Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ҳукми ширкатдорони парвандаи ба ном "талоши табаддулоти давлатӣ"-ро қироат карданд. Дар иттиҳоми нуҳ маҳкумшуда – мақомдорони собиқ, сиёсатмадорон ва як хабарнигор – иттиҳоми "хиёнат ба давлат" дар танҳоӣ ё якҷоя бо "бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият" вуҷуд дорад.
Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки худаш муҳокимаи додгоҳиро раҳбарӣ кардааст, рӯзи 5-уми феврал ҳамаи муттаҳамонро гунаҳкор эълон кард ва ба муҳлати аз 8 то 27 сол зиндон маҳкум намуд. Инҳо: Ҳамрохон Зарифӣ, Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров, Аҳмадшо Комилзода, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Ҷамшед Боев, Нурамин (Нураҳмад) Ғанизода ва Рухшона Ҳакимова.
Лутфуллозода дар нишасти матбуотӣ қарори додгоҳро нисбат ба ҳар як маҳкумшуда бар асоси моддаҳои Кодекси ҷиноӣ қироат кард ва гуфт, ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва маҳкумшудаҳо баъд аз дарёфти он метавонанд шикоят кунанд. Бо ин вуҷуд, на ӯ ва на аъзои дигари Додгоҳи олӣ далелҳоеро, ки гуё ба гунаҳкор эълон шудани ин афрод сабаб гаштаанд, номбар накарданд.
Ба фарқ аз ҳодисаҳои пешини вобаста ба иттиҳоми "талоши табаддулоти давлатӣ" ё "хиёнат ба давлат", масалан, дар қазияи муовини пешини вазири дифоъ ва генерали собиқ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), мақомот ин навбат нагуфтанд, ки талоши табаддулоти давлатӣ чӣ гуна сурат гирифт.
Сарони Додгоҳи олии Тоҷикистон дар посух ба талошҳои пайдарпайи хабарнигорон рабти ҳукми Рухшона Ҳакимоваро ба як назарпурӣ роҷеъ ба нақши Чин дар Тоҷикистон низ тасдиқ ё рад накарда, гуфтанд, "парванда махфӣ аст".
Хешу наздикони маҳкумшудаҳо ба ҷуз ин ки аз хабари ҳабси дарозмуддати азизонашон афсурдаву ноумед шудаанд, ҳеч хабаре аз парванда ё ҷурми эҳтимолии содиркардаи наздиконашон надоранд. Ҳамин пинҳонкориҳо аз сӯе шубҳаву гумонро ба дурустии иттиҳоми нафароне, ки аксарашон ҳавохоҳу парвардаи ҳукумати зери раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, бештар мекунад. Аз рӯи иттилои шахсони огоҳ, худи маҳкумшудаҳо иттиҳомҳоро рад карда, худро ватандӯст ва шахсони содиқ ба Тоҷикистон ва ҳукумат номидаанд.
МАҲКУМШУДАҲО КИСТАНД?
Ҳамрохон Зарифӣ ба 27 сол зиндон ва 10 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шуд:
- Хунукназарӣ (қисми аввали моддаи 322);
- Дидаю дониста расондани хабари бардурӯғ бо гунаҳкор кардан ба ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин (қисми ду, банди “а”-и моддаи 346);
- Хиёнат ба давлат (қисми якуми моддаи 305);
- Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият (қисми аввали моддаи 306);
- Таҳқири намояндаи ҳокимият дар шабакаи интернет (қисми дуи моддаи 330).
Ҳамрохон Зарифии 76-сола
ҳангоми боздошташ дар тобистони соли 2024 бознишаста буд. Сарҳанги бознишастаи КГБ корашро дар оғози солҳои 1970-ум аз муаллими физика дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб сар карда, баъдан беш аз 20 сол – то соли 1993 – дар сохторҳои Кумитаи давлатии амнияти Тоҷикистон сарф кардааст. Баъди ин, Зарифӣ ба фаъолияти дипломатӣ гузашт ва то соли 2006 дар мақомҳои сафири Тоҷикистон дар созмону кишварҳои ғарбӣ, ба мисли САҲА, Австрия, Швейтсария, Маҷористон (Венгрия) ва Амрико кор кард. Бо қарори президент дар моҳи декабри соли 2006 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъйин шуд ва дар ин вазифа то соли 2013 кор кард.
Дар давраи кори ӯ ҳамчун сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида сафи донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Амрико босуръат афзуд, чун ӯ ташаббускори созишномаҳо бо чанд донишгоҳ шуд. Зарифӣ дар мақоми вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров – дипломати шӯравии русизабонро иваз намуд ва як мансабдореро бо чеҳраву рафтори милливу замонавӣ ба намоиш гузошт: аз минбарҳои баланд озодона бо тоҷикӣ ва англисӣ суҳбат мекард, аз ҳимояти манфиатҳои миллӣ гап мезад, дар суҳбат бо хабарнигорон дар Тоҷикистон аз вуҷуди мушкилот ё буҳрон дар равобит бо Русия хабар медод. Бар асоси баъзе аз гузоришҳо, Маскав Зарифиро ба “ғарбгароӣ” муттаҳам мекард. Эҳтимол ин иттиҳом замоне сар зад, ки Зарифӣ дар баҳси боздошт шудани ду халабони рус дар Тоҷикистон хоҳони гуфтугӯйи баробарҳуқуқ бо Русия шуда буд.
Вале исми Ҳамрохон Зарифӣ баъд аз имзои созишномаи аломатгузории марзи Тоҷикистон бо Чин дар соли 2010 бештар расонаӣ шуд. Соли 2015, замоне ки ӯро ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҷопон – охирин вазифаи давлатиаш таъин карданд, ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи танқидҳо аз қазияи ба ихтиёри Чин гузоштани қитъае аз замини Тоҷикистон, гуфт, “созишномаи байни Тоҷикистону Чин имзошуда хеле созишномаи хуб аст ва барои равобити дуҷониба ва тараққии Тоҷикистон хеле муҳим аст”.
Вокуниши тунди Ҳамроҳхон Зарифӣ ба изҳороти раҳбарони Қирғизистон дар соли 2021 дар арафаи даргирии хунин дар марзи ду кишвар аз тарафи Қирғизистон мавзеъгирии расмии Тоҷикистон дониста шуд, ҳарчанд Зарифӣ дар паёмаш гуфт, ки аз номи як шаҳрванди қаторӣ изҳори назар кардааст.
Зарифӣ бо нашри китоби “Хазинаи тилоии тоҷикон” ҳам маъруф шуд, ки ба забонҳои зиёди хориҷӣ тарҷума шудаву яке аз туҳфаҳои расмии ҳукумат ва мақомдорони тоҷик ба меҳмонҳои хориҷӣ гардид. Дар он бо истифода аз аксҳо ва маълумоти бостоншиносӣ мероси фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон ба намоиш гузошта шудааст. Китоб-олбум бо сифати баланд дар Чин чоп шуда буд.
Аммо гунаҳкор дониста шудани ӯ ба “талоши табаддулот”, ки онро дар сухани охиринаш рад кардааст, маълум нест, ба чӣ асос ёфтааст ва то куҷо ӯ ва маҳкумшудаҳои дигар дар фикри кадом нақшае будаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Ҳамрохон Зарифӣ дар додгоҳ танҳо эътироф кардааст, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ гоҳо таҳти номҳои бегона изҳори назар мекард.
Саидҷаъфар Усмонзода ба 27 сол зиндон маҳкум шуд:
- Бо зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимият бо истифода аз мақоми хидматӣ (қисми дуи моддаи 306);
- Хиёнат ба давлат такроран бо истифода аз мақоми хидматӣ (қисми дуи моддаи 305);
- Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (қисми дуи моддаи 189);
- Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби Суд қарор дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ қабул шудааст (қисми ду, замимаи сеи моддаи 307);
- Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон, такроран (қисми чори моддаи 247).
Саидҷаъфар Усмонзодаи 64-сола
иқтисодшинос ва соҳибкори пешин – соли 2012 раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон шуд, ки амалан зери назари ҳукумат буд ва истиқлоли пурраи сиёсӣ ё мухолифати воқеӣ бо ҳукуматро надошт. Ба гуфтаи баъзе аз манбаъҳои Радиои Озодӣ, раиси ҳизб шудани ӯ низ бо далолат ва ризоияти ҳукумат сурат гирифта буд. Усмонзода узви Маҷлиси Намояндагон ва дар соли 2013 номзад ба мақоми президент гардид. Ӯ ба матбуот ҳамеша дастрас буд.
Моҳи майи соли 2024, пеш аз боздошташ бо гумони табаддулоти давлатӣ, дар анҷумани пеш аз муҳлати Ҳизби демократ дар ғайбаш ӯро танқид ва аз вазифа гирифтанд. Вай баъд аз интихоби раиси нав дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарори анҷуман “мутобиқи оиннома нест ва инро қабул надорад”. Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, ба додгоҳ шикоят намебарад ва мунтазири мавқеи раисҷумҳури Тоҷикистон мемонад. “Президент ҳар чи хулосае, ки бароранд, бо хулосаи президент мувофиқам,” -- гуфта буд он замон Усмонзода.
Як моҳ баъд, рӯзи 14-уми июни соли 2024, додситони кулли Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон вакили порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзодаро дар ҳамкорӣ бо раҳбарони созмони дар кишвар мамнӯи Паймони миллӣ (як гурӯҳи мухолиф дар хориҷ) ва маслиҳати пешакӣ барои сарнагун кардани ҳукумат гунаҳкор кард. Юсуф Раҳмон он замон дар мансаби додситони кул гуфт, Усмонзода дар соли 2021 бо Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, аз ӯ барои иҷрои ин ҳадафҳо ваъдаи кумаки молӣ гирифтааст. Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, ин иттиҳомро рад кард ва боздошти Усмонзодаро ба гуфтугӯйи ӯ бо як генерали Русия бастагӣ дод, ки мумкин аст, дар он нақшае баррасӣ шуда бошад. Тасдиқи мустақилонаи ин гуфтаҳо имкон надорад.
Онҳое, ки аз шахсият ва корномаи Усмонзода огоҳанд, иттиҳоми омодагии ӯро гуё ба табаддулоти давлатӣ бо шубҳа қабул карда, мегӯянд, бо вуҷуди дастрас буданаш ба матбуот “ӯ хеле эҳтиёткор буд ва вазъиятро ба хубӣ дарк мекард”.
Ҷамшед Боев ба 21 сол зиндон маҳкум шуд:
- Хиёнат ба давлат (қисми аввали моддаи 305);
- Бо зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимият (қисми аввали моддаи 306).
Ҷамшед Боев
Дар бораи ин сарҳанги мустаъфии амният танҳо маълумоте вуҷуд дорад, ки шаҳрвандии Русияро дошта, аз ин кишвар нафақаи бознишастагӣ мегирифт. Иттилои аз ин бештар феълан дастрас нест.
Аҳмадшо Комилзода ба 19 сол зиндон маҳкум шуд:
- Бо зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимият бо истифода аз мақоми хидматӣ (қисми дуи моддаи 306).
Аҳмадшо Комилзодаи 72-сола
барои ҷомеаи Тоҷикистон аз замони кораш ба ҳайси хабарнигори телевизиони давлатӣ дар солҳои 1980-ум ва оғози солҳои 1990-ум ошно аст. Чун узви фаъоли Ҳизби демократи он солҳо муддате дар зиндон ҳам буд. Дар солҳои ҷанги дохилӣ дар хориҷа қарор дошт ва баъд аз имзои созишномаи сулҳ ба Тоҷикистон баргашта, бо хабарнигорию фаъолият дар Ҳизби демократ машғул шуд. Замони ҳабсаш дар тобистони соли 2024 муовини якуми Ҳизби демократи Тоҷикистон буд.
Аҳмадшо Комилзодаро гурӯҳе аз “мухолифони қадимӣ”-и ҳукумат аз ҷумлаи шахсоне меноманд, ки ҳеч гоҳ ба таҳаввулоти кишвар бетараф набуд ва то охир дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон ҳузур дошт.
Акбаршо Искандаров ба 18 сол зиндон маҳкум шуд:
- Бо зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимият бо истифода аз мақоми хидматӣ (қисми дуи моддаи 306).
Акбаршо Искандарови 73-сола
бо ихтисоси муҳандису сохтмончӣ то соли 1992 асосан дар мақомҳои ҳукуматӣ дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифои вазифа карда, баландтарин нуқта дар корномааш – иҷрои вазифаи раиси Шӯрои олии Тоҷикистон дар поёни соли 1992 будааст. Муддате иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Тоҷикистон низ буд. Баъдан сафири Тоҷикистон дар Туркманистон, Қазоқистон, Муғулистон ва ҳамоҳангсози миллии кишвар дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой буд. Солҳои охир дар Академияи миллии илмҳои Тоҷиикстон кор мекард.
Акбаршо Искандаровро аз насли коммунистони собиқи рӯ ба Русия меноманд, ки барояш ширкат дар кори давлату ҳукумат як вазифаи бомасъулият дониста мешуд ва аз ин рӯ хиёнат ё мухолифат ба мавқеи раҳбарияти давлат як ҳолати барояш бегона арзёбӣ мешавад. Маълум нест, нақши ӯ дар парвандаи табаддулот чӣ будааст, аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ низ дар ҷараёни мурофиа ҳама иттиҳомҳоро рад кардааст.
Ҳамзамон як манбаи наздик ба Искандаров ба Радиои Озодӣ гуфт, се сол пеш баъзе аз наздикони президенти Тоҷикистон бӯстонсарои ӯро дар дараи Варзоб хуш карданд ва муддате аз ҳар сӯ ба ӯ фишор оварда мешуд, ки онро фурӯшад ва ё тақдим кунад. Соли 2023 бӯстонсаро ба ихтиёри афроди дигар гузашт. То куҷо ин муомила маҷбурӣ буд ё ихтиёрӣ, маълум нест.
Шокирҷон Ҳакимов 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд:
- Барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (қисми дуи моддаи 189);
- Хиёнат ба давлат такроран бо истифода аз мақоми хидматӣ (қисми дуи моддаи 305).
Шокирҷон Ҳакимови 59-сола
замони ҳабсаш муовини аввали Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон буд. Асосан бо омӯзгорӣ машғул шуда, докторанти Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон будааст. Фаъолияти сиёсиаш боис ба он шуд, ки давоми 15 соли охир бо дастури пинҳонии мақомот ҳаққи кор надошт.
Профессор Шокирҷон Ҳакимов, ки як сиёсатмадори воқеан мустақил ва мунаққиди ҳукумат буд, то охир талош мекард дар бораи ҳодисаҳои сиёсии Тоҷикистон ошкору ҷасурона, аммо дар доираи қонун сухан кунад. Ӯро созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ “охирин садои танқидӣ” дар Тоҷикистон меноманд.
Ҳакимов, ки дар канори марҳум Раҳматулло Зоиров, муассиси Ҳизби сотсиал-демократ ба ислоҳоти нарму тадриҷии вазъ дар Тоҷикистон ва ҳам нерӯи рӯшанфикрони кишвар эътимод дошт.
Абулфайз Атоӣ ба 17 сол зиндон маҳкум шуд:
- Бо зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимият (қисми якуми моддаи 306);
- Сохтакории ҳуҷҷатҳо бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон ва ё гурӯҳи муташаккил (қисми дуи моддаи 340);
- Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (қисми ду, замимаи якуми 338).
Абдулфайз Атоии 72-сола
собиқ сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири пешин дар Туркманистон. Номи ӯ барои бисёре аз донандагони вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон дар феҳристи гумонбарон дар ташкили “табаддулот” бисёр ҳайратангез будааст, чун ӯро аксарият ҳамкорону наздиконаш ба ҳайси шахси бисёр содиқ ба ҳукумат, бидуни ғаразҳои сиёсӣ, шахси шӯхтабиат ва маҳфилоро мешиносанд.
Зимнан, бар асоси баъзе аз хабарҳо, зарофатгӯиву нашри бархе хотираҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои солҳои 1990-ум метавонист баҳонаи нороҳатии мақомдорони баландпоя шуда бошад. Маълум нест, нақши ӯ дар ин парванда чист. Баъди ҳабсаш дар тирамоҳи соли 2024 ба ӯ ҳам ҳеч гоҳ шонсе барои дидорбинӣ бо наздиконаш дода нашуд.
Нурамин (Нураҳмад) Ғанизода ба 18 сол зиндон маҳкум шуд:
- Бо зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимият (қисми аввали моддаи 306).
Нурамин Ғанизода
Манобеи Радиои Озодӣ ӯро ёвари Ҳамрохон Зарифӣ дар замони кораш дар мақоми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ном мебаранд. Нурамин Ғанизода ҳамчунин муддате дар Палатаи ҳисоби Тоҷикистон кор кардааст. Дар бораи ӯ иттилои аз ин зиёд дар даст нест.
Рухшона Ҳакимова ба 8 сол зиндон маҳкум шуд:
- Шарики ҷиноят (қисми якуми моддаи 36);
- Хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хидматӣ (қисми дуи моддаи 305).
- Моддаи 63-и Кодекси ҷиноӣ дар бораи “Таъйини ҷазои сабуктар” нисбат ба ӯ татбиқ шудааст.
Рухшона Ҳакимоваи 31-сола
модари ду тифли хурдсол аз миёни маҳкумшудаҳо бештар мавриди таваҷҷӯҳи матбуот қарор гирифт. Ӯ хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Дар аксар нашрияҳои маҳаллӣ ва риштаи журналистикаи таҳқиқотӣ кор карда, солҳои охир корманди Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон буд.
Мақомот нахостанд, дар бораи ҷузъиёти иттиҳоми ӯ шарҳе бидиҳанд, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, пурсиши ӯ барои як созмони хориҷӣ дар бораи ҳузури давлати Чин дар Тоҷикистон метавонист сабаби ин фоҷеа гардад. Ҳакимова – бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – худро дар ҳама пурсишҳо бегуноҳ номидааст. Мақомот парвандаро махфӣ эълон карданд ва ӯ ҳам бо вуҷуди замони муҳокимаҳои додгоҳӣ дар озодӣ буданаш, аз шарҳи ин қазия худдорӣ меварзид. Бино ба иттилои манбаъҳо, пурсише, ки ӯ рӯбарӯ бо баъзе аз маҳкумшудаҳо, аз ҷумла Саидҷаъфар Усмонзода анҷом додааст, метавонист, мавриди асабонияти мақомоти вобаста аз сармоягузориҳои ҳангуфти ҳамсояи шарқии Тоҷикистон гардад.