Вазири маориф ва илми Тоҷикистон даъвои Сергей Миронов, вакили миллатгарои Думаи давлатии Русияро беасос хонд. Ин вакил чанде пеш гуфт, ки дар Тоҷикистон бо пули Русия китоб нашр карда, вале ин кишварро “ғосиб” (истилогар, ишғолгар) ном бурдаанд.
"Он суханҳо дар китоб нест"
"Китобро гирифтем, таҳлил кардем. "Таърихи халқи тоҷик" барои синфи 9-умро дар назар доранд. Он суханҳое, ки Сергей Миронов истифода бурдааст, дар китоб умуман вуҷуд надорад."
Ин вокуниши Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ба изҳороти Сергей Миронов, раиси ҳизби “Русияи одил” ва вакили Думаи давлатии Русия ва ҳамкораш Михаил Матвеев аст. Ҳардуи онҳо гуфтанд, дар китобҳое, ки дар Тоҷикистон бо пули Маскав чоп шудааст, Русияро “истилогар” номидаанд.
Раҳим Саидзода рӯзи 31-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар пайванд ба ин масъала бо ҳамтои русаш гап зад, аммо ҷузъиёт надод. Ӯ гуфт, маълумоти заруриро ба Вазорати корҳои хориҷӣ фиристодаанд.
“Вобаста ба ин соли гузашта мақомоти Вазорати корҳои хориҷӣ як вокуниш пешниҳод карда буд. Бори дигар масъала бардошта шудааст. Мо китобро дида баромадем. Эҳтиромона хоҳиш мекунам, китоб дар мо ҳаст, агар касе хоҳад, маълумоти пурра гирад,” – афзуд вазири маориф ва илми Тоҷикистон.
Сергей Миронов, вакили Думаи давлатӣ, рӯзи 14-уми январ дар ҳузури ҳамкоронаш дар порлумони Русия гуфт, “дар шаҳри Бохтар мактаби ба номи Ломоносов аст. Дар онҷо фанни “Таърихи халқи тоҷик” барои синфҳои панҷ ва нуҳ вуҷуд дорад. Ин китоб аз пули мо ва шумо чоп шудааст. Дар он ҷо чунин мавзуъ аст: Поёни истилои Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия. Ё вазъи Осиёи Марказӣ пас аз ишғоли Русия. Кӣ барои ин ҷавоб мегӯяд?"
Изҳороти нави Миронов
Дар ҳамин ҳол, вебсайти расмии Миронов рӯзи 31-уми январ хабар дод, ки “Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон китобу барномаи таълимии “Таърихи халқи тоҷик”-ро бозхонд кардааст, то ибораи "истилои Русия"-ро бардорад." Манбаъ мегӯяд, хабарро аз сафорати Русия дар Тоҷикистон гирифт. То кунун вокуниши Душанбе ба изҳороти нави Сергей Миронов маълум нест.
"Умед дорам, ба ин кор барои ҳамеша поён дода мешавад. Мо набояд ҳама чизро, ба мисли мансабдорони тоҷик, ба "мушкилоти тарҷума" бор кунем”, - гуфтааст раиси ҳизби "Русияи одил".
Ба назари доктори илми таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон, истилои Осиёи Миёна аз тарафи Русия воқеияти таърихист, вале "ҷойи таассуф аст, ки як сиёсатмадор ба хотири он ки худашро матраҳ кунад, мавзӯи ҳалшуда дар замони шӯравиро дар миён мегузорад".
Ӯ, ки дар барномаи “Гапи Озод”-и Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт: "Дар ин китоб ба навиштаи худи русҳо такя карда шудааст. Дар охир як сарлавҳа доранд бо номи "Пайомадҳои истилои Русия" ва дар он ҷо дар қатори хунрезӣ ва ҷангу ошӯбу фитна пайомадҳои неки онро ёдовар мешаванд. Аз ҷумла, ба ҷангҳои хонаводагии ҳокимон хотима дода мешавад, роҳи оҳан кашида мешавад, саноат меояд, бонкҳо тавлид меёбанд ва тавассути фарҳанг ва забони рус тоҷикон ба тамаддуни муосири он замон пайваст мешаванд."
Сергей Миронов ба монанди раҳбари пешинаи Ҳизби либерал-демократи Русия, Владимир Жириновский, бо изҳороти ҷанҷолияш нисбат ба муҳоҷирон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ машҳур аст. Суҳбати охири ӯ дар бораи муҳтавои китоби таърих ба забони русӣ дар Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба бор овард.
Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро шарики асосии стратегӣ медонанд. Тоҷикистон дар доираи чанд созмони минтақаӣ яке аз кишварҳои ҳамкору ҳампаймони Русия аст ва дар бештари маврид аз иқдомҳои ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ низ дар Тоҷикистон ҷойгир аст.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кори муносибу даромади бештар ба Русия мераванд. Тайи зиёда аз як соли охир тафтишу боздошт ва изҳороти зидди онҳо афзудааст. Ин вазъ пас аз ҳамлаи 22-юми марти соли 2024 ба толори "Крокус" дар наздикии Маскав шиддат ёфт. Мақомоти Русия дар пайванд ба ин ҳодиса чанд зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Баъзе аз онҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд.
Видеоро дар инҷо бинед: