Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вазъият беҳтар аст, вале мардум хаста шудаанд"


Димишқ, Сурия
Димишқ, Сурия

Бо гузашти як моҳ аз суқути ҳукумати Башор Асад, вазири корҳои хориҷии Фаронса гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо дар пайи бардоштани баъзе аз таҳримҳо ба зидди Сурия аст.

Ҳадаф аз ин, ба қавли Жан Ноел Баррот, кумак дар барқарории иқтисодест, ки дар аҳди ҳукмронии хонаводаи Асад бемору заиф гаштааст. Аммо лағви таҳримҳои бештар аз амалкарди раҳбарони ҳукумати Сурия вобаста хоҳад буд, ки то куҷо ҳукумати фарогире таъсис медиҳанд.

Муҳаммад Бадир, сокини Димишқ, мегӯяд, иқтисод ва аҳволи мардуми Сурия беҳбудӣ мехоҳад: "Вазъият назар ба гузашта беҳтар аст, аммо баъзе мулоҳизот ҳаст. Пеш аз ҳама тамоми мардум хаста шудаанд. Ман ба тамоми қарорҳои нав эҳтиром мегузорам ва ба онҳое, ки ҷиддан кор мекунанд. Мушкил ин аст, ки мардум хастаанд ва даромадашон кам аст."

Парвозҳои байнулмилалӣ ба Димишқ аз сар гирифта шуд. Босим Ҳарирӣ баъди беш аз даҳ сол ба ватанаш баргашт.

Ӯ гуфт: "Ман як афсари пулиси дигарандешам. Соли 2012 Сурияро тарк карда, дигар барнагаштам. Хушҳолиямро тасвир карда наметавонам. Бояд муъҷизае мешуд, ки ман аз тариқи фурудгоҳи Димишқ бармегаштам ва ин муъҷиза шуд."

Дар айни замон ояндаи Сурия норӯшан аст. Нерӯи барқ ба сахтӣ таъмин мешавад ва бисёре аз маҳаллаҳо рӯзона фақат се ё чаҳор соат нерӯи барқ доранд. Вазири иқтисоди ҳукумати муваққат гуфт, ки таҳримҳо намегузоранд, Сурия барои харидани сӯзишворӣ, гандум ва дигар маводи зарурӣ қарордод бубандад.

Бархе дипломатҳои аврупоӣ бо шарти зикр нашудани номашон гуфтаанд, ки вазирони хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар охири моҳи январ дар бораи бардоштани баъзе таҳримот гуфтугӯ мекунанд.

Ба гуфтаи ду дипломат, ҳадаф бардоштани монеаҳо барои бозгардонидани пулҳои Сурия, осон кардани парвози ҳавопаймоҳо ва коҳиши таҳримоти соҳаи энержӣ аст, то таъминот бо нерӯи барқ беҳтар шавад.

Ҳукумати Амрико таҳримҳоро барои муомилоти молӣ бо Сурия барои 6 моҳ беэътибор кард.

Видеоро дар инҷо бинед:

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳоро ба зидди Сурия кам мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
XS
SM
MD
LG