Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯшиши табаддулот" – "Баҳона барои нобуд кардани мунтақидон"


Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон. Шаҳри Душанбе, 14-уми сентябри 2023
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон. Шаҳри Душанбе, 14-уми сентябри 2023

Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш чӣ гуна аз "кӯшиши табаддулот" истифода мекунанд?

Дар Тоҷикистон мурофиаи пурсарусадое дар робита ба "кӯшиши табаддулот" ва "ғасби қудрат" дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст. Дар курсии айбдорӣ чанд намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ ва баъзе аз мансабдорони баландпояи собиқ, аз ҷумла вазири пешини корҳои хориҷӣ, раиси пешини Шӯрои олӣ ва сарҳангҳои мустаъфии амният нишастаанд.

Мурофиа дар Боздоштгоҳ ва пушти дарҳои баста мегузарад. Баъзе аз таҳлилгароне, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо онҳо суҳбат кард, ин равандро талоши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои “тоза кардани роҳи писараш Рустами Эмомалӣ аз мунтақидон” донистанд. Зимнан, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо баҳонаи “талоши табаддулот” аз рақибони сиёсӣ халос шудаанд. Чӣ гуна?

ТОҶИКИСТОН

Аксари ин "роҳзанҳои куҳансол", ки бо иттиҳоми кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар курсии айбдорӣ нишастаанд, нафақахӯр буда, кайҳо аз сиёсат рафтаанд.

Парвандаи кӯшиши табаддулот ва ғасби қудрат дар Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 бо боздошти раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Ин парванда

вазири собиқи корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ,

раиси собиқи Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров,

рӯзноманигор ва муовини раиси Ҳизби демократ Аҳмадшо Комилзода,

ҳуқуқдон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов,

сардори пешини раёсати матбуот, таҳлил ва банақшагирии сиёсати хориҷии ВКХ Абдулфайз Атоӣ,

ду полковники мустаъфии амният Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боевро низ дар бар мегирад.

Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ
Дар акс: Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршоҳ Искандаров, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоӣ

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар моҳи августи соли 2024 гуфт, ки боздоштшудаҳо зиёданд, аммо ба ҷуз ҳашт кас, номи дигарон ба матбуот маълум нест.

Ҳашт тан ба кӯшиши бо зӯр гирифтани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, қаллобӣ ва хиёнат ба давлат гумонзад ҳастанд. Додситон рӯзи 8-уми январи имсол ба онҳо аз 23 то 30 сол зиндон талаб кардааст.

Ҳангоми набудани озодии баён, аҳолӣ ва ҳатто намояндагони элита (нухба) маҷбур мешаванд, ки пинҳонӣ дар бораи режим табодули назар кунанд.
Алишер Илҳомов

Пайвандони гумонзадҳоро ба мурофиа роҳ намедиҳанд. Вакилони мудофеъ аз суҳбат парҳез мекунанд. Додситонии кулли Тоҷикистон, масъули таҳқиқи парванда, бар рӯйи он муҳри махфӣ зада, ба хабарнигорон маълумот намедиҳад. Аммо ин ниҳод рӯзи 14-уми июни соли 2024, баъд аз боздошти вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода, гуфт, ки нақшаи ғасби ҳукумат дар Тоҷикистон тӯли чанд сол омода шудааст.

Додситони кул Юсуф Раҳмон дар порлумон “сабти суҳбати телефонӣ дар соли 2021”-ро далели муҳиме донист, ки дар он гуё нақшаи эҳтимолии ғасби хушунатомези қудрат, аз ҷумла ҷалби ҷангҷӯён аз хориҷа ва дастгирии молии созмонҳои ифротӣ, баррасӣ шудааст. Баъзе аз манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, гумонбарон иттиҳомҳоро рад ва баръакс аз фишори муфаттишон шикоят кардаанд.

Баъзе аз коршиносоне, ки Радиои Озодӣ ҳамсуҳбат шуд, иттиҳоми “кӯшиши табаддулот”-ро як далели муносиб барои аз байн бурдани мунтақидон ва шахсони “хатарнок” дар роҳи интиқоли қудрат аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ донистанд.

Рустами Эмомалӣ 37-сола аст ва тайи чанд соли охир аз раиси Хадамоти гумрук то шахси дуюми давлат, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, расидааст. Тахмин зада мешавад, ки падараш ӯро барои ворисӣ омода мекунад. Падару писар дар ин маврид ҳеч гоҳ изҳори назар накардаанд.

Темур Умаров
Темур Умаров

Темур Умаров, корманди илмии Маркази Карнеги дар Берлин, гуфт, президенти Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки “ҳама чиз барои писараш бе душворӣ сурат бигирад”.

“Ӯ майдонро комилан пок мекунад. Яъне, касе намонад, ки маълумоти аз ҳад зиёд ҳассос дошта бошад. Маълумоте, ки метавонад алайҳи президенти нав истифода шавад,” – афзуд Умаров.

Коршиносони дигар мегӯянд, то чанде пеш дар долонҳои ҳукумати Тоҷикистон шахсоне буданд, ки вориси эҳтимолиро ба мансаби олии кишвар чандон омода намедонистанд. Касе, ки аз назари онҳо “ҳатто дар баробари хоҳараш бозанда ба назар мерасад”. Манзур, Озода Раҳмони 46-сола аст, ки ҳоло раёсати дастгоҳи иҷроияи президентро бар дӯш дорад.

“Аксари ин “роҳзанҳои куҳансол”, ки бо иттиҳоми кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар курсии айбдорӣ нишастаанд, нафақахӯр буда, кайҳо аз сиёсат рафтаанд. Эҳтимол, онҳо дар ҷое дар бораи ворис ҳарфи нохуб задаанд ва президент тасмим гирифтааст, ба ҳамаашон дарси адаб диҳад,” -- гуфт як коршиноси тоҷик, ки ба далели амниятӣ ва ба шарти фош нашудани номаш андешаи худро баён кард.

Брюс Паннир
Брюс Паннир

Брюс Паннир, коршиноси умури Осиёи Марказӣ, бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон “поксозӣ”-и фаъолони афкори ҷомеа ҷараён дорад. Шахсоне, ки ба бовари ӯ, метавонанд эҳтимол ба интиқоли қудрат халал расонанд.

“Дар ин парванда мухолифони ҳукумати феълии кишвар ва шахсони ботаҷриба дар сиёсати Тоҷикистон, вазирони собиқ ва мансабдорони дигар ҳастанд, ки 10, 20 сол ва ё бештар аз он соҳиби мақом буданд. Дар Тоҷикистон масъалаи интиқоли қудрат аз падар ба писар вуҷуд дорад. Ин афрод метавонанд ба таври ошкор ба қудрат расидани Рустами Эмомалиро қабул накунанд ва андешаи онҳо барои сокинони дигари Тоҷикистон муҳим хоҳад буд,” -- афзуд ӯ.

Алишер Илҳомов, мудири маркази таҳлилии Central Asia Due Diligence дар Лондон, мегӯяд, ин эҳтимолро наметавон истисно кард, ки муттаҳамон дар кӯшиши табаддулот шояд байни худ имкони барканории Эмомалӣ Раҳмонро (беш аз се даҳсола дар қудрат аст) баррасӣ кардаанд.

“Мо маълумот надорем, ки тафтишот кадом далелҳоро истифода мебарад. Аммо бо назардошти он ки парванда махфист, тахмин кардан душвор нест, ки далелҳо нокофӣ ва ё бофта ҳастанд. Аз ин рӯ, махфӣ ҳастанд. Парвандаҳои табаддулот набояд муҳри махфӣ дошта бошанд, зеро сухан дар бораи ифшои сирри давлатӣ намеравад,” – гуфт ӯ.

Алишер Илҳомов
Алишер Илҳомов

Илҳомов афзуд, ин гуна иттиҳомот ва парвандаҳо ба мантиқи низомҳои худкома мувофиқат мекунанд, бахусус вақте раҳбари авторитарии кишвар нияти ҳукмронии якумрӣ дорад ва муддати тӯлонӣ дар ин мақом мондааст.

“Ҳангоми набудани озодии баён, аҳолӣ ва ҳатто намояндагони элита (нухба) маҷбур мешаванд, ки пинҳонӣ дар бораи режим табодули назар кунанд. Ин, табиист, ки тарси ҳокимро аз мухолифати воқеӣ ё хаёлӣ ба вуҷуд меорад. Дар чунин мавридҳо парвандаи тавтеа алайҳи ҳукмронии ӯ на бар асоси далелҳои ҳақиқӣ, балки аз рӯйи гумонзанӣ ва чораи пешгирӣ дуруст мешавад. Яъне, мегӯянд, мо ҳушёр ҳастем ва ба ҳеч гуна дастдарозӣ ба қудрат роҳ намедиҳем,” – шарҳ дод Алишер Илҳомов.

ҚАЗОҚИСТОН

Таърихи муосири Қазоқистон чанд мавриди “кӯшиши табаддулоти давлатӣ”-ро шоҳид шудааст.

Дар яке аз парвандаҳои ҷиноӣ навиштаанд, ки “чанд нафар бо нақшаи кудето бо трактор ба Оқорда ҳамла карданӣ буданд.” Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ҳамчунин гуфт, аъзои гурӯҳ картошкамет (дастгоҳе барои тарсондани парандагон дар саҳро), туфанги пневматикӣ, корд ва пораҳои арматура доштанд.

Гумонзадҳои "парвандаи тракторӣ". Додгоҳи Алмато, 7-уми феврали 2024
Гумонзадҳои "парвандаи тракторӣ". Додгоҳи Алмато, 7-уми феврали 2024

Ҳафт гумонзад ба кӯшиши ғасби қудрат дар Қазоқистон моҳи ноябри соли 2022, дар остонаи интихоботи президентии ин кишвар, дастгир шуданд. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон изҳорот дод, ки гурӯҳ нақша дошт, дар рӯзи раъйдиҳӣ биноҳои ҳукуматро тасарруф намояд, бетартибӣ ташкил кунад ва монеи ҳаракат дар шаҳрҳо гардад.

Як навор ҳам нашр шуд, ки чанд кас дар утоқе нишастаанд ва дар ҳоле ки чеҳраҳояшон намудор нест, фарзияи ба даст гирифтани Алматоро баҳс доранд. Пас аз якуним сол, Додгоҳи дар мавриди парвандае, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар “парвандаи тракторӣ” номидаанд, ҳукм баровард. Онҳо аз 3 то 6 сол гирифтанд.

Маҳкумшудагон қазияро сохта ва худро қурбонии иғвои маъмурони амният номиданд. Ин афрод гуфтанд, мақомот онҳоро ба ҷаласае даъват карда, дар бораи эҳтимоли ивази қудрат гап заданд ва водор карданд, ки ҳангоми суқути ҳукумат корҳоеро баррасӣ кунанд, ба мисли сохтани картошкамет. Вакилони мудофеъ ҳам гуфтаанд, ҳеч гурӯҳе вуҷуд надорад, чун баъзе аз маҳкумшудагон ҳамдигарро тасодуфӣ мешинохтанд.

Додгоҳи Алмато, 7-уми феврали соли 2024
Додгоҳи Алмато, 7-уми феврали соли 2024

Дар Қазоқистон дастикам дар ду маврид шахсони соҳиби мансаб низ бо гумони “кӯшиши табаддулот” мавриди таъқиб қарор гирифтанд.

Соли 2008. Роҳат Алиев, домоди пешини президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ба 20 сол зиндон маҳкум карданд. Алиев он замон дар хориҷа қарор дошт ва ақди никоҳаш бо духтари калонии Назарбоев бе ҳузураш бекор карда шуд. Муҳокимаи додгоҳии ӯ ва Алнур Мӯсоев, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, дар ғайби онҳо ва паси дарҳои баста гузашт.

Ба таъкиди Додситонии Қазоқистон, Роҳат Алиев (аз рӯйи ихтисос табиб) ва Алнур Мӯсоев бо истифода аз зӯр ва заҳр нақшаи аз байн бурдани раҳбарияти кишварро доштанд. Ҳардуи онҳо иттиҳомро напазируфтанд. Домоди пешини Назарбоев гуфт, парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад ва қасосгирӣ барои мухолифати вай бо хусураш аст.

Остона натавонист барои истирдоди Мӯсоев ва Алиев, ки дар Австрия буданд, муваффақ шавад. Соли 2015 ҷасади Роҳат Алиевро дар зиндони Вена пайдо карданд. Мақомоти ин кишвари аврупоӣ ӯро дар пайванд бо як парвандаи дигаре, ки низ дар Қазоқистон оғоз шуда буд, боздошт карда, бояд то муҳокима он ҷо нигаҳ медоштанд. Ба фарзияи расмӣ, вай худкушӣ кардаст.

Роҳат Алиев
Роҳат Алиев

Соли 2022. Раиси дигари пешини КДАМ-и Қазоқистон, Карим Масимов ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам шуд. Ӯ яке аз шахсони наздик ба Нурсултон Назарбоев буд. Масимовро соли 2023 бо айби “хиёнат ба давлат”, “кӯшиши бо зӯр гирифтани ҳукумат” ва “суистифода аз мансаб” дар тазоҳуроти моҳи январи 2022 ба 18 сол зиндон маҳкум карданд.

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Қазоқистон дар оғози соли 2022 ба бетартибтӣ табдил ёфт. Барои саркӯби тазоҳурот бо фармони президент Қосимҷомарт Тоқаев низомиён оташ кушоданд ва дар натиҷа 238 тан кушта шуд. Мақомот эълом карданд, ки дар бетартибиҳо “мақомдорони баландпоя” ва гурӯҳҳои ҷиноие даст доштанд, ки ҳадафашон ғасби ҳукумат аст. Муҳокимаи Масимов ва чанд зердасти ӯ ба таври пӯшида сурат гирифт. Ҷузъиёти парвандаи “табаддулот” барои ҷомеа рӯшан нест.

ҚИРҒИЗИСТОН

Дар Қирғизистон, ки се давраи тағйирёбии хушунатбори ҳукуматро аз сар гузарондааст, боздошти сиёсатмадорон ва мухолифон бо иттиҳоми “омодагӣ ба ғасби ҳукумат бо зӯр” ҳодисаи камшумор нест.

“Парвандаи Кампиробод” аз қазияҳои пурсарусадо дар чанд соли охир дар Қирғизистон аст. Дар робита бо ин парванда 20 кас, аз ҷумла сиёсатмадорону фаъолони шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ба додгоҳ кашида шуданд. Аксарият онҳое буданд, ки дар ҷаласае оид ба додани замини обанбори Кампиробод ба Узбекистон ширкат кардаанд.

Онҳо моҳи октябри соли 2022 боздошт шуданд. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон нисбаташон барои “омодагӣ ба бетартибиҳои оммавӣ” парванда боз кард. Дертар бархе дар омодагӣ “ба ғасби ҳукумат” низ айбдор шуданд.

Гумонзадҳои парвандаи Кампиробод. Аз бойгонӣ
Гумонзадҳои парвандаи Кампиробод. Аз бойгонӣ

Чанд моҳ баъд аз боздошт, додгоҳ қисме аз онҳоро озод ва ба ҳабси хонагӣ гирифт. Ҳашт кас то эълони ҳукм дар боздошт монданд. Додгоҳ дар моҳи июни соли 2024 ба далели набудани таркиби ҷиноят гумонбаронро озод кард.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, “ҳар қароре, ки додгоҳ содир мекунад, дуруст ҳаст ё не, бояд бипазирем.” Вале ҳамзамон афзуд, агар додрас мебуд, “созмондиҳандагонро ҷазо медод”, зеро ба қавли ӯ, “ин одамон мардумро гумроҳ карда, водор мекунанд, ки ба хиёбон бароянд.”

Додситонии шаҳри Бишкек дар моҳи июли соли 2024 нисбат ба ин ҳукм шикоят бурд ва талаб кард, ки гумонбарон дар ин парванда гунаҳкор эълон карда шаванд. Яке аз онҳо, Клара Сооронқулова, додраси Додгоҳи конститутсионӣ, аст. Вай гуфт, новобаста ба қарори додгоҳи зинаи аввал, ки онҳоро бегуноҳ донист, ҳоло “дар ҳолати номуайянӣ” қарор доранд.

“Натиҷаи муҳокимаи додгоҳӣ аз афроди боломақом вобастааст,” -- афзуд вай ва илова кард, ки гумонбарон ҳоло дар як ҳолате нигаҳ дошта мешаванд, ки чизе гуфта ё танқид карда натавонанд.

Ба қавли Медегат Тюлегенова, сиёсатмадори қазоқ, дар шароити танг шудани фазо барои ибрози назари танқидӣ, оғози чунин парвандаҳо табиист. Вай мегӯяд, ба далели набудани иттилои дақиқ хулосагирӣ дар бораи чунин парвандаҳо мушкил аст, аммо ба таъкиди ӯ бе салоҳияте дар ҳукумат исботи бегуноҳӣ дар додгоҳ сахт хоҳад буд.

Яке аз парвандаҳои дигари пурсарусадои чанд соли охир дар Қирғизистон қазияи соҳибкори маъруф Имомиддин Тошев аст. Ӯ дар интихоботи президентии соли 2021 ширкат карда буд.

Мақомоти Қирғизистон Тошевро моҳи октябри соли 2023 дар робита ба парвандаи сохтмони ғайриқонунии бинои истиқоматӣ боздошт карданд. Соҳибкор барои ҷуброни зарар 10 хона, баробар ба 600 ҳазор доллар, дод ва ҳукми ӯ аз зиндон ба ҳабси хонагӣ иваз шуд.

Имомиддин Тошев
Имомиддин Тошев

Имомиддин Тошев дар моҳи январи соли 2024 дар наворе гуфт, шахсони номаълум моҳи декабри соли 2023 худро маъмурони амният муаррифӣ карда, бо таҳдиди қатли наздикон ва аз ӯ 1 миллион доллар хостанд. Тошев ҳамон моҳ дар ҷустуҷӯ қарор гирифт ва моҳи апрел бо иттиҳоми кӯшиши ғасби ҳукумат боздошт шуд. Ин қазия то ҳанӯз дар баррасии додгоҳ аст.

Сиёсатмадор Эмил Ҷӯраев бар ин аст, ки оғози парванда бо ин модда як кори маъмулӣ шудааст. Вале онро зери номи мубориза бо унсурҳои ҷиноӣ амалӣ мекунанд ва на танҳо намояндаҳои мухолифон, балки мунаққидони қатории ҳукумат ҳам мавриди ҳадаф қарор мегиранд.

“Табиист, ки вақте чунин парванда алайҳи одамон оғоз мешавад, онро мубориза бо мухолифон ва дигарандешони сиёсӣ не, танҳо бо ҷинояткорон мегӯянд. Вале барои ҳама маълум аст, ки гап сари онҳое меравад, ки ҳукуматро шадидан танқид мекунанд. Таъкид мекунам, ки на фақат мухолифон, балки танқиди одии ҳукумат ҳам чунин вокуниш дорад,” – афзуд Ҷӯраев.

УЗБЕКИСТОН

16-уми ферали соли 1999. Ҳукумати Узбекистон аз пешгирии кӯшиши табаддулоти давлатӣ хабар дод. Дар Тошканд, аз ҷумла дар назди бинои ҳукумат, як силсила таркиш рух дод.

Он замон мақомоти Узбекистон аз кушта шудани 13 кас ва маҷруҳ шудани 100 тан хабар доданд. Ислом Каримов, президенти пешин, дар ин таркишҳо ифротгароҳои динӣ ва мухолифони сиёсиро айбдор кард. Вай гуфта буд, ошӯб кӯшиши сӯиқасд ба ҷони ӯст.

Созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар гуфтанд, мақомоти Узбекистон бо истифода аз ин ҳодиса фишорро алайҳи сиёсатмадорону рӯҳониён афзоиш доданд.

Ислом Каримов
Ислом Каримов

ТУРКМАНИСТОН

Соли 2023. Мақомоти Туркманистон хабар доданд, ки аз як “кӯшиши табаддулот” пешгирӣ карданд.

Хадамоти амниятии ин кишвар 20 нафарро боздошт ва онҳоро ба “кӯшиши шӯриши мусаллаҳона” айбдор кард. Дар миёни гумонбарон номи Ботир Мередов, писари вазири пешини хоҷагии қишлоқ ва Аҳмад Хоҷатов, муовини вазири корҳои дохилии Туркманистон, гирифта шуд. Мақомоти қудратӣ хабар доданд, ки гумонбарон бо мошини “боркаш” ба Туркманистон силоҳҳои гуногун ворид кардаанд.

Хадамоти махсуси Туркманистон дар соли 2002 низ аз “кӯшиши табаддулот” хабар дода буд. Субҳи 25-уми ноябри ҳамон сол корвони мошинҳои президент Сафармурод Ниёзов аз сӯйи як гурӯҳ тирборон шуд. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ин гурӯҳ талоши ғасби ҳукуматро дошт. Он замон Борис Шиҳмуродов, муовини нахуствазири Туркманистонро яке аз созмондиҳандагони асосии ошӯб номиданд.

Низомиён 46 нафар, аз ҷумла 17 шаҳрванди хориҷиро боздошт карданд. Яке аз онҳо Ботир Бердиев, муовини вазири корҳои дохилӣ ва Язгелди Гундогдиев, собиқ ҳокими вилояти Ташауз ва як қатор мақомдорони дар гузашта баландпояву кормандони сохторҳои қудратӣ буданд.

Борис Шиҳмуродов
Борис Шиҳмуродов

“Қазияҳои зиёде аст, ки чун кӯшиши табаддулоти давлатӣ истифода шудаанд. Аксаран чунин қазияҳо пас аз эътирозҳо сурат мегиранд. Баъзан танҳо вуҷуди рақобат ва муборизаҳои дохилӣ барои сарвату дороиҳо ба ин сабаб мешавад,” – гуфт Темур Умаров, пажӯҳишгари умури Русия ва АвруОсиё дар Маркази Карнегии Берлин.

Ӯ афзуд, агар чеҳраҳои сиёсӣ ё соҳибкоре ба “кӯшиши табаддулот” муттаҳам шаванд, ин ба маъноест, ки вай ба ҳукумати кунунӣ хатар эҷод мекунад.

Брюс Паннир, коршиноси Осиёи Марказӣ, мегӯяд, ҳукуматҳо барои гурез аз танқид аввал моддаи марбут ба терроризмро офариданд, вале бо гузашти вақт маълум шуд, ки “ин коромад нест, зеро хеле кам касон ба террористи воқеӣ будани онҳо бовар мекунанд”.

“Бинобар ин, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, ҳиллаи нав ёфтанд. Одамонро ба тавтеа ва даъват ба сарнагунии давлат муттаҳам мекунанд ва додгоҳҳо муҳокимаи онҳоро ба таври пӯшида мегузаронанд. Дар айбномаҳои нав аз тафсири густурдаи мақолаҳо ва кумаки забоншиносони содиқ ба ҳукумат истифода мешавад,” – гуфт Брюс Паннир.

XS
SM
MD
LG