Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Осиёи Миёнаро ишғол кард ё минтақа ихтиёрӣ ҳамроҳ шуд?


Дар акс: Бахтиёр Насруллоев, Мирзонабии Холиқзод ва Сайфуллоҳи Муллоҷон
Дар акс: Бахтиёр Насруллоев, Мирзонабии Холиқзод ва Сайфуллоҳи Муллоҷон

Русия Осиёи Миёнаро ишғол (истило, забт) кард ва ё Осиёи Миёна ба Русия ҳамроҳ шуд? Чаро мавзӯи истилои Осиёи Миёна дар китобҳои дарсии Тоҷикистон хашми вакилон ва баъзе аз ҷомеашиносонро дар Русия ба бор овард?

Михаил Матвеев ва Сергей Миронов, вакилони Думаи давлатии Русия, дар изҳороти ҷудогона гуфтаанд, дар китобҳое, ки дар Тоҷикистон бо пули Маскав чоп шуд, ин кишварро "истилогар" номидаанд. Миронов гуфт: "Дар шаҳри Бохтар мактаби ба номи Ломоносов аст. Дар онҷо фанни таърихи халқи тоҷик барои синфҳои панҷ ва нуҳ вуҷуд дорад. Ин китоб аз ҳисоби пули мо ва шумо чоп шудааст. Дар он ҷо чунин мавзуъ аст: Поёни истилои Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия. Ё вазъи Осиёи Марказӣ пас аз ишғоли Русия. Кӣ барои ин ҷавоб мегӯяд?"

Мавзӯи барномаи "Гапи Озод" дар ҳамин бора аст, ки Русия Осиёи Миёнаро ишғол кард ва ё он гуна ки дар замони шӯравӣ мегуфтанд, минтақа ба императории Русия ҳамроҳ шуд. Меҳмонони мо: Доктори илми таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон ва ҳуқуқдон Бахтиёр Насруллоев.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: "Дар забони русӣ масали бисёр зебое ҳаст, ки ҳар ашёро бояд бо исми худ ном баред. Мо ҳар чӣ қадар кӯшиш кунем, талош кунем, дурӯғ гуфта наметавонем. Чанд далел меорам. Бинед, ки оё инро метавон ҳамроҳшавӣ номид, ё истило. Нахустин далел ин аст, ки Русия дар нимаи дуюми асри 19, дақиқан дар солҳои шастум, ба самти Осиёи Миёна ҳамла кард. Бо ҳар се давлат, ки дар минтақа арзи ҳастӣ доштанд – хонии Хӯқанд, хонии Хева ва аморати Бухоро – вориди ҷанг шуд. Дар тамоми шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Тошканд, Хуҷанд, Нов, Ӯротеппа ва Самарқанд (дар ин шаҳрҳо ғолибан тоҷикон мезистанд) ҷанг сурат гирифт. Ҷангҳо бисёр хунин буданд. Ман ба хотири он ки боз бедалел гап назанам, суханҳои яке аз раҳбарони артиши Русия Романовскийро меорам. Ӯ дар гузориши худ менависад, мардуми шаҳри Ӯротеппа беш аз ду ҳазор фарзанди худ, яъне афроди худро ба хок супурданд. Мегӯяд, ман аз паси деворҳои қалъа садои нола ва фарёду шевани занҳои Ӯротеппаро мешунидам. Ин як. Далели дигар ин ки баъд аз ҷанг сулҳ иттифоқ уфтод. Тавре медонем, Русия бо ҳар се қудрат сулҳ баст. Сулҳ вақте баста мешавад, ки ҷанг бошад. Ҳатто Бухоро, дар ёдам ҳаст, беш аз 500 миллион бо пули он замон товони ҷанг пардохт кард. Далели сеюм, тамоми вожаи забт ва тасарруфро мо аз китобҳои донишмандони рус гирифтем. Чун муште аз хирвор, китоби Терентевро намуна меорам. Далели чаҳорум, вақте фотеҳи Осиёи Миёна Александри II дар натиҷаи амалиёти террористӣ ба қатл расид, дар Русия барои гиромидошти хотири ӯ калисо бунёд карданд. Дар даромадгоҳи калисо як лавҳ гузоштанд. Дар ин лавҳ хидматҳои император барои Русия гуфта мешуд. Аз ҷумла, яке аз хидматҳояш ин буд, ки Осиёи Миёнаро истило кард. Вақте ҷанг, хунрезӣ, сулҳ, товони ҷанг ва баъд ба дунболаш илҳоқшавӣ ё бастани қарордоде, ки ба суди Русия буд, мо наметавонем инро таври дигар биномем. Ин як истилои тамомайёр ва як истилои комил буд."

Мирзонабии Холиқзод: Бахтиёр Насруллоев, шумо чӣ мегӯед? Русия Осиёи Миёнаро забт кард, ё онгуна ки муаррихони шӯравӣ мегуфтанд, Осиёи Миёна ихтиёрӣ ба Русия тобеъ шуд?

Бахтиёр Насруллоев: "Албатта, воқеаҳои таърихиро инкор карда намешавад. Чизе, ки ҳаст, ҳаст. Аммо ин масъала муҳим аст, ки таърихшиносон онро бо кадом тарз ба мардум пешиҳод мекунанд. Пешниҳоди онҳо ҷаҳонбинии мардумро вобаста ба ҳодисаҳо ба вуҷуд меорад. Ба фикри ман, бояд ҳодисаҳои таърихӣ чунон пешниҳод карда шаванд, ки бо мақсадҳо, стратегия, ояндаи давлат, сиёсати хориҷӣ ва сиёсати дохилии он мувофиқат кунанд. Агар ҳамин ҳодисаҳоро гирем, ҳуҷуми Русия ба Осиёи Миёна ногузир буд. Ҳозир ҳамаи ҳодисаҳоро гуфтан намешавад. Ин зери тобеияти русҳо гузаштани ҷузъҳои қазоқ буд. Хонигарии Хӯқанд ба сарҳади русҳо, сарҳадҳои нави русҳо таҷовуз мекарданд. Русҳоро ғулом гирифта, дар бозорҳои Осиёи Миёна фурӯхта, нобуд мекарданд. Бозии калон бо Британия буд. Шикасти русҳо дар ҷанги Қрим буд. Саркардаҳои ҳарбии рус бисёр мехостанд, ки аз англисҳо қасос гиранд. Ҳарчанд роҳбарони молии Русия ба ин чиз зид буданд, вале Русия ба тамоми Осиёи Миёна ҳуҷум кард, ҷанг кард, истило кард гуфтан нодуруст аст. Ҷанг байни хонигарии Хӯқанд ва Русия оғоз шуд. Устод гуфтанд, се давлат буд. Баъд аз шикасти шаҳри Тошканд аз тарафи лашкари рус, аморати Бухоро ба хулоса омад, ки бо русҳо ҷанг кунад. Ҳамон вақт амир Музаффар тарафдори ҷанг набуд, лекин ҳамаи атрофиёнаш ғазавот, ғазавот, ғазавот гуфта, маҷбур карданд. Бори аввал дар наздикии шаҳри Тошканд байни қӯшуни русу Бухоро ҷанг шуд. Яъне, ҷангро аморати Бухоро сар кард. Ман шахсан китоберо, ки ҳоло русҳо дар назар доранд, нахондаам. Фақат ҳамон сарусадоҳоеро, ки русҳо бардоштанд, шунидам. Онҳо аз калимаи "нашествие" дилгир ҳастанд. "Нашетсвие", яъне "тохтутоз".

Мирзонабии Холиқзод: Сайфуллоҳи Муллоҷон, назари шумо ба ҳарфҳои Бахтиёр Насруллоев чист? Розӣ ҳастед?

Сайфуллоҳи Муллоҷон: "Бисёр ҳарфҳои зидду нақиз. Худи донишмандони рус мегӯянд, ки мо бо инҳо ҷангидем. Низоми имрӯзаи дунёро бинед. Равобити байнулмилалӣ хеле тағйир накардааст, аз қарни 19 то инҷониб. Шояд аз нигоҳи технология тағйир карда, аммо дар маҷмӯъ низоми байнулмилалӣ хеле кам тағйир кардааст. Шумо ҷанги аввали ҷаҳонро бинед. Ҷанг шуруъ шуд барои куштани як нафар. Ин кишвар омадааст, дар Тошканд, дар остонаи сарзамини шумо даромадааст. Ин бародар мегӯянд, ҷангро инҳо шуруъ кардаанд. Мантиқан дуруст нест."

Бахтиёр Насруллоев: "Хонигарии Хӯқанд давлати мустақил буд. Русия ба хонигарии Хӯқанд ҳуҷум кард, вале аморати Бухоро давлати дигар аст. Ҳарчанд як минтақа."

Чаро китобҳои Тоҷикистон вакилони русро асабонӣ кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:41:24 0:00

Мирзонабии Холиқзод: Мафҳуми истилои Осиёи Миёна аз тарафи Русия ҳанӯз дар китобҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҳаст ва касе то ин замон эътироз надошт. Чаро ҳоло ин мавзуъ доғ шуд?

Сайфуллоҳи Муллоҷон: "Русия рафиқи стратегии мост. Мо бо ин кишвар дар 150 соли охир равобити бисёр танготанг дорем. Ин кишвар дар ҳамин шароит худаш мунзавишуда ва бо мушкилҳо рӯбарӯст. Барои ман ҷойи таассуф аст, ки як сиёсатмадор ба хотири он ки худашро матраҳ кунад, ба хотири он ки ҷалби таваҷҷуҳ кунад, мавзуъеро, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ ҳал шудааст, матраҳ мекунад. Агар шумо ба сухани ман шубҳа доред, ман суханҳои донишманди тоҷик, устоди марҳум академик Бобоҷон Ғафуровро мегирам, ки эшон ду китоб доранд: "Таърихи мухтасари халқи тоҷик", соли 1947 ва "Тоҷикон", соли 1972. Дар китоби аввал устод Ғафуров мегӯянд, ки раванди истилои Осиёи Миёна. Бинед, дар интернет ҳаст. Дар китоби дигар, баъд аз солҳои 60, азбаски ҳодисаҳои шӯравӣ тавре дигар рақам хӯрд ва идеология ба таърих бештар таъсир расонд, он вақт гуфтанд, ҳамроҳшавӣ. Ин ҷанбаи бештар сиёсӣ дорад. Ман ҳамчун муаррих сухан мекунам. Ман бо масъулият ба шумо мегӯям, ҳамин гапе, ки сиёсатмадори рус гуфтааст, матни аслиро мебурад ва ҷоеро, ки барои худаш зарур аст, мегӯяд. Дар сомонаи Вазорати маорифи Тоҷикистон китоби "Таърихи халқи тоҷик" барои синфи нуҳ ҳаст. Муаллифи вай донишманди бисёр мумтози мо, Намоз Ҳотам, ҳастанд. Эшон дар бораи раванди истило мегӯянд. Ин ба китоби русҳо такя карда шудааст. Дар охир як сарлавҳа доранд бо номи "Пайомадҳои истилои Русия" ва дар он ҷо дар қатори хунрезӣ ва дар ҷангу ошӯбу фитна пайомадҳои неки онро ёдовар мешаванд. Аз ҷумла, тавре бародар Бахтиёр гуфтанд, ба ҷангҳои хонаводагии ҳокимон хотима дода мешавад, роҳи оҳан кашида мешавад, саноат меояд, бонкҳо тавлид меёбанд ва тавассути фарҳанг ва забони рус тоҷикон ба тамаддуни муосири он замон пайваст мешаванд. Китобҳои то соли 50-ро бинед, аз ҷумла "Таърихи мухтасари халқи тоҷик". Гуфта мешуд, ки ин як истилои тамом буд. Ҳатто калимаи "мустамлика" истифода мебурданд. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки дар шароити кунунӣ ҳам бозӣ мекунанд бо ин."

Мирзонабии Холиқзод: Бахтиёр Насруллоев, ба ҳамин савол назари шумо чӣ аст? Чаро маҳз имрӯз ин мавзӯъ, ин масъала, ин саҳифаи таърихии мо ба миён кашида шуд?

Бахтиёр Насруллоев: "Албатта, ин аз сарусадо ва ҳайоҳу дар расонаҳои Русия пайдо шудааст. Устод ин ҷо гумон кардаанд, ки ман эътироф намекунам, ки ҳамроҳшавӣ набуд. Албатта, ҳуҷум буд, албатта, истило буд, мустамлика буд. Вале гап дар ҳамин хусус меравад, ки ҳамин ҳодисаҳоро мо чӣ гуна ба мардум пешниҳод мекунем? Тоҷикистон Русияро шарики стратегӣ гуфтааст. Имрӯз амнияти кишвар аз Федератсияи Русия вобастагии ҷиддӣ дорад. Бояд таърихшиносон дар китобҳои худ ҳангоми пешниҳод намудани ҳодисаҳо инро ба назар гиранд. Як калимаи “истило” бошад, мушкил нест. Инро худи русҳо ҳам мегӯянд. Давраи советӣ ҳам мегуфтанд. Ҳамон таърихшиносони коммунисти мо ҳам мегуфтанд. Инро инкор карданӣ нестем. Агар тарафҳои манфиаш набошад, ки русҳо ғасб карданду ҳаракатҳои миллии озодихоҳӣ буд… Ҳоло он ки дар он вақт ҳаракати миллии озодихоҳӣ шуданаш ҳам мумкин набуд."

Мирзонабии Холиқзод: Ин эътирози вакилони Думаи Давлатии Русия чӣ ангеза дорад? Масъалаи "истилогар" будани Русия аз китобҳои дарсӣ хат зада шаванд?

Бахтиёр Насруллоев: "Диққати шуморо ба як чиз ҷалб карданӣ ҳастам. Ин ангеза, ин сарусадо худ аз худ пайдо намешуд. Ин ҳама сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дорад: вазъи имрӯзаи Русия, мушкилҳояш дар масъалаи муҳоҷирон, ҷанг, таҳримҳо, зиёд шудани ҳаракатҳои русофобӣ дар кишварҳои ҳамсоя, ҳамчунин зиёд будани ҳаракатҳои миллатгароӣ дар дохили худи Русия. Ва пеш аз ҳама бад будани вазъи моддии мардум ба чунин сарусадоҳо оварда мерасонад. Ман гумон мекунам, ки ҷомеаи Русия тез мусбат ҳал мекунад."

Сайфуллоҳи Муллоҷон: "Бале, то андозае ин бародар ҷавоб доданд. Шояд ба хотири он бошад, ки Русия гирифтори як ҷанг аст ва ҳам аз нигоҳи низомӣ, ҳам аз нигоҳи инсонӣ ва ҳам аз нигоҳи таҳримҳои байнулмилалӣ зери фишор. Аммо ин роҳ нест. Ман ёд надорам, ки яке аз кишварҳои Осиёи Миёна дар сиву анд соли истиқлол сухане, амале ё рафторе нисбат ба Русия карда бошанд. Агар инро бо кишварҳои Қафқоз ва кишварҳои наздики Балтика муқоиса кунем. Ман чизе надидам, ки мо як дастаке ё сабаб ё баҳонае дода бошем, ки онҳо ин масъаларо матраҳ кунанд ва дар ин чунин сатҳ."

Мирзонабии Холиқзод: Соли 1987 ба муносибати 77-солагии Бухорои шӯравӣ таҷлил сурат гирифт ва як ҳайати донишмандону таърихшиносони Тоҷикистон бо роҳбарии Муҳаммад Осимӣ ҳузур доштанд. Ва ман ҳам ба унвони корманди телевизиони Тоҷикистон бо дастгоҳҳои сабт ширкат доштам. Дар Арки Бухоро зимни муаррифии кохҳои таърихӣ роҳнамо гуфт, ки артиши Русия ду ҳафта бо ҳавопаймо Бухороро бомбаборон кард. Инро чӣ мешавад ном бурд?

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Бинед, имрӯз дар таърихнависии муосири Русия ҳодисаҳои моҳи октябри соли 1917-ро дигар инқилоб намегӯянд. Як табаддулот мегӯянд. Ҳар чӣ ҳам набошад, он ивазшавии як ҳукумат буд. Аз ҳамон рӯзҳои нахустин, вақте ҳукумати болшевикҳо сари кор омад, муносибаташ бо Бухоро хасмона буд. Ду бор ин кӯшиш сурат гирифт. Шумо агар китоби "Таърихи инқилоби фикрӣ"-и устод Айнӣ-ро бихонед, чаҳор-панҷ моҳ пас аз пирӯзии болшевикҳо дар Русия як низомии рус ба номи Колесов ба Бухоро ҳамла кард. Бо лашкари бисёр зиёд. Аммо азбаски теъдоди лашкари Бухоро бештар ва омодагии онҳо ҳам зиёдтар буд, дар ин ҷанг Колесов шикаст хӯрд. Албатта, ин ба сари ҷадидону ба сари ислоҳотгарони Бухоро мусибатҳои бисёр овард ва афроди бисёре кушта шуданд. Ва баъд аз ду соли дигар ҳамин амалиётро низомии дигари рус Фрунзе кард. Баъд аз солҳои ҳаштодум мегуфтанд, ки ҳеч гуна инқилобе сурат нагирифтааст. Аз нигоҳи доктринаҳои Ленин ва дигар коммунистҳо, ки дар бораи шароити инқилобӣ мегуфтанд, ҳеч нишонае аз омодагӣ ба инқилоб дар дохили Бухоро набуд. Ин як таҳоҷуми низомӣ буд, ки тавассути аэропланҳо бомбаборон карданд. Мардуми Бухоро тақрибан ҳеч гоҳ чизеро ба номи аэроплан надида ва нашунида буданд. Ва натиҷаашро медонем: суқути аморати Бухоро. Агар ман аз нигоҳи як тоҷик ва як муаррих бигӯям, суқути Бухоро оғози мусибатҳои бисёр бузург барои тоҷикон буд. Ба хотири он ки мо баъд аз соли 1920, баъд аз суқути Бухоро, фарҳангу забон ва ин шаҳри ҳазорсола, ки пойгоҳи забон ва таърих ва фарҳанги мо буд, аз мо рабуда шуд ва дигар барнагашт. Ин барои мо оғози як мусибат буд."

Бахтиёр Насруллоев: "Ман қисман розӣ ҳастам. Дар он доктринае, ки марксистҳо ё коммунистҳо дар хусуси инқилоб дар назар доштанд, чунин инқилоб дар Бухоро нашудааст ва имконияти шуданаш ҳам набуд. Ин, албатта, ҳуҷум буд. Лекин мегӯянд, гуё ду ҳафта бо аэропланҳо Бухороро бомбаборон карданд, ин воҳима аст. Барои чӣ? Ҳуҷум санаи 29-уми август оғоз ёфт. Санаи дуюми сентябр аллакай Ҷумҳурии Халқии Бухоро эъломияашро эълон кард. Фрунзе дар маркази Бухоро менишаст. Шаҳри Бухоро он қадар шаҳри калон набуд, ки ду ҳафта бомбаборон кунанд. Агар ҳозир ҳам ба Бухоро равед, аз ин тараф то он тарафашро дар ним соат, 40 дақиқа, мегузаред. Рӯзи 29-уми август, вақте лашкари Фрунзе ҳуҷум кард, шаҳрро гирифта натавонист. Бегоҳӣ бомбаборонро сар кард, то рӯзи якуми сентябр истеҳкомҳоро шикастанд. Пагоҳӣ лашкари рус дар маркази шаҳр ҷанг мекард. Худи Фрунзе менависад, моро аз ҷумла Файзулло Хоҷаев ва дигарон фиреб карданд. Барои чӣ инқилоб мегӯянд? Барои он ки сохтори чанд ҳазорсола шоҳигарӣ ва истисморгарӣ пурра барҳам дода, Ҷумҳурии Халқӣ бунёд карда шуд. Аз ин нуқтаи назар инро инқилоб ҳисоб кардан мумкин аст. Лекин дар ҳақиқат ҳуҷум буд. Ҳуҷуми болшевикони рус. Дар хусуси оқибатҳои ин бо устод асло розӣ шуда наметавонам. Оқибатҳои ин ҳуҷум, яъне барҳам додани Аморати Бухоро. Аморати Бухоро ин давлати соф туркӣ, узбекӣ буд."

Барномаро дар Ютуб бинед:

Мирзонабии Холиқзод: Як баҳси зиёде ҳамеша ҳаст, ки хуб шуд, ки Русия Осиёи Марказиро ишғол кард ва аз чанголи амиру муллоҳои ақибмондаву ақидаҳои иртиҷоии онҳо халос кард. Қисмати дигар мегӯянд, баръакс ишғоли Русия сабаби ақибмондагии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мушкилоти имрӯзаву ҷанҷолҳои байниҳамдигарии онҳо шуд?

Сайфуллоҳи Муллоҷон: "Бинед, як кишвар ҳаст ва онро бигзор кишвари пешрафта ишғол мекунад ва бо он наҳв, бо он шева валангор мекунад. Баъд ман намедонам, бародар, барои чӣ норозӣ ҳастанд. Дар сари ҳукумат кӣ буд, кӣ набуд, ин муҳим нест. Барои он ки мо то соли 1920 дар Осиёи Миёна чизе ба номи бартарияти қавмӣ надоштем. На Хева, на Хӯқанд ва на Бухоро давлатҳои аз нигоҳи миллӣ соф ва мансуб ба як қавм набуданд. Мо ҳамеша дар омехтагӣ зиндагӣ мекардем. Қисми тоҷикҳо дар аморати Бухоро буданд, қисми дигар дар хонии Хӯқанд ва минбаъд дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон. Лекин як чиз мусаллам аст. Шумо то соли 1920, ҳар чӣ ки мехоҳед, ҳар архиве ки мехоҳед, биравед пайдо кунед. Агар дар архив кор карда бошед, забони коргузории амир, забони китоб, забони мактаб, забони мадраса, забони гуфтугӯ дар худи шаҳри Бухоро, то соли 1920 чӣ аст. Баъди соли 1924. Аз ҳамин ман худам натиҷа мегирам, дигар сухан зиёд намекунам."

Мирзонабии Холиқзод: Зермаънои ҳарфҳои шумо чӣ ҳаст?

Сайфуллоҳи Муллоҷон: "Агар таърихи Чинро бинед, шояд як ё ду сулолаи чинӣ ҳукумат кардааст. Ҳамин сулолаҳо аз муғулҳо сар карда, то манҷурҳо ва дигарҳо бегона буданд. Ё дар Ҳинд аз асри 11, ки Маҳмуди Ғазнавӣ омад, то омадани англисҳо ҳукуматҳои туркӣ ва мусалмонӣ ва тоҷикӣ буданд. Аммо ҳеч гоҳ дар таърихнигории Ҳинд гуфта намешавад, ки давлати мисол Маҳмуди Ғазнавӣ ё давлати Бобур. Мегӯянд, Ҳинди замони фалон. Ба ҳамин хотир масъалаи асосиро муайян мекунад фарҳанги он, равобити он ва гуфтушунид ва ин чиз бо забони мо буд ва бар нафъи мо буд. Бухороро дар кадом фарҳанги ҷаҳон пайдо кунед, мегӯянд, яке аз конуни илму фарҳанги исломӣ ва тоҷикӣ. Ман чӣ тавр розӣ шуда метавонам, ки дар онҷо туркҳо буданд."

Бахтиёр Насруллоев: "Тоҷикон баъд аз давлати Сомониён, давлати Ғуриён як рӯз, як соат ва як дақиқа ҳам соҳиби давлат набуданд. Ҳатто шуури давлатдорӣ қариб аз даст рафта буд. Агар инқилоби Октябру сарнагун кардани амири Бухоро намебуд. Албатта, устод дуруст мегӯянд, забони давлатӣ муҳим аст. Он забони расмӣ набуд. Маъмулан форсӣ омада буд. Вақте Ленин масъалаи миллӣ, озодихоҳиро гузошт, ягон тоҷик то соли 1924 даъвои давлат, даъвои замин, даъвои Самарқанд накардааст. Аҳамият диҳед. Соли 1921 туркманҳо хестанд, қирғизҳо, қазоқҳо хестанд. Баъд узбекон ҳамроҳ шуданд. То 1924, вақте Республикаи Автономии Тоҷикистон ташкил шуд. Баъд Шириншоҳу Нусратуллоҳ Махсум ва пеш аз ҳама Абдураҳим Ҳоҷибоев даъвои тоҷикӣ карданд. Айнӣ ҳам баъди соли 1924 сар кард. Пештар китобҳои устод Айнӣ бо забони узбекӣ буданд. Як бор ба Файзуллоҳ Хоҷаев нагуфтанд, ки мардак, ту чӣ кор карда истодаӣ? Мактаби шарқшиносӣ, мактаби таърихшиносии Санкт-Петербург даъвои тоҷикӣ кард дар Осиёи Миёна."

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Вақте савол мушаххас аст, бояд ҷавоб мушаххас бошад. Шумо ба ин тараф ва ба он тараф наравед. Мушаххас ин масъалаи пайомад буд. Пайомадаш барои мо тоҷикон. То соли 1920 бархостани тоҷик чӣ зарурат дошт? Дар шаҳри худаш зиндагӣ мекард, дар Бухоро, дар шаҳри худаш буд. Зарурат набуд."

Мирзонабии Холиқзод: Ба назари шумо, ҳоло мақомоти Тоҷикистон бояд чӣ кор кунанд? Аз ҷумла, Вазорати корҳои хориҷӣ ва вакилони порлумони Тоҷикистон?

Сайфуллоҳи Муллоҷон: "Албатта, интизор дорам, чун чанд рӯз, рости гап, бисёр нороҳат шудам аз чунин тарзи баёни масъала ва матраҳ кардани масъала. Дар порлумони Тоҷикистон нафароне ҳастанд, ки номзад ва доктори илманд, онҳо бояд ҷавоб диҳанд. Вазорати корҳои хориҷӣ дар давраи гузашта як ҷавоби бисёр хубу донишмандона дода буд. Ман фикр мекунам, мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо аҳолии худамон гап занем, кор кунем ва ба муҳоҷирон ин чизро фаҳмонем. Ин гуна таблиғҳо сабаб мешаванд, ки шояд баъзе аз шаҳрвандони худи мо ҳам бовар кунанд, ки дар воқеъ дар китобҳои Тоҷикистон ҳамин чизҳо роҳ ёфта. Ман ба ҳайси муаллифи китоби дарсӣ барои ҳам мактаби миёна ва ҳам мактаби олӣ мегӯям, ки дар китобҳои дарсии мо ҳамчунин чизе дар муқобили на ин ки Русия, балки муқобили ҳеч кишваре, муқобили ҳеч низоме вуҷуд надорад. Баъд, гузашта аз ин, дар Вазорати маориф ва мақомоти дигар китобҳо бисёр ҷиддӣ тафтиш мешаванд ва ҳамчунин чизҳое, ки кинаву адовати миллӣ-нажодӣ бошад, асло роҳ намеёбад."

Бахтиёр Насруллоев: "Гуфтаҳои устодро дастгирӣ мекунам. Фақат дар оянда китобҳои дарсӣ зери назорати давлат, зери назорати комиссияҳои махсуси Вазорати маориф ва бо стратегия, нақша ва сиёсатҳои давлати Тоҷикистон мутобиқ бошад."

XS
SM
MD
LG