Эълони таҳримҳои нави Амрико ба зидди ширкатҳои энергетикии Русия, бахусус “Газпромнефт”, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо газу нафт аст, нигарониҳоеро дар кишвар барангехтааст. Тарси баъзе аз иқтисоддонҳову мақомот дар Тоҷикистон ин аст, ки эҳтимол муомилаҳои бонкӣ бо ширкати “Газпромнефт” сахттар ва овардани сӯзишворӣ душвортар шавад.
"Шояд нарх боло равад, вале..."
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, гуфт, ҳадаф аз эълони таҳримоти нав маҳрум кардани Русия аз даромадҳоест, ки барои ҷанг дар Украина харҷ мешавад. Ӯ эътироф кард, ки мумкин аст, ин тасмим сабаби болоравии арзиши бензин шавад.
“Таҳриме, ки ҷорӣ шуд, ба рушди иқтисоди Русия таъсир гузошта, имконоти ҷангии Путинро маҳдуд мекунад. Шояд нархи як галон бензин (3.78 литр) 3 ё 4 сент боло равад, вале ин иқдом ба имконоти ҷангии Русия таъсири амиқ хоҳад дошт,” – гуфт Байден.
Дар миёни ширкатҳое, ки зери таҳрим мондаанд ва муомила бо онҳо ҷазо дорад, “Газпромнефт-Тоҷикистон” низ ҳаст. Ширкате, ки саҳмаш дар таъмини Тоҷикистон бо маводи сӯхт фавқулода зиёд аст.
Бештар аз 80 дарсади бензину газро Тоҷикистон аз “Газпромнефт” мехарад ва танҳо дар 6 моҳи соли гузашта аз он 451 ҳазор тонна сӯзишворӣ гирифтааст. Нигаронӣ ҳам аз он аст, ки таҳримоти Амрико агар маҷрои газу бензини русиро ба Тоҷикистон набандад ҳам, эҳтимол камтар кунад.
"Таъсири занҷираии зиёде хоҳанд дошт"
“Агарчӣ пешбинӣ кардан сахт аст, ки дар воқеъ чӣ мешавад, таъсири занҷираии зиёде хоҳанд дошт. Баъди эълони таҳримҳо дидем, ки полоишгоҳҳои азими чинӣ ва ҳиндӣ, ки баъди оғози ҷанг дар Украина ба харидорони аслии нафти русӣ табдил шуданд, аз он даст мекашанд. Ин дар навбати худ хароҷот ва қимати нафтро боло мебарад, ки таъсири он ба Тоҷикистон ва кишварҳое ба мисли Тоҷикистон мерасад,” – гуфт Рейд Стендиш, шореҳи Радиои Озодӣ.
Болоравии нархи нафт дар саросари ҷаҳон ҳамеша ба ҳамёни мардуми одии Тоҷикистон зарба мезанад, чун қимати маҳсулотро боло мебараду харҷи онҳоро зиёд мекунад. Дар Тоҷикистон ба ин андешаанд, ки оқибатҳои таҳримоти Амрико барои иқтисоди кишвар бисёр бад намешаванд.
Фозилҷон Фатҳуллоев, иқтисоддони тоҷик, рӯзи 13-уми январ гуфт: “Таҳримот замоне метавонанд, ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир гузоранд, ки агар муомилоти байни кишвар ва Русия бо доллар мебуд. 98 дар сади муомилоти молӣ байни Тоҷикистону Русия бо рубл сурат мегирад. Шояд ба ширкатҳои хурде, ки бо доллар муомилот доранд, мушкилоте дар воридот пеш ояд, вале ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири ҷиддие намегузоранд.”
Як фарди огоҳ аз муомилоти бонкӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо “Газпромнефт” гуфт, таъсири таҳримоти нав ба он ҳадде нахоҳад буд, ки гуфта мешавад. Ба қавли ӯ, тадбирҳо барои “омодагӣ ба таҳримоти нав ва мутобиқат ба онҳо” аз пеш андешида шуда буданд ва муомилаҳо бо ширкати русӣ ба минволи пешин идома хоҳад кард.
Бо вуҷуди назарҳои гуногун, таҷриба собит кардааст, ки Тоҷикистон ҳамеша дар баробари фазои мушкили сиёсӣ ва рақобатҳои геополитикӣ осебпазир будааст.
Бонки Ҷаҳонӣ чанде пеш дар як арзёбие дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфт, “агарчӣ кишвар то кунун дар баробари ин рақобатҳо муқовим будааст, шиддат гирифтани ҷанг дар Украина ва эълони таҳримоти нав, мумкин аст, иқтисоди Русияро заиф кунад ва боиси кам шудани пули муҳоҷирони тоҷик шавад, ки иқтисоди Тоҷикистон сахт пойбанди он аст”.
Видеоро дар инҷо бинед: