То интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон панҷ рӯз мондааст, вале фазои сиёсии кишвар ором асту баҳси ҷиддии номзадҳо ба назар намерасад. Аксар мусоҳибони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе низ гуфтанд, дар бораи номзадҳо, барномаи онҳо ва рӯзи интихобот маълумот надоранд.