муколамаву ёрии фанниро дар бар мегирад.

Кори асосии ин барнома бо ширкатҳои тиҷоратии сатҳи миёна ва хурд вобаста хоҳад буд. Дар соҳаи энержӣ рушди энергияи "сабз" дар авлавият қарор мегирад.

Пешбиниҳои бонк ин аст, ки дар соли 2025 иқтисоди Тоҷикистон 7% ва соли 2026 - 5,7 дарсад рушд хоҳад кард.

Ҳаҷми ёриҳои молии бонк ба буҷаи Тоҷикистон дар доираи стратегияи панҷсола ошкор намешавад, вале бонк таъкид кардааст, ки то имрӯз дар ҳаҷми 1 миллиард доллар ба Тоҷикистон аз роҳи татбиқи 185 пружа сармоягузорӣ кардааст.

Таҳдиди як деҳқон бо силоҳ барои иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии гандум 

Дар Узбекистон як афсари пулис барои иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии ҳосили гандум, бо силоҳ ба деҳқоне таҳдид кард.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса дар яке аз рустоҳои вилояти Фарғона рух дода, навори лаҳзаи таҳдид ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Нерӯҳои амниятӣ бо фармони раҳбари ҳукумати маҳаллӣ шабона ба хонаи деҳқон даромада, ӯро ба он айбдор карданд, ки нақшаи ҷамъоварии ҳосили ғалларо иҷро накардааст.

Баҳс ба ҷанҷол печид ва дар навор дида мешавад, ки яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ соҳибхонаро бо силоҳ таҳдид ва талош мекунад, ки ӯро ба берун барад.

Фарзандони деҳқон илтиҷо мекунанд, ки падари беморашонро набаранд. Ин навор дар шабакаҳо сару садои зиёд ба по кард.

Корбарони аз он изҳори ҳайрат кардаанд, ки чаро деҳқонро барои ҷамъоварии ҳосили заҳмати худаш таҳдид мекунанд.

Мақомот ба ин ҳодиса вокуниш накардаанд.

Ҳамла дар назди канисаи яҳудиҳо дар Бритониё чор захмӣ бар ҷой гузошт

Манчестер, ходимони полис дар ҷои ҳодиса қарор доранд
Манчестер, ходимони полис дар ҷои ҳодиса қарор доранд

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё гуфт, аз ҳамлае, ки имрӯз дар назди канисаи яҳудиён дар шаҳри Манчестер рух дод, ваҳшатзада шудааст ва, ба гуфтааш, ин ки ин ҳамла дар рӯзи ҷашни барои яҳудиҳо муқаддаси Ём Киппур рух дод, “боз ҳам даҳшатноктар аст”. Полиси Бритониё гуфт, ки ҳамлагар савори мошине ба сӯи раҳгузарон ҳаракат карда баъдан аз мошин фаромада бо корд ба онҳо ҳамла кард. Полис ҳамлагарро бо тири туфанг ба қатл расонид.

Каниса дар шаҳри шимолуғарби Инглистон дар шаҳри Манчестер ҷойгир аст. Иди Ём Киппур (Рӯзи қиёмат) барои яҳудиён бисёр муҳим ва муқаддас буда, аз рӯи анъанаи динӣ, ба каниса рафтани ҳамаи онҳо зарур мебошад.

Кир Стармер ҷаласаи Кумитаи амнияти ҳукуматро даъват намуд ва худаш ҳам аз Копенҳаген, ки он ҷо ҷаласаи раҳбарони кишварҳои аврупоӣ барпо мешавад, дубора ба Лондон бархоҳад гашт.



Дар Тоҷикистон кормандони тиб зидди зуком эм карда мешаванд

>Дар Тоҷикистон барои ҳимояти кормандони тибб аз гирифторӣ ба зукоми мавсимӣ ва ҳам пешгирӣ аз эҳтимолияти сар задани пандемия дар оянда 33 ҳазор адад ваксина ворид шудааст.


Созмони ҷаҳонии беҳдошти вобаста ба СММ, ки дар таъмини ҳамшриву табибони тоҷик бо ин мавод мусоидат кардааст, мегӯяд, қарор аст соли оянда 100 ҳазор адад ваксина ба Тоҷикистон фиристода шавад.

Кормандони тиб дар сафи аввали мубориза бо бемориҳо қарор доранд ва ҳимояти саломатии онҳо дар авлавияти барномаи пешгирӣ аз зукоми мавсимӣ аст, мегӯяд ин идораи СММ.



Омбудсмен дар маҳбаси Ваҳдат бо зиндониёни хориҷӣ мулоқот кардааст 

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё Омбудсмени тоҷик барои шиносоӣ бо вазъи маҳбусон, ба зиндони Ваҳдат рафта, бо маҳбусони хориҷӣ дар алоҳидагӣ сӯҳбат кардааст.

Дафтари матбуоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хабар додааст, ки Умед Бобозода рӯзи 24 сентябр барои ошноӣ бо шароити нигаҳдории зиндониён ва риояи ҳуқуқи онҳо, аз муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, боздид кардааст.

Вай дар ин зиндон бо маҳбусон аз Қирғизистон, Афғонистон ва Русия мулоқот кардааст. Дар хабарнома омадааст, ки бархе аз ин маҳбусон аз Омбудсмени тоҷик хостаанд, онҳоро ба кишварҳояшон истирдод кунанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон шароити нигоҳдории маҳкумшудагонро хуб ва мутобиқ ба қонунҳои кишвару санадҳои байналмилалӣ хондааст.

Қаноатмандии Омбудсмен аз вазъи маҳбусон дар ҳолест, ки ин мавзӯъ борҳо мавриди нигаронӣ ва интиқоди созмонҳои ҳуқуқӣ ва коршиносон қарор гирифта буд.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номида буд.

Бино ба ин гузориш, баъзе аз зиндониҳо ҳангоми беморӣ аз дастрасии саривақтӣ ба ёрии тиббӣ маҳруманд.

Омбудсмен дар гузориши солонаи худ, ки соле пеш нашр шуда буд, гуфт, 350 зиндонӣ мубталои вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ва беш аз 100 нафар бемори сил доранд, ӯ инро як "душворӣ" дар зиндонҳои кишвар номида буд.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор маҳбус адои ҷазо мекунанд.

Ихроҷи 26 муҳоҷир аз Русия дар пайи ширкат дар консерти як овозхони узбек

Дар Красноярски Русия 26 муҳоҷир, аз ҷумла зодаҳои Тоҷикистонро ихроҷ карданд.

Инҳо ҳамон муҳоҷироне буданд, ки барои тафреҳу шодӣ ба консерти овозхони узбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев рафта буданд ва дар толори он аз сӯйи пулиси рус мавриди тафтиш қарор гирифтанд.

Бино ба навиштаи "Московский Комсомолетс", дар миёни афроди аз Русия рондашуда, зодаҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Арманистон будаанд. Бо қарори додгоҳ ҳамаи онҳо барои 5 сол аз вуруд ба Русия манъ шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳафтае пеш дар толоре дар Русия нерӯҳои пулис ё "ОМОН"-и Русия вориди маҳфиле бо ширкати муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шуда, ба тафтиши онҳо шурӯъ карданд.

Пулис дар хабарномааш гуфт, ки дар ин маросим 620 нафар ширкат дошт ва дар натиҷаи ин рейд даҳҳо нафарро боздошту бозпурсӣ шуданд.

Консулгарии Узбекистон дар Красноярск дар вокуниш талаб кард, ки ба ин амали пулиси рус баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Ҷабборов хост, тарҳи қонун дар бораи эҳёи ҳукми қатл таҳия шавад

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон.
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дастур додааст, ки тарҳи ислоҳи қонун дар бораи баргардонидани ҳукми қатл таҳия шавад.

Аскат Алагозов, сухангӯи президенти Қирғизистон рӯзи якуми октябр гуфт, гап асосан сари онҳое меравад, ки ба ҷинояти озори ҷинсии кӯдакон ва ё куштори занон, даст мезананд.

Ин тасмими раисҷумҳури Қирғизистон дар пасманзари қатли як духтари 17-сола гирифта шуд. Ҳодиса дар вилояти Иссикул рух дода, дар ин кишвар сару садои зиёде ба по кардааст.

Айсуулу рӯзи 27-уми сентябр нопадид шуд ва пас аз чанд рӯз ҷасади ӯро аз дараи Бум пайдо карданд. Бо гумони куштори ӯ як сокини 41-солаи Бишкек боздошт шудааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, мард Айсуулуро ба мошинаш шинонда, ба боғе мебараду таҷовуз ва қатл мекунад.

Содир Ҷабборов ин қазияро зери назорати шахсии худ гирифтааст.

Қирғизистон соли 2007 ҳукми эъдомро манъ кард. Пешниҳодҳо дар бораи дубора баргардонидани он дар ин кишвар чанд сол боз садо медиҳанд.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфт, то тасдиқи буҷаи нав корашро тағйир медиҳад

Парчами Амрико ва Тоҷикистон
Парчами Амрико ва Тоҷикистон

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон эълон кард, ки бо вуҷуди тасдиқ нашудани буҷаи нав ва қатъи маблағгузории ниҳодҳои давлатӣ дар Амрико то ҳади имкон додани раводид (виза) ба хориҷиён ва шиноснома ба шаҳрвандони ин кишварро идома медиҳад.

Ҳукумати Амрико пас аз ба созиш нарасидани ҷумҳурихоҳон ва демократҳо бар сари будҷаи молии нав, аз рӯзи чаҳоршанбе, 1 октябр, таътил шуд.

Зимнан, сафорат аз рӯзи 1-уми октябр дар хабарномааш гуфтааст, ки то тасдиқи буҷаи нав саҳифаҳои сафорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ нав намешаванд ва танҳо иттилооти фаврии марбут ба амният ва бехатарӣ нашр хоҳад шуд.

Дар Амрико бо сабаби тасдиқ нашудани буҷаи нав ва қатъи маблағгузорӣ тақрибан 750 ҳазор корманди ҳукумати федеролӣ ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шудааст.

Ҳукумати Амрико охирин бор дар солҳои 2018 ва 2019 дар давраи аввали президентии Трамп, бинобар ихтилоф бар сари сиёсатҳои муҳоҷиратӣ, ба муддати 35 рӯз таътил шуда буд.

Трамп гуфт, Путин ва Зеленский бояд рӯ ба рӯ гап зананд

Доналд Трамп, президенти ИМА
Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, президенти ИМА бори дигар таъкид кард, ки барои хатми ҷанг дар Украина суҳбати рӯ ба рӯи Владимир Путин ва Владимир Зеленский зарур медонад.

Ӯ гуфт, ки танҳо “бо нишон додани тавоноӣ” ба натиҷа расидан мумкин аст.

Трамп зимни суханронӣ дар назди ҳайати фармондеҳии олии артиши ИМА дар пойгоҳи Куантико изҳор дошт, ки дастур додааст, "як ё ду киштии зериобӣ" дар наздикии соҳилҳои Русия ҷойгир карда шаванд. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки Вашингтон захираи ҳастаии худро навсозӣ мекунад.

"Мо умед дорем, ки ҳеҷ гоҳ ба истифодаи он маҷбур намешавем," — гуфт ӯ.

Раҳбари Амрико Русияро "паланги коғазӣ" номид ва гуфт, аз Путин ноумед шудааст. Ӯ гуфт, фикр мекард, ки Путин зуд ба сулҳ розӣ мешавад, вале ӯ ин корро накард. Трамп майли бештари Русия ба ҷангро сабаби тақвияти чораҳои низомии Амрико дар наздикии марзҳои Русия донист.

Ёдовар мешавем, ки тобистони имсол Трамп дар посух ба изҳороти президенти собиқи Русия Дмитрий Медведев дар бораи имкони ҷанги Русия ва ИМА, дастур дода буд, ки ду киштии зериобӣ дар "минтақаҳои мувофиқ" ҷойгир карда шаванд.

Дар охири моҳи июл Медведев дар шабакаи иҷтимоии X ба Трамп муроҷиат карда, изҳор дошт, ки шартгузориҳои ӯ ба Русия "роҳ ба сӯи ҷанг" мебарад.

Ҷанги Русия дар Украина беш аз се сол боз идома дорад. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор нафар аз ду тараф кушта шуда, миллионҳо украинӣ овора шуданд. Таҷовузи Русия ба Украинаро аксари созмону давлатҳо маҳкум карда, алайҳи ин кишвар таҳрим ҷорӣ кардаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG