Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Эрон. Сафари Масъуд Пизишкиён чиро дигар хоҳад кард?


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои эронии худ Масъуд Пизишкиён. Теҳрон, моҳи июли 2024
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамтои эронии худ Масъуд Пизишкиён. Теҳрон, моҳи июли 2024

Теҳрон барои Душанбе шарики муҳими роҳбурдист, ба вижа дар пасманзари нуфузи Туркия дар минтақа. Аммо баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба далели мушкилоти солҳои гузашта ва маҳдудиятҳои молии Эрон чашмандози муносибатҳои ин кишварҳо ҳамчунон номушаххас мемонад.

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, рӯзи 14-уми январ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, то 16-уми январ дар пойтахти кишвар хоҳад монд. Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манбаъҳои худ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навишт, ки гурӯҳе аз соҳибкорони баландпояи эронӣ Пизишкиёнро ҳамроҳӣ мекунанд. Ҷониби Эрон ҳам хабар дод, ки намояндагони бахши саноату маъдан ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломӣ ба Тоҷикистон хоҳанд омад.

Тарафҳо чӣ интизорӣ доранд?

Як таҳлилгари сиёсӣ аз Душанбе гуфт, бо дар назар гирифтани вазъияти куллӣ перомуни Эрон, сафари Пизишкиён ба Душанбе метавонад таҳаввулотеро дар пай дошта бошад.

"Теҳрон дар Ховари Миёна шикаст хӯрд. Омадани Доналд Трамп метавонад ба маънои фишор ва инзивои бештар бошад. Дар ин шароит, Эрон ба тавсеаи равобит дар ҷиҳати Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил алоқаманд мебошад," – афзуд ӯ. Номаш ба далели пеш наомадани мушкил дар кораш навишта намешавад.

"Эрон, мумкин аст, ҳамкорӣ дар ҳавзаи низомӣ, фаннӣ, саноатӣ ва энержиро пешниҳод кунад. Тоҷикистон низ ба ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар заминаи амният ва мубориза бо таҳдидҳо аз самти ҷануб алоқаманд аст ва дар айни ҳол ба дунболи мутаодил кардани ҳузури Туркия ва Чин дар минтақа аст," – афзуд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Александр Князев
Александр Князев

Александр Князев, коршиноси рус дар умури Осиёи Марказӣ, низ барои "Независимая газета" арзёбии ба ин монанд кардааст. Ба гуфтаи вай, дар масъалаҳои байнулмилалӣ ва минтақаӣ, ки ҳар ду тарафро нигарон мекунад, наметавон аз афзоиши шадиди фаъолияти Туркия чашм пӯшид.

Ба ақидаи Князев, барои Эрон ин масъала дар дараҷаи аввал ба вазъияти Сурия ва перомуни он вобаста аст, аммо барои Душанбе ба рушди фаъолияти Туркия дар минтақа, аз ҷумла дар қолаби Созмони Кишварҳои Туркӣ марбут мешавад.

Бар асоси додаҳои соли 2021, додугирифт байни Тоҷикистон ва Эрон то 120 миллион доллар афзоиш ёфт ва мизони сармоягузориҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар иқтисоди Душанбе ба 33 миллион доллар расид.

Дар "даврони тилоӣ", то соли 2013, додугирифт ба 300 миллион доллар мерасид. Ҳангоми сардии равобит ин рақам ба 58 миллион коҳиш ёфт. Барои муқоиса, ин шохис дар соли 2023 барои Тоҷикистон бо Чин 1,4 миллиард доллар ва бо Туркия 1 миллиард доллар будааст.

Ҳамкориҳо бо вуҷуди фишорҳо

Рӯзноманигор ва шарқшинос Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, фишорҳои эҳтимолии Амрико ба Эрон дар даврони Трамп ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон халал ворид намекунад.

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

“Эрон аз таҷрибаи арзишманди коҳиши таъсири фишорҳо ва таҳримҳои иқтисодии Амрико ва Ғарб бархурдор аст. Сатҳи болои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва додугирифти он бо кишварҳои мухталиф, бавижа кишварҳои ҳамсоя ва перомунӣ, ин воқеиятро тасдиқ мекунад. Чунин фишорҳо бар Эрон дар Осиёи Марказӣ дар қиёс бо минтақаҳои дигар камтар хоҳад буд. Тақвияти ҳузури иқтисодии Теҳрон дар минтақа боис ба коҳиши нисбии саҳми рақибони аслии Амрико хоҳад шуд. Ҳатто эҳтимолан Вашингтон аз чунин иқдом ҳимоят хоҳад кард,” – шарҳ дод ӯ.

Душанбе дар солҳои охир алоқаи худро ба бандари “Чобаҳор”, ки Эрон қасд дошт, онро ба маркази бузурги ҳамлу нақл табдил кунад, нишон додааст. Эрон дар соли 2021 ба бозсозии нақби “Истиқлол” кумак кард ва моҳи майи соли 2022 дар пасманзари муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ифтитоҳи корхонаи тавлиди паҳподи “Абобил 2” дар Тоҷикистон хабар дод. Албатта, дар солҳои баъд ҳеч далели таъйидкунанда дар ин замина нашр нашуд.

Мушкилот

Умед Ҷайҳонӣ, коршиноси умури Эрон, мегӯяд, барои Тоҷикистон ва Эрон дар ин марҳила рақобат бо кишварҳои туркзабон дар бозори энержӣ ва транзитӣ муҳим аст.

Умед Ҷайҳонӣ
Умед Ҷайҳонӣ

“Эрон чунон сармояеро ки дар ҷанг бо Исроил барбод медод, ҳоло метавонад барои беҳбуди зиндагонии шаҳрвандони худ ва беҳбуди муносибат ва равобити ду кишвари ҳамсоя ва ҳамзабон дар Осиёи Марказӣ ҳазина кунад. Ин фурсати бисёр хубест. Аз як сӯ дасти Эрон дар Ховари Миёна кӯтоҳ шудааст, аз сӯи дигар Туркия роҳи Эронро бо Аврупо бастааст. Озарбойҷон низ мехоҳад роҳи Эронро бо шимол бибандад барои ба даст овардани даҳлези Зангезур дар Арманистон. Эрон чорае ба ҷуз беҳбуди равобит бо Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон надорад,” - мегӯяд Ҷайҳонӣ.

Аммо, дар амал, ба гуфтаи ӯ, ба далели сармоягузориҳои номуваффақи гузаштаи Эрон дар Тоҷикистон ва камбуди манобеи молии озод дар Теҳрон иҷрои ин тасмим душвор хоҳад буд.

Бузургтарин тарҳи сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ба далели қарзҳои ҷамъшудаи ҷониби Тоҷикистон ва набудани таъмини молӣ боздошта шудааст. Тибқи маълумоти соли 2022, қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-2" ба 2,8 миллиард сомонӣ мерасад.

Амалиёти молии Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ, ки сармоягузори бузурге дар Тоҷикистон буд, низ бар равобити иқтисодии Теҳрон ва Душанбе таъсир гузошт. Беш аз ду миллиард евро, ки ба Вазорати нафти Эрон марбут буд ва, ба гуфтаи Занҷонӣ, ӯ онҳоро ба ниҳодҳои молии Тоҷикистон мунтақил карда буд, ҳамчунон нопайдо мондаанд. Мақомоти Тоҷикистон робитаи худро бо ин пулҳо тасдиқ намекунанд.

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломӣ барои муддати дароз мавзӯи баҳси ду тараф буд. Душанбе дар соли 2015 ва баъди он Эронро ба далели пуштибонӣ аз ҲНИТ, талош барои табаддулоти давлатӣ ва доман задан ба ҷанги дохилӣ муттаҳам мекард. Дар расонаҳои Эрон мақомоти Тоҷикистонро барои тасарруфи пулҳои Бобак Занҷонӣ муттаҳам медонистанд.

Дар соли 2019 равобити ду кишвар рӯ ба беҳбуд овард. Даҳҳо санад дар ҳавзаи тиҷорату иқтисод байни онҳо ба имзо расид ва низоми раводид (виза) бартараф шуд. Ин ки оё ду тараф метавонанд эътимоди гузаштаро ба таври комил барқарор кунанд, суоли аслии дидори пеширӯ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG